Суратгарӣ, санъати рассомӣ, як навъи санъати тасвирӣ, ки тавассути рангҳо дар рўйи чизе асари бадеӣ меофаранд. Суратгарии тоҷик таърихи қадима дорад. Намунаҳои аввалини он (тасвири шикори ҳайвонот) дар Помири Шарқӣ вомехўранд (мағораи Шахта, давраи мезолит, ҳазораҳои 15-10 то милод, Кўртакка, асри биринҷӣ ва давраи неолит, ҳазораҳои 5-3 то милод).Намунаҳои нисбатан сода ва бо як ранг тасвиршудаи санъати
Суҳроб яке аз персонажҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, писари Рустам ва Таҳмина, паҳлавони Туронзамин буд. Аз овони кўдакӣ нишонаҳои паҳлавонӣ ва қувваи бозу дар ў аён буданд. Ҳангоми 10-солагиаш дар сарзамини Турон касе бо ў ёрои ҳамнабард шуданро надошт.
Суҳроб аз турониён лашкаре ҷамъ оварда, сўйи Эрон сафар кард.
Миллати мо беҳтарин санъати наққошиву кандакориро аз гузаштагон ба мерос дорад, ки ҳеч яке шабеҳи дигаре нест. Ин аз ҳунари волои м ардум шаҳодат медиҳад. Яке аз ин шаҳкорҳо Сутуни Оббурдан аст, ки онро соли 1924 этнограф И.С, Андреев дар деҳаи Оббурдони ноҳияи Куҳистони Масч пайдо кардааст.
Бо мурури замон пояи сутун кўтоҳ гардида, дар натиҷа сутун кўтоҳ шудааст (собиқ 2 м буд, ҳоло 1, 92 м аст).
Сурудҳои таърихӣ, як навъ асари фолклорӣ, ки дар он аз воқеаву корномаи таърихӣ сухан меравад. Дар сурудҳои таърихӣ ҳам унсурҳои бадеии осори эпикӣ ва ҳам лирикӣ дида мешавад. Сурудҳои таърихии тоҷикӣ дар шаклҳои гуногуни шеърӣ, ба монанди рубоӣ, ғазал, марсия ва дигар шаклҳои шеърӣ эҷод шуда, аз бандҳои семисраӣ, чормисраӣ, панҷмисраӣ таркиб ёфтаанд.
Матни то имрўз маҳфузмондаи яке аз мукаммалтарин
«Тоҳир ва Зуҳро», яке аз афсонаҳои машҳури тоҷикӣ, ки байни мардумони кишварҳои ҳамсоя низ мушоҳида мешавад. Дар ин афсона ишқи ду дилдода «Тоҳир ва Зуҳро» инъикос ёфтааст. Афсонаи «Тоҳир ва Зуҳро» ба мисли афсона ва достонҳои «Лайлӣ ва Маҷнун», «Фарҳод ва Ширин» ба таври фоҷиаангез ба поён мерасад. Яъне қаҳрамонҳо ба муроди дили худ нарасида, аз олам дармегузаранд.
Мазмуни мухтасари афсона чуни аст, ки подшоҳ ва вазир
Котиби якуми Сафорати Ҷумҳурии Индонезия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон) хонум Росдиана Муртинингсих бо сафари дурўза (рӯзҳои 24-25 июли соли 2019) бо мақсади барпо намудани дидору мулоқотҳои корӣ бо намояндагони кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад. Баъд аз зӯҳри рӯзи 25 –уми июл хонум Росдиана Муртинингсих аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан кард ва дар ҷараёни диду боздид бо раёсати Китобхонаи миллӣ