Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ

 Ҳамчуноне пештар ҳам хабар дода будем, ахиран Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон 508 китоб тақдим кард, ки яке аз он “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” мебошад.  Феҳристи  номҳои  миллии тоҷикӣ  тибқи  муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия карда шудааст.

  Дар муқаддима шарҳ дода шудааст, ки ҳадаф аз таҳияи «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» эҳёи арзишҳои маънавӣ ва сарватҳои бебаҳои таъриху фарҳанги миллӣ таввасути забони миллӣ, инчунин номгузории суннатии тоҷикӣ мебошад. Забони давлатӣ ва эҳтиром гузоштан ба он, инчунин танзими номгузории шаҳрвандон дар заминаи меъёрҳои таърихии номгузории тоҷикӣ ба фарзандон, ки яке аз арзишҳои маънавии миллии мо маҳсуб ёфта, аз гузаштаи дури таърихи забонамон маншаъ мегирад, ҳамчун рукни арзишманд ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

  Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ аз ду қисмат иборат буда, бо рақамгузорӣ пайгирӣ мешавад. Дар қисмати аввал номҳои духтарона ва дар қисмати дувум номҳои писарона оварда шудаанд ва бо мақсади навиштани дурусти номҳои миллӣ дар ҳуҷҷатгузорӣ тарзи навишти номҳои духтаронаю писарона бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дода шудаанд.

 Дар идома мехонем, ки мураттибони «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» дар пояи суннати номгузорӣ ва меъёри номсозии тоҷикӣ бо дарназардошти фарҳанги пурғановати миллӣ беҳтарин номҳоро ба Феҳрист ворид намудаанд. Азбаски номҳои арабӣ, пешвандгунаҳою пасвандгунаҳо ва пасвандҳои номсози арабию туркӣ, ки дар суннати номгузории мо собиқаи беш аз ҳазорсола доранд, аз мадди назари мураттибон дурр нашудаанд. Аммо мураттибони Феҳрист ба падарону модарон ва ҳамаи онҳое, ки ба насли наврас ном мегузоранд, тавсия медиҳанд, то аз гузоштани номҳои мураккабу душворталаффуз, ки оқибати онҳо ба ихтисоршавӣ ва шикаста шудани номҳо мерасад, инчунин, номҳои дорои маъноҳои зишту ноҳинҷор худдорӣ намоянд. Ба гузоштани номҳои зебо ва хушоҳангу сода таваҷҷуҳ намудан зарур аст. Бинобар ин, барои интихоби номҳои миллӣ меъёрҳои зеринро муқаррар намуданд:

 - номҳое, ки аз вожаҳои ифодакунандаи ранг, ҳайвонот (ба истиснои шер, ки дар номгузории суннатии мо ифодакунандаи далериву мардонагӣ мебошад), парандагоне, ки хосияти бад доранд, бархе аз меваҷоту сабзавот, ашёи рўзгору масолеҳ ва монанди онҳо гирифта шудаанд, ба Феҳрист ворид карда нашуданд:

 - номҳо дар шакли пурра (дуруст) навишта мешаванд. Номҳое, ки аз номи пайғамбар ташаккул ёфта, дар тўли таърих ба ихтисор дучор шуда, дар шакли ма, мат, мад, мамад, маҳмад, корбурд мешуданд ба Феҳрист дар шакли пурраашон ворид гардиданд: Мадкарим – Муҳаммадкарим,  Нормат – Нормуҳаммад, Маниёз – Маҳмадниёз, Шоҳмат – Шоҳмуҳаммад, Маҳмадҷон – Муҳаммадҷон:

  - номҳое, ки вобаста ба минтақаи Тоҷикистон ҷинсияташон тағйир меёбад, дар Феҳрист бо нишонаи ситорача дар охири ном (*) ворид карда мешавад. Ситорача аз он шаҳодат медиҳад, ки ин ном дар дигар минтақаи Тоҷикистон ба ҷинси дигар хос аст: Муҳаббат* , Равшан*, Меҳрубон*;

 - дар асоси меъёри таърихии забони тоҷикӣ дар охири номҳои мардона танҳо пасвандгунаҳои ''шоҳ’’ ва ‘’оллоҳ// уллоҳ (новобаста аз баромади таърихиашон) дар ду шакл дода шудааст: Давлатшоҳ// Давлатшо; Абдуллоҳ//Абдулло. Хар ду тарзи навишт дуруст пазируфта шуда, интихоби он ба зиммаи номгузор вогузор мегардад;

 - дар таърихи номгузории тоҷикӣ қариб ҳазор сол мешавад, ки мардум аз пасвандҳои – бег, -бегим, -хотун, -хоним, -хонум, - хон, -ҷон, ва ғайра истифода мебаранд. Ба ҳамин хотир, дар баъзе номҳо, ки аслан барои фарқи ном аз рўи ҷинсият истифода мешаванд, пасвандҳои мазкур ҷой дода шудаанд.

  Мутобиқи моддаи 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  ‘’Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ’’ ба номи шахс илова намудани тахаллусҳои ‘’мулло’’  , ‘’халифа’’, ‘’тўра’’,  ‘’хоҷа’’  , ‘’ хўҷа’’  ,  ‘’валӣ’’,‘’охун’’, ‘’амир’’,‘’сўфӣ’’  ва ба инҳо монанд, ки боиси тафриқаандозӣ дар байни одамон мегардад, манъ аст.  Мисол: Сайид Носири Хусрав, Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ, Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ, Амир Сайид Олимхон, Шоҳ Абдуллохон ва ғайр, вале чун ном ва ҷузъи номсоз истифода шудани калимаҳои мазкур манъ нагардидааст. Мисол: Муллоаҳмад, Саидхоҷа, Амиршоҳ, Шоҳдавлат, Саидшоҳ ва ғайра.  

Китоби “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” ҳоло дар ҳамаи толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ қобили дарёфту мутолиа аст.

Таҳияи Фирўза Маҳмадҷонова,

мутахассиси Маркази такмили ихтисос  

Барчаспҳо: