Тамаддунҳо садо доранд ва ин садои онҳо аз қаъри асрҳо то ба замони мо таввассути оҳангу таронаҳои асил, навҳаву сӯгвориҳо, қиссаву достонҳо омада расидаанд. Нолаи умедворонаи модари тоҷик дар сари гавҳора, захмаи устоди танбӯрӣ, нохунзаниҳои пурпечутоби думбранавози кӯҳистонӣ, навои ҳазини найи чӯпонӣ,наъраҳои карнай ва ғул ғулаи нағораҳои базмӣ,суруди «Ёр – ёр»-и тӯйҳои арӯсӣ, фарёди шабоҳанги марди хирмандкӯб, нидои баландовози фалакхониҳо,тамкину сабурии авҷҳои «Шашмақом» ин ҳама садои тамаддуни мост, ки дар ҳар гардишу фуроварди онҳо садҳо варақ ахбори ниҳонии таърих сабт гардидаанд. Ин навоҳо ба мо аз гузашта қисса мекунанд, аз саргузашти дурру дароз.
Ғазал
(Аз тазкираи Афзал)
Хуррам дили он кас, ки нигораш ба бар ояд,
Осудагии чон, ки шаби ҳаҷр сар ояд.
Аз ишқи ту ҳаргиз нашавад як сари мў кам,
Гар филмасал он зулфи сияҳ то камар ояд.
Аз шуарои асри 13 ҳиҷрӣ аст. Ба муносибати фатҳи Шаҳрисабз дар мадҳи амир Насруллоҳ (Ботурхон) қасида иншод карда, моддаи таърихро некў рақам задаст.
( Аз «Туҳфа – ул – аҳбоб» ба тариқи интихоб ):
Аз пайи тасхири Кеш афрохт раъйат ҳимматаш,
Ёвараш таъйиду насри ҳазрати Халлоқ буд.
Шумораи ҷашнии “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамин ҳоло дастрас шуд. Дар ҳаҷми 90 саҳифа, ки расонаҳо пештар ҳам хабар дода буданд. Ба гумонам кормандони имрӯзаи “Ҷавонон” расолати худро анҷом доданд ва 90 солро дар 90 саҳифа хулоса намуданд. Ин аслан хулоса ҳам нест, балки ёдкарди саҳифаҳи таърихи ин нашрияи ҷавонони кишвар аст, ки қаблан бо номи “Комсомоли Тоҷикистон” нашр мешуд. Ва номаш ҳам он замон шоистаи худ буд, чун аксари ҷавонон он замон узви комсомол буданд. Ва баъдан ин ном боз ҳам ҷолибтар шуд: “Ҷавонони Тоҷикистон”. Сазовору шоиста ба номаш бошад, чун минбари ҷавонон аст.
Моҳи сентябри соли ҷорӣ ба зодрӯзи устод Муҳаммад Осимӣ 100-сол пур мешавад. Ў нобиғаи нотакрор, олим ва донишманди бофарҳанги тоҷик буд. Мо ўро месазад дар радифи Айнӣ, Турсунзода ва тарихшиноси машҳури тоҷик Бобоҷон Ғафуров ном барем. Муҳаммад Осимӣ солҳои тӯлонӣ аз соли 1965 то соли 1988 яъне тӯли 23 сол Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Чи тавре, ки аз таърих медонем, Садриддин Айнӣ
(вафот-1321 )
(Аз тазкираи Садри Зиё)
Дур дор аз сар ғуруру пок аз дил кинаро,
Ҷилвагоҳи хештан кун дидаи ойинаро.
Зуфунун, Фарҳод ҳам меканду ман ҳам меканам,
Ӯ ба теша Бесутунро, ман ба нохун синаро.
(Аз «Туҳфат-ул -аҳбоб»)
Маҳе дорам, ки аз шўхӣ кунад сар лоуболиро,
Гаҳ аз рўи таҳаммул сар кунад соҳибкамолиро.
