Маҷмӯаи корҳои хаттӣ: Диктант, нақли хаттӣ ва иншо

Китоби мазкур соли равон бо талоши донишманди тоҷик Суҳайлӣ Расулов чоп шудааст ва  гуфта мешавад, ки он як дастури таълимӣ барои ихтисосҳои ғайрифилологии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Дар сарсухан китоб муаллиф навиштааст, ки корҳои хаттӣ воситаи муҳим ва арзишманди саводомӯзӣ, такмили истеъдод, балоғати калом, тақвияти андеша ва ҳофиза, муназзамии лафзу маънӣ, равонии нутқ ва умуман инкишофи малакаву маҳорати толибилмон маҳсуб меёбад.

Дар ҷаҳони муосири таҳсилот дар назар бояд дошт, ки таъмини иттилооту ахбороти фаврӣ тавассути воситаҳои техникӣ таъмин мегардад. Дар баробари ин малакаву маҳорат, инкишофи тафаккур ва саводомӯзии толибилмон дар дарсҳои забони тоҷикӣ ҳамаҷониба танҳо тавассути фаъолияти омӯзгору хонанда , такмилу таҳрир, худомӯзӣ, такрор, риояи меъёрҳои талаффуз, имло, калима, ибораю ҷумласозӣ, шакл, таносуб, муносибати лафзу маънӣ, санъати нигориш, муназзамӣ, оҳангнокӣ ва монанди онҳо сурат мегирад.Ин ҳама амалҳо навъҳои меъёрҳои муайянкунандаи дониш, истеъдод, маҳорат ва малакаи толибилмон маҳсуб меёбанд.

Матнҳо дар асоси риояи талаботи замони муосир ва дараҷаи фаҳмиши толибилмон, супоришҳои грамматикӣ, намунаи калима, ибора ва таъбирҳо интихоб гардидааст.

Ташкили корҳои хаттӣ,навъҳо, марҳилаҳо ва тартиби гузаронидан, тарзи талаффуз, баёни мантиқӣ, шарҳи калимаҳои душворфаҳм, супоришҳо, санҷиш ва риояи талаботи баҳодиҳӣ аз ҷониби омӯзгор сурат гирифта, ба қобилият ва соҳибҳунарии ӯ вобастагӣ дорад.

Ин китобро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.

Исроил Иброҳимов,

мутахассиси  шӯъбаи

маркетинг ва менеҷменти фаолияти китобдорӣ