Душманӣ чӣ маъно дорад? Чаро одамон ба ҳам душман мешаванд

Душманӣ чӣ маъно дорад? Чаро одамон ба ҳам душман мешаванд?

Душманӣ (аз форсии миёна ва паҳлавӣ: «дуж» (бад) ва «манӣ» - маниш, андеша – бадманишӣ, бадандешӣ, баддилӣ, бадтозӣ, зишттабъӣ), адоват, падидаи равонӣ  иҷтимоӣ, ки бар асари бархўрди манфиатҳо пайдо  шуда, оқибатҳои ногувори равонӣ, ҷисмонӣ ва моддиву маънавӣ дорад; муносибати манфии бадхоҳонаю тезу тунди байни ду нафар, як ё якчанд гурўҳ, ки ба нафрату бадбинӣ ва расонидани зарар бунёд ёфта, бар асари он як тараф аз тарафи дигар зиён мебинад ва аз пайи интиқомгирӣ мешавад.

Интиқомгирӣ яке аз нишонаҳои асосии душманӣ ба шумор меравад. Душманӣ муқобили дўстӣ аст. Душманӣ ё доштани душман яке аз воқеоти талху нохушнуди зиндагии инсонӣ аст, ки осудагиву оромиши шахсро халалдор мекунад. Бунёди душманиро адоватҷўӣ, бадкорӣ, вайронкорӣ, ҳирс ва тамаъ ташкил медиҳад. Инсонҳо ҳангоми ворид шудан ба муносибатҳои иҷтимоӣ сарриштаи назорати гуфтору рафтори худро аз даст медиҳанд, гирифтори хашму ғазаб ва эҳсосоти манфӣ шуда, ба амали зиште даст мезананд, ки ислоҳи он душвор мегардад ва дар натиҷа ба оғози душманӣ асоси воқеӣ мегузоранд. Аз ин рў, барои аз байн бардоштани душманӣ дар сатҳҳои гуногун, инсон пеш аз ҳама бояд аз хашму ғазаб ва тамаъҷўӣ канора гирад ва нагузорад, ки душманӣ ба нуқтаи авҷаш бирасад.

Дараҷаи душманӣ аксаран на аз рўи таҳдидҳои забонӣ, балки аз рўи амалҳои воқеӣ, андоза ва аҳамаияти зарари муайяни аз ҷониби тарафайн расонидашуда баҳогузорӣ мегардад. Аксарияти душманҳо ва хусуматҳо бар асари рақобати молу сарвати бештар доштан ба вуҷуд меоянд, зеро инсон ба он чӣ дорад, қонеъ нагашта, мехоҳад ҳама неъматҳои моддиву маънавиро ба осонӣ соҳиб шавад.

Аз диди равонӣ – иҷтимоӣ душманӣ як навъ бемориест, ки аз ҳавову ҳавас, қаноат надоштан ба молу милк,  тамаъкорӣ, дурўғгўӣ ва амсоли ин оғоз гардида, оқибат боиси вайроншавии муносибатҳо мешавад. Бунёди душманӣ ҳатман аз ҷониби шахсе  гузошта мешавад, ки душманӣ бар вай нигаронида шудааст, аксуламал нишон медиҳад ва душманӣ оғоз меёбад.

Душмании иҷтимоӣ (нафрату адовати як гурўҳи иҷтимоӣ нисбат ба гурўҳи дигари иҷтимоӣ) боиси сар задани низоъҳо дар ҷамъият мегардад. Гоҳе душмании як қавму миллат бар қавму миллати дигар сабабу сарчашмаҳои қадимӣ дошта, рафъи он ҳоле душвор аст, зеро дар хотираи таърихӣ решаи амиқ гирифтааст. Вале гоҳе ду қавм ё ду миллати севвум бар асоси шиори «Ҷудоӣ андозу ҳукм рон!» бар манфиати ахирӣ барангезонида мешаванд.

 Бар асари душманӣ муносибатҳои дўстонаи фардӣ, шартномаҳои байни корхонаҳову ташкилотҳо, созмонҳо, муносибатҳои давлатӣ ва байналмилалӣ қатъ мешаванд, зарару хасоратҳои бузурги молию ҷонӣ ба як, ду ё якчанд тараф расонида мешаванд, низоъ  ва ҷангҳои башарӣ рух медиҳанд, ки дар онҳо то даҳҳо миллион кас қурбон мегарданд.

Тафсири душманӣ дар адабиёти бадеии форс-тоҷик фаровон истифода шудааст:

Зи душман наёяд магар душманӣ,

Ба фарҷом агарчанд некӣ кунӣ.

                                                                      Фирдавсӣ

«Душман чун аз ҳар ҳилате дармонд, силсилаи дўстӣ биҷунбонад, то ба дўстӣ корҳо кунад, ки дар душманӣ натавонад».

                                                                                Саъдӣ

 

Бозчоп аз  Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.6. – С. 288.

 

Таҳияи Аниса Набиева

 корманди шуъбаи библиографияи миллӣ