Гаҳ аз ҷўши такаллум зинат афзояд фасоҳатро
Гаҳ аз мавҷи табассум ҷон диҳад софи зулолиро
Гаҳ аз ороиши худ бандад ойини зулайхоӣ,
Ин китоб ба ифтихори 5500 – солагии Саразми бостонӣ зери назари академик Фарҳод Раҳимӣ чоп шудааст. Муаллифи тарҷума Олими Хоҷамурод ва муҳаррири масъул Аслиддин Низомӣ мебошад. Ба китоб номзади илми филология Павел Лурйе тақриз навиштааст. Китоб дар шаҳри Душанбе ба теъдоди 200 нусха чоп шудааст. Мутарҷим дар ёддошти худ менависад:
Рисолаи мазкури бостоншинос ва шарқшиноси маъруфи рус Борис Ильич Маршак ( 9.07. 1933 – 28.07.2006) аз охирин таълифоти эшон ба шумор рафта,як навъ таҳқиқоти ҷамъбастӣ доир ба олами пурасрори ҳунари (санъати) сарзамини Суғди бостонӣ маҳсуб мешавад.
Лавҳи мазори хеш зи девони худ кунам,
Яъне, маро ба ғайри сухан ёдгор нест!
Абўтолиб Калими Кошонӣ, ки бо ному тахаллуси Толибои Калим низ шуҳрат дорад, аз бузургтарин суханварони асри XVII-и Эрон буда, дар Ҳиндустон то ба мартабаи Маликушшуарои дарбори Шоҳиҷаҳон (1627-1658) расидааст. Ўро муаллифони сарчашмаҳо ва осори илмӣ “Халлоқулмаонии сонӣ ”ва “Фанни охирин саҳфаи китоби шоирӣ ” донистаанд.
Калим тақрибан соли 990/1582 дар Эрон ба дунё омадааст. Аз ҷамъбасти андешаҳои муҳаққиқин ва абёти зерин бармеояд, ки шоир зодаи Кошону парвардаи Ҳамадон аст.
Дар рисола нахустин бор ташаккул ва пешрафти ҳунар ва илми мусиқӣ ,ки яке аз бахшҳои муҳим ва таркибии фарҳанги мусиқии хонадону давлати муқтадиру мутамаркази Сомониён (819 – 1005),дар заминаи санадҳои мўътамади хаттӣ мавриди таҳқиқи сарчашмашинохтию татбиқӣ баррасӣ шудааст. Дар иртибот ба ин мавзўъ саҳми чеҳраҳои номвари мусиқии илмию амалии ин давраи заррини таърих,тамаддуни тоҷикон мардумони Осиёи Марказӣ чун Абуҳафси Суғдӣ, Оловайҳи Суғдӣ, Абунасри Форобӣ, Котибии Хоразмӣ, Абуаббоси Бахтиёр, Марвони Сарахсӣ, Абулаббоси Сарахсӣ, Рўдакӣ, Ибни Сино, Аунасри Хонанда, Мударники Ноӣ, Ҳобон Чобаки Ноӣ, Алибек Танбурӣ, Ротибаи Барбатӣ ва дигарон дар муқоиса ба навиштаҳои муҳаққиқони ватанию хориҷӣ бо такя ба
Дар маҳфили навбатии “Дастони моҳир” мо мавзӯъи шоҳпаракро интихоб намудем. Ҷонваре, ки миёни мардум номҳои гуногун дорад ва ҳашараи хеле ҷолибу диданист. Дар аввали маҳфил аз хонандагон суол шуд, ки оё онҳо шоҳпаракро дидаанд? Маълум шуд, ки аксари онҳо тасаввуроти комил дар бораи ин ҳашарот доранд. Вале боз ҳам барои рушантар шудани тасаввурашон чанд нукта ёдрас шуд.
