Агар Ҷумъа Одина зинда мебуд...

Агар умр вафо мекард, 13-уми марти соли равон Ҷумъа Одина, адиби номвар ва қурбонии ҳақиқату ростӣ ба синни мубораки 87 қадам мегузошт. Ҷумъа Одина аз ҷумлаи камшумортарин адибонест, ки гузаштаи нангини таърихро дар ҷомаи насри бадеӣ кашид ва низоми коммунистии вақтро такон дод. Романи “Гузашти айём”-и ӯ инқилоби тафаккур ба як давраи таърихии на танҳо миллати тоҷик, балки қавму миллатҳои дигари Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Адиб рӯйдодҳоеро ба қалам кашид, ки худ шоҳид буд. Вай тифлии худро бо волидони некномаш дар табъид гузаронидааст ва он ҳама даҳшатро бо чашмони кӯдакона дидаву баъдан сари мизи эҷодӣ дубора пеши назар овардааст. Ҳақиқатеро, ки ӯ навишт, низом таҳаммул накард, фишорҳои руҳӣ адиби хушнавис ва ҳақиқатнигорро билохира дар авҷи камолоти эҷодӣ, дар синни 52-солагӣ ба бистари марг кашид. Ва дар ҳамин умри кутоҳ низ вай тавонист асарҳои мондагор нависад. Он асарҳо умри адиби хушбаёнро тӯлонӣ карданд ва хуш аст, ки имрӯз ҳам онҳоро меҷӯянду мехонанд. 

Ҷумъа  Одина  13 марти  соли  1930  дар  рустои  Некноти  ноҳияи  Панҷакент  ба  дунё  омадааст.

Мактаби  ҳафтсоларо  дар  кишвари  Ставропол,  ки  ба  он ҷо  аҳли  оилааш  дар  табъид  будаанд,  хатм кардааст Дар колхоз кор кардааст. