Мулло Сайидаҳмад Васлии Самарқандӣ аз шоирони соҳибдевони охири асри XIX ва ибтидои асри XX мебошад. Китоби мазкур ғазалиёти дилчасп ва саршор аз ақидаҳои пешқадамонаро дар бар гирифтааст, ки аз таълиму тафаккури ашъори шоирони классик асос ёфта, баъдан афкори маорифпарварона ва услуби шеъри давраи нав онро музайян намудааст.
Китоб барои донишҷўёни факултаҳои суханшиносии макотиби олӣ ва ҳаводорони шеъри ҷаззоби шоир пешкаш мегардад.