Яке дигар аз хурдсолтарин иштирокчӣ дар номинатсияи адабиёти классикӣ Динара Кароматзода аз ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аст, ки ҳамагӣ нуҳ сол дорад ва дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 ноҳияи Данғара дар синфи 3 юм таҳсил мекунад. Динара барои ширкат дар қисмати ниҳоии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" дар номинатсияи "Аз ёд кардани осори адибони классики тоҷик" роҳхат гирифтааст.
Ӯ гарчанде хурсол аст, аммо 113 ғазал, 120 рубоӣ, 500 байт
Шаҳнози Шаҳнавоз, 20 сола, аз ҳама иштирокчии ҷавон дар наминатсияи Шоирӣ буда, зодаи шаҳри Норак мебошад. Донишҷӯи бахши сеюми коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе буда, дар бахши филология таҳсили илм мекунад. Аъзои фаъоли маҳфили Хайрандеш аст. Эҷодиёташ ҳудуди севуним ҳазор мисраъро дар бар мегирад.
Яке аз талаботҳои ин наминатсия дар 13 жанр шеър эҷод намудан аст. Шаҳнавоз тавонистааст, дар 13 жанр шеър гӯяд. Модари Шаҳнавоз китобдори Китобхонаи дустии халқҳои шаҳри Норак аст. Вақте аз фаъолияти эҷодияш пурсон шудем, гуфт, аз синни 15 солагӣ ба навиштани шеър шуруъ намудаам. Устоди нахустинам дар ҷодаи шеър шодравон Муҳаммадалии Аҷамӣ буданд. Ёдашон ба хайр
Сайёҳат Назарова, хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти умумии рақами 1-и ноҳияи Восеъ, гирандаи спидендияи президентӣ ва аъзои фаъоли бахши ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» дирўз дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адибони ҷаҳон» ширкат намуд. Саёҳат ҳамроҳ бо муаллимааш ба озмун омадааст ва мегӯяд аъзои Китобхонаи Миллии Тоҷикистон, китобхонаи мактаб ва китобхонаи ноҳиявист. Бори аввал ба озмун омадааст, зеро соли гузашта дар олимпиадаҳо иштирок дошт. Ҳарчанд падари Сайёҳат дар муҳоҷирати меҳнатист, вале ҳамеша бо духтараш
Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба иди воқеии китоб табдил ёфтааст, зеро аз тамоми минтақаҳои ҷумҳӯрӣ беҳтарин китобхонҳо ҷамъ омадаанд то донишҳои андӯхтаи хешро ба ҳакамон пешниҳод намоянд. Масъулини озмун шароити беҳтаринро чӣ барои довталабон ва чӣ барои ҳакамону волидон муҳаё кардаанд. Ба қавли аъзои ҳакамон чеҳраҳое пайдо мешаванд, ки бо нутқи буррову андешаҳои созандаашон қалбҳоро тасхир месозанд, вале
Соҳибистиқлолии Тоҷикистон барои рушду нумўи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла соҳаи китобдорӣ шароитҳои заруриро муҳайё сохт. Қабл аз ҳама, ба тасвиб расидани силсилаи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ доир ба соҳаи китобдорӣ ва бунёди навъҳои гуногуни китобхонаҳо дар ҷумҳурӣ барои роҳандозии сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ва устувор гардидани фаъолияти китобдорӣ мусоидат намуд. Дар даврони истиқлол китобхонаҳо баҳри татбиқи рисолаи касбии хеш – ҷамъоварӣ, коркарду феҳристнигорӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ ва тарғибу ташвиқи захираи китобӣ саҳми муносиб гузоштанд.