Ганҷҳои озмун. Шинос шавед: Расулӣ Самия Абдуғанизода – хурдсолтарин ширкаткунандаи озмун. Ҳамагӣ 5 сол дорад
Нашр шуд 2020-12-09 13:22
Самияи панҷсола, ки аз Хуҷанд ба даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” роҳхат гирифта буд, рӯзи қабл баромад дошт. Самия хурдсолтарин ширкаткунандаи озмуни имсолаи “Фурӯғи субҳи доноӣ...” мебошад. Ҳоло тарбиятгирандаи кӯдакистони рақами 33 шаҳри Хуҷанд мебошад. Самия барои омодагӣ ба ин озмун 2000 ҳазор мисраъ шеър азёд кардааст. Бо ҳиҷо Алифбо мехонад, вале шеърро аз забони модараш ва бибияш азёд мекунад.
Самия афсонаҳову шеърҳо аз Латофат Кенҷаева, Муҳаммад Ғоиб, Ҷӯра Ҳошимӣ, Мирсаид Миршакар, Алӣ Бобоҷон аз бар намудааст. Новобаста аз оне, ки Самия хурдакак аст, инчунин, ғазалҳо аз адабиёти классики халқи тоҷик аз ёд медонад. Дар ин зимн ӯ чистон, зарбулмасал, тезгӯяк, афсонаҳо ва латифаҳои зиёдеро низ аз худ кардааст.
Модари Самия Рухсора Раҳмонова, саркитобшиносии китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи А. Шукӯҳӣ буда, падараш соҳибкор аст.
Самияро ба ин озмун бибияш Муаззама Расулова ҳамроҳӣ мекунад. Вай дар суҳбат бо мо гуфт, ки "набераам Самияҷон ҳанӯз 2 сола буд, ки дар чорабиниҳои шаҳрию вилоятӣ ширкат менамуд. Ӯ истеъдод ва қобилияти худододӣ дорад. Ду маротиба шеърро такрор мекунем, ӯ зуд ҳифз мекунад".
Ёдовар мешавем, ки Расулӣ Самия Абдуғанизодаи 5 сола дар озмуни вилоятӣ соҳиби ҷойи 3-ум шуда будааст.
Фарзонаи Мирзо