Бо ташаббуси Китобхонаи давлатии Россия Конференсияи VI-уми илмӣ-амалии ғоибона (онлайн) бо иштироки як қатор китобхонаҳои миллии кишварҳои узви ИДМ дар мавзўи «Имконияти хизматрасонӣ ба воситаи Абонементи байникитобхонавӣ ва расонидани ҳуҷҷатҳои электронӣ» баргузор гардид.
Дар конференсия роҳбарият ва кормандони шуъбаҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон низ иштирок намуданд.
Дур(р) (арабӣ - марворид, марвориди калон), дар адаби форсӣ яке аз сувар (образҳо)- и шеър аст, ки дар таркибҳои гуногун ба маънои аслию маҷозӣ ва ҳамчун киноя дар назму наср ба кор бурда мешавад. Дур(р) дар қаъри баҳр, дар садаф ба вуҷуд меояд. Ғаввосоне ҳастанд, ки аз қаъри баҳр маҳз ба чидани садаф машғуланд ва баъзан мавҷи дарё садафро ба соҳил мебарорад:
Адабиёти ҷаҳон ду нависандаи маъруфро бо номи ДЮМА мешиносад. Ва ҳарду ҳам Александранд, ҳарду узви як хонадонанд – падар ва писар. Ҳарду адибони муваффақанд. Аз ин рӯ чун дар бораи Александр Дюма хоҳанд матлабе нависанд, ҳатман дар қавс ишора мекунанд, ки ин кадом Дюма аст: падар ё писар. Ва суҳбати мо аз Александр Дюмаи падар аст.
Александр (Дюма – падар; номи комилаш – маркиз Александр Дюма Дави де Ла Пайетри, 24.7. 1802, Виллер –Котре, музофоти Эн – 5. 12.1870, Пюи, музофоти Сенаи Поин), нависанда, шоир, драманавис ва рўзноманигори фаронсавӣ. Корманди идораи нотариалӣ ва сипас котиби дабирхонаи ҳерсог Орлеан (шоҳи ояндаи Фаронса Луи Филипп) буд.
Муаррихи маъруф Масъудӣ дар «Муруҷ-аз-заҳаб» доир ба ҳамин масъала чунин меорад : «авом китоби Зардуштро «замзама»меноманд ва дар байни шуаро ҳам мурғони хушовоз ба «зандхон» ё «зандбоф» маъруф буданд».
Дар оини зардуштӣ нақши шунавандаи ғайрифаолро (яъне нафаре, ки танҳо ба гӯш андохтани Замзама фарогир аст) зери танқид қарор медоданд, яъне тибқи дастури мӯбадон, мебоист, ки ҳамаи пайравони ин мазҳаб худашон низ бо овози баланд готҳоро сароянд. Дар аксари кулли маъхазҳо ин расмро «замзамахонӣ номидаанд, аммо бояд зикр намуд, ки Замзама ё замзамахонӣ– ин расми бо лабони пӯшида бо овози «ҳм..»(садо дар ин ҳолат танҳо аз димоғ хориҷ мешавад)
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ҳамкорамон Ҳайдаралӣ Аюбов – сардори Маркази Конуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷиро ба сипоснома қадр кард.
Дар сипоснома омадааст: Аюбов Ҳайдаралӣ барои саҳми арзанда гузоштан дар баргузории озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешавад.
Ҳамкорамон Ҳайдаралӣ Аюбовро ба ин қадршиносӣ самимона муборакбод мекунем.
Аз чаман беш аст дар домаш парафшонӣ маро,
Ин парафшонӣ ба домаш бод арзонӣ маро.
Ту ба теғам рониву ман бо дуо мехонамат.
Бо чи мехонам турову бо чи меронӣ маро?!
Зулф аз хоки Эрон буд, дар соли 1321 вориди хоки Бухоро шуд. Ба воситаи яке аз аҳбоб ба камина шиносоӣ пайдо карда, ду байти болоро
Бо ҳимояти Муассисаи фарҳангии ЭКО китоби "Нома ва номанигорӣ дар "Шоҳнома"- навиштаи шодравон доктор Ҷурабек Назрӣ ва доктор Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ мунташир шуд. Ин китоб солҳои 1999 ва 2014 дар шаҳри Душанбе (бо хати кириллӣ) ва соли 2001 дар Теҳрон бо хати форсӣ чоп шудааст. Муаллифони китоб таъкид мекунанд, ки башар аз ҳамон ибтидо, ки соҳиби тафаккур, забон, хату савод ва коғазу давот гардид, барои
Хат дар натиҷаи ниёзмандӣ, алалхусус сурат гирифтани ташвишҳои рўзгордорӣ, хоҷагидорӣ,додугирифт, якдигарфаҳмӣ, робитаҳои одамон, қабилаҳо, давлатҳо ба вуҷуд омада, дар раванди инкишофёбии худ роҳи тўлониро тай намудааст. Одамони қадим дар ибтидои ин ҷидду ҷаҳдро аз сангчапартоӣ, гиреҳбандӣ, хатчаҳои мисли лиф ва баъдан сураткашӣ оғоз кардаанд. Ўсули сангчапартоӣ қисман ба тарзи ривоят омада
Зиндагии шахсиятҳои бузурги миллат ва давлатро донистан на танҳо нишонаи арҷгузорӣ ба заҳматҳои онҳо, балки мактаби ибрат барои имрузиёну фардоиён мебошад. Миллати мо, хушбахтона, чи дар гузаштаҳои дур ва чи дар давраи Иттиҳоди Шуравӣ фарзандони машҳур ва олимону адибони бузургро ба ҷаҳони тамаддун тақдим кардааст, ки ҳанўз номҳои бисёри онҳоро, ба истилоҳ, ба рўи об набаровардаем. Асарҳои аз сўхторҳову селҳо ва тороҷҳо ҳанўз боқӣ монда, ки дар китобхонаҳои кишварамон ва давлатҳои дуру наздик ҳифз мешаванд, шояд аз сад даҳи онҳо маълуму таҳқиқ шуда бошанд.
Дар миёни ашъори бозмондаи устод Рӯдакӣ рубоии зайл хеле машҳур аст:
Омад бари ман. Кӣ? Ёр. Кай. Вақти саҳар.
Тарсанда. Зи кӣ. Зи хасм. Хасмаш кӣ? Падар.
Додам-ш ду бӯса. Бар куҷо. Бар лаби тар!
Лаб буд? На! Чӣ буд? Ақиқ. Чун буд? Шакар.
Ин рубоӣ дар нигоҳи аввал хеле сода ва қобили дарк аст, ҳеч калимаи нофаҳмое надорад, ҳама вожаҳои таркибаш дар забони муосир истифода мешаванд.
(Аз « Туҳфат – ул – аҳбоб»)
Хондем чун сафеду сиёҳи китоби чашм,
Чун нуқтаи сиришк надидем боби чашм.
Ҳамчун нигаҳ расад ба фалак сарви нолаам,
Ин нахл парваридаам азбас ба оби чашм.
Равшандилон зи ғафлати ҳамсоя тираанд,
Маҳфили навбатии «Ҳамешабаҳор»–и шоири шинохта Хайрандеш бо хонандагони фаъоли шубаи кўдакон ва наврасони Муассисаи давлатии Китобхонаи миллӣ баргузор гардид.
Чун ҳарвақта маҳфил аз 7– равза иборат буд. Дар ин маҳфил сўҳбату баҳсу мунозираҳои шавқовар баргузор гардид.
Дар маҳфил муаллима Боқиева Гулбибӣ ва навқаламони узви маҳфил: Нозанини Шўҳрат,
Ҳизби мо ҳизби табиатан халқӣ ва демократӣ мебошад ва он маҳсули тафаккуру эҷоди халқи фарҳангофар ва созандаи мост. Мо пойбанди ҳеҷ як идеологияи бегона набудем ва нестем. Мо худ идеологияи ин ҳизбро ба вуҷуд овардем. Ба хотири мардуми азияткашидаамон ин ҳизбро созмон додем. Дар сафҳои он аз рӯзи аввал мардуми оддӣ ҷамъ омаданд. Ҳеҷ гуна элитаи хос надоштем. Ин элитаи ба вуҷудомадаи худрӯи халқист, ки баъдтар ба он зиёиён ва намояндагони элитаи сиёсии кишвар низ пайвасти як модели хуби ваҳдати миллиро
Саге, ки ақлу идрок надорад, чун гурусна шавад ва нонаш набошад, пеши ту меояду дунбак меҷунбонад, яъне «Маро нон деҳ, ки маро нон нест ва туро ҳаст», ин қадар тамйиз дорад. Охир, ту кам аз саг нестӣ, ки ў ба он розӣ намешавад, ки дар хокистар бихўсбаду гўяд, ки «Агар хоҳад, маро худ нон диҳад». Лоба мекунаду дум меҷунбонад, ту низ дум биҷунбон ва аз Ҳақ бихўру гадоӣ кун, ки пеши чунин мўътӣ гадоӣ кардан азим матлуб аст. Чун бахт надорӣ, аз касе бахт бихоҳ, ки ў сохиббахт асту соҳибдавлат аст.
Чунин ном дорад китоби наве, ки ахиран бо талоши Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи милии илмҳои Тоҷикистон чоп шудааст. Дар муаррифии китоб омада: Таҳқиқоти дастаҷамъии академӣ, ки манзури аҳли илм ва фарҳанг мешавад, ба ифтихори 100 – умин солрўзи донишманди барҷаста, ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, поягузори анҷумани тоҷикон ва форсигўёни ҷаҳон « Пайванда», аъзо – корреспонденти Академияи илмҳои СССР, барандаи ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷ. Неру, академик Муҳаммад Осимӣ (1920 – 1996) бахшида шудааст.
Дўсти Некӣ
Дўсти Некӣ машҳур ба Мулло Дўсти Некӣ, шоири тоҷики асри 16 буд. Зодгоҳи Дўсти Некӣ Ҳисор буда, дар Бухоро таҳсил кардааст. Дар бораи ин шоир тазкиранигор Мутрибӣ маълумот додаст. Ба қавли Мутрибии Самарқандӣ, ашъори наку, суханони дилҷў, пурмаънӣ ва ширин дошт. Ин байт аз ўст:
Таҷлили Рўзи Рўдакӣ дар Китобхонаи миллӣ
Имрӯз қабл аз зӯҳр, бо ташаббуси Маркази Конуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷии Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба “Рӯзи Рӯдакӣ” зери унвони “Соҳибқирони шоирон Устод Рӯдакӣ”доир гардид.
Муовини якуми Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабзода маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба муҳимтарин тадқиқоти рӯдакишиносон ҷалб намуд. Чунончӣ, Салима Раҷабзода қайд намуд,
Асосҳои оинномавӣ ва барномавии ҳизб, ҳадафҳо ва вазифаҳои он ҳанӯз дар ибтидои соли 1993 муайян гардида буданд. Як гурӯҳ шахсони ҳамақида, одамони касбу кори гуногун - аз кормандони Дастгоҳи Роҳбари давлат то олимону муаллимон, адибону рӯзноманигорон,
Душманӣ чӣ маъно дорад? Чаро одамон ба ҳам душман мешаванд?
Душманӣ (аз форсии миёна ва паҳлавӣ: «дуж» (бад) ва «манӣ» - маниш, андеша – бадманишӣ, бадандешӣ, баддилӣ, бадтозӣ, зишттабъӣ), адоват, падидаи равонӣ иҷтимоӣ, ки бар асари бархўрди манфиатҳо пайдо шуда, оқибатҳои ногувори равонӣ, ҷисмонӣ ва моддиву маънавӣ дорад; муносибати манфии бадхоҳонаю тезу тунди байни ду нафар, як ё якчанд гурўҳ, ки ба нафрату бадбинӣ ва расонидани зарар бунёд ёфта, бар асари он як тараф аз тарафи дигар зиён мебинад ва аз пайи интиқомгирӣ мешавад.
Дюма Александр (Дюма- писар) 28 июли соли 1824 дар шаҳри Порис ба дунё омад. Нависанда ва драматурги фаронсавӣ, узви академияи Фаронса (1874). Писари Александр Дюма. Ба адабиёт бо шеърҳояш ворид шуд; маҷмуаи нахустинаш – «Гуноҳҳои бачагӣ» (1845) барояш муваффақият наовард.
Романфелетонҳои таърихии «Тристани сурхмўй» (1849), «Ҳенрих Наваррский» (1850), «Зане бо муҳраи садафӣ» (1854) аз комёбиҳои эҷодии Дюма шумурда мешаванд.
Ҳамчун намоишноманавис Дюмаро песаи «Хонуми чойгулбадаст» (1852), аз рўи романи ҳамноми он (1848, 2 ҷилд)
Дирӯз бо ташаббуси Маркази “Тоҷикшиносӣ”-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Нақши Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар худшиносии тоҷикон” доир гардид. Муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов сухани муқаддимавӣ кард ва чеҳраҳои шинохтаи илму фарҳанги кишварро барои ҳузурашон дар ин нишаст хайрамақдам намуд.
Ҷонишини Директори Китобхонаи миллӣ гуфт, ки “ҳадаф аз баргузории чорабинии имрӯза руҷӯи таърихӣ ба фарҳанги девондориву китобнависӣ, тамаддунофариву давлатдории халқи тоҷик ва баҳрабардорӣ аз осори мондагору инсонгароёнаи ниёконамон мебошад.
Рушди соҳаи сайёҳӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати мо ба ҳисоб рафта, ҷиҳати боз ҳам тараққӣ додани он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат вобаста ба пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ як қатор имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд. Бо мақсади рақобатпазир гардонидани соҳа дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ моро зарур аст, ки мутахассисони забондон, донандаи фарҳангу таърих ва технологияҳои муосирро омода кунем, кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, роҳбаладҳо, тарҷумонҳо ва дигар мутахассисони соҳаро мутобиқ ба талаботи бозори
Аслиддин Низомӣ. Таърихи мусиқии тоҷик. Чанд иқтибос аз китоб. Бахши охир
Таи садсолаҳо побарҷо мондани суннатҳои замзамахонӣ албатта аз он шаҳодат медиҳад,ки дар тўли даргузашти вақоеъи пурталотуми замон – ивазшавии сиёсатҳову давлатдориҳо,мазҳабҳову ҷаҳонбиниҳо,дар баробари таъсири ҳамаи ин тағйиротҳо, сунатҳои мусиқии мардуми тоҷик қудрати хеле волои бадеӣ-эстетикии хешро аз даст надодаанд.
«Дӯстӣ бошад мароми ҷовидон!» чунин буд номи мизи мудавваре, ки дирӯз, якшанбе дар шаҳри Душанбе бо ширкати Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков ва намояндагони аҳли илму адаб ва фарҳанги ду давлат мизи мудаввар баргузор гардид. Вазирони фарҳанги ду давлат ва ҳайатҳои расмӣ нахуст мулоқот намуда, сиипас меҳмонон аз китобхона дидан намуданд.
Мулло Сайидаҳмад Васлии Самарқандӣ аз шоирони соҳибдевони охири асри XIX ва ибтидои асри XX мебошад. Китоби мазкур ғазалиёти дилчасп ва саршор аз ақидаҳои пешқадамонаро дар бар гирифтааст, ки аз таълиму тафаккури ашъори шоирони классик асос ёфта, баъдан афкори маорифпарварона ва услуби шеъри давраи нав онро музайян намудааст.
Китоб барои донишҷўёни факултаҳои суханшиносии макотиби олӣ ва ҳаводорони шеъри ҷаззоби шоир пешкаш мегардад.