Таҷлили Рўзи Рўдакӣ дар Китобхонаи миллӣ
Имрӯз қабл аз зӯҳр, бо ташаббуси Маркази Конуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷии Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба “Рӯзи Рӯдакӣ” зери унвони “Соҳибқирони шоирон Устод Рӯдакӣ”доир гардид.
Муовини якуми Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабзода маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба муҳимтарин тадқиқоти рӯдакишиносон ҷалб намуд. Чунончӣ, Салима Раҷабзода қайд намуд,
Дўсти Некӣ
Дўсти Некӣ машҳур ба Мулло Дўсти Некӣ, шоири тоҷики асри 16 буд. Зодгоҳи Дўсти Некӣ Ҳисор буда, дар Бухоро таҳсил кардааст. Дар бораи ин шоир тазкиранигор Мутрибӣ маълумот додаст. Ба қавли Мутрибии Самарқандӣ, ашъори наку, суханони дилҷў, пурмаънӣ ва ширин дошт. Ин байт аз ўст:
Чунин ном дорад китоби наве, ки ахиран бо талоши Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи милии илмҳои Тоҷикистон чоп шудааст. Дар муаррифии китоб омада: Таҳқиқоти дастаҷамъии академӣ, ки манзури аҳли илм ва фарҳанг мешавад, ба ифтихори 100 – умин солрўзи донишманди барҷаста, ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, поягузори анҷумани тоҷикон ва форсигўёни ҷаҳон « Пайванда», аъзо – корреспонденти Академияи илмҳои СССР, барандаи ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷ. Неру, академик Муҳаммад Осимӣ (1920 – 1996) бахшида шудааст.
Саге, ки ақлу идрок надорад, чун гурусна шавад ва нонаш набошад, пеши ту меояду дунбак меҷунбонад, яъне «Маро нон деҳ, ки маро нон нест ва туро ҳаст», ин қадар тамйиз дорад. Охир, ту кам аз саг нестӣ, ки ў ба он розӣ намешавад, ки дар хокистар бихўсбаду гўяд, ки «Агар хоҳад, маро худ нон диҳад». Лоба мекунаду дум меҷунбонад, ту низ дум биҷунбон ва аз Ҳақ бихўру гадоӣ кун, ки пеши чунин мўътӣ гадоӣ кардан азим матлуб аст. Чун бахт надорӣ, аз касе бахт бихоҳ, ки ў сохиббахт асту соҳибдавлат аст.