Ганҷҳои озмун. Боз яке аз хурдсолтаринҳо: Динара Кароматзода, ки 9 сол дорад
Нашр шуд 2020-12-10 15:49
Яке дигар аз хурдсолтарин иштирокчӣ дар номинатсияи адабиёти классикӣ Динара Кароматзода аз ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аст, ки ҳамагӣ нуҳ сол дорад ва дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 ноҳияи Данғара дар синфи 3 юм таҳсил мекунад. Динара барои ширкат дар қисмати ниҳоии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" дар номинатсияи "Аз ёд кардани осори адибони классики тоҷик" роҳхат гирифтааст.
Ӯ гарчанде хурсол аст, аммо 113 ғазал, 120 рубоӣ, 500 байт аз достонҳо, 400 навъҳои гуногуни шеърӣ, 100 байт қасида, 60 асар аз осори адибони классики тоҷик аз ёд намудааст.
Инчунин, теъдоди зиёди ҳикояҳо аз осори классикони форсу тоҷикро аз худ кардааст. Динараи хурдакак табъи эҷод намудан кайҳост, дар дилаш шӯъла афрохааст. Ӯ бештар дар васфи Ватан, Тоҷикистон, модар, падар шеър менависад. Ҳамзамон, аъзои маҳфили "Ҳамешабаҳор" - и Хайрандеш ба ҳисоб меравад.
Падараш корманди низомӣ буда, модараш Сафарова Мадина омӯзгори мактаби таҳсилоти умии рақами 18 ноҳияи Данғара мебошад. Ба назар мерасад ба Динараи хурдсол таъсири модари омӯзгораш бештар аст. Мадина Сафарова, ки лаҳзаи суҳбат аз ҷавобҳои духтараш дар назди ҳакамон ҳаяҷонзада буд, гуфт, ки духтараш майлу рағбати бештар ба адабиёти классикӣ дорад ва ин ҳатто тарғиби ман ҳам нест, балки завқи худи ӯст. Ман коре анҷом додам, ин буд, ки монеъ нашавам.
" Динара аз хурдӣ ба аз ёд кардани эҷодиёти осори классикони форсу тоҷик шавқу рағбат дошт. Ӯ ҳанӯз 5 сола буд, ки аз Хоҷа Ҳофиз ғазал азёд кард. Хотираи хуб дорад, дар як рӯз метавонад ҳатто то 3-4 ғазалро азёд кунад.
Динара шеър ҳам менависад ва он шеърҳо дар нашрияи "Пайрав" пайваста чоп мешаванд. Аз ҳама ғазали писандидааш " Ин чӣ шӯрест..." - и Ҳофизи Шерозӣ мебошад”,- гуфт Мадина Сафарова.
Аммо муаллима Мадина Сафарова бо ҳамон лаҳни ризояту хушнудӣ гуфт, ки писараш Кароматзона Хумайнӣ, ки дар синфи 5 ум мехонад, низ иштирокчӣ аз руйи номинатсияи адабиёти кӯдакона мебошад. Ӯ соли дуюм аст, ки дар давраи ниҳоии озмун ширкат мекунад.
Фарзонаи Мирзо