Дар ҷараёни суҳбати Асосгузори сулҳ ва вҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи Кувайт ҷилди чоруми китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих” бо забони арабӣ муаррифӣ шуд.
Гуфтанист, ки китоби мазкур зери назари арабшинос Нарзулло Назаров ва тарҷумаи арабии Акрам Каримов дар нашрияи
Мулоқоти навбатии кормандони Китобхонаи миллӣ барои даъвати хонанда ба мутолиаи китоб ва Китобхона имрӯз дар дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино баргузор шуд.
Дар аввал муовини ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Дилшод Солиҳов вохўриро ҳусни оғоз бахшида, дар бораи ҳадафи ҷамъомад нақл кард ва меҳмононро ба ҳозирон шинос кард.
Зарфи чанд рӯзи Шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариёни Китобхонаи миллӣ панҷ намоиши китоб баргузор кардааст, ки аз он бештар 700 нафар хонандагон дидан кардаанд.
Намоиши аввал ба бузургдошти Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ, бузургтарин ҳамосарои ҳар давру замон бахшида шуда буд.
Дар намоиши дуюм хонандагон бо ҳаёт ва фаъолияти устод Мирзо Турсунзода ошно шуданд. Ин намоиши китоб ба 105-умин солгарди
Гурӯҳи меҳмонони тоҷик, ки барои ширкат дар 29 - умин Намоишгоҳи байналхалқии китоби Теҳрон даъват шудаанд, аз қароргоҳи Муассисаи фарҳангии СҲИ (ЭКО) боздид намуданд.
Бино ба гуфтаи Шоҳмансури Шоҳмирзо, коршиноси мизи Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии ЭКО дар ибтидои ин нишаст Неъматулло Эмомзода - Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Раиси давраии Шӯрои намояндагони доимии Муассисаи
Кормандони шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдории Китобхонаи миллӣ тибқи барномаи “Даъват ба Китообхона” дар се мактаби ноҳияи Исмоили Сомонӣ: мактабҳои таълимоти ҳамагонии рақамҳои 12, 34 ва 44 бо хонандагону устодон мулоқот карданд.
Дар ҳар мулоқот дар ин мактабҳо хонандагони синфҳои 9-11 даъват шуда буданд, ки теъдодашон бештар аз 200 нафар буд.
Дар мулоқотҳо сармутахассиси шуъба...
Ширкаткунандагони маҳфили навбатии толори кӯдакон ва наврасон ин бор тасвири Офтобаки баҳориро кашиданд.
Мураббиён чун анъанаи дерин дар бораи мавзуъ ва супориш суҳбати муфассал карданд. Албатта, дар бораи Офтобу Замину дигар Сайёраҳо савол карданд ва ба атфол фаҳмонданд, ки Офтоб барои ҳаёти инсон чӣ нафъ дорад.
Ҳоло баҳор аст ва баъди баҳор навбати тобистон, яъне гармое, ки онро Офтоб ба Замин ҳадя мекунад. Аз ин рӯ атфол расми ин падидаи нодири