Ҷумъа Дӯст. Баробари ба забон овардани ин ном меҳри беандоза ба қалбҳои ёру дӯстон, кулли хешу ақрабо ва инчунин дӯстдорони адабиёт ҳувайдо мешавад. Дубора рӯҳи поку ҷовидонааш бидуни ихтиёр бо чеҳраи шоду шукуфабораш пеши назар меояд. Ӯ ниҳоли навбари ғарқи гул дар майдони фарохи адабиёт буд. Бо сабки услуби шеъри навину муосир ва диди тозаю нав. Саҳифаҳои матбуоти солҳои 80-уми қарни гузаштаро дар қатори шоирони барҷастаю ҷавон шеърҳои шодравон Ҷумъа Дӯст рангу ҷило мебахшиданд. Вале, сад афсӯс! Дар айнӣ авҷи камолоти эҷодӣ дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ бо аҳли оилааш рӯзи 24-уми ноябр соли 1986 аз маҳфили мо рафт,
«Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» - феҳристи давлатии матбуоти чопӣ буда, мақсади он сари вақт ба хонандагон расонидани иттилоот дар бораи нашри китоб ва матбуоти даврии дар ҷумҳурӣ нашргардида мебошад. «Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҷеъ ба нашри китобу маҷалла, рўзнома ва дигар маводи чопие, ки дар ҷумҳурӣ ҳар семоҳа ба табъ мерасад маълумот медиҳад.
Муассисаи давлатии Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – хонаи китоби Тоҷикистон (собиқ Палатаи давлатии китоб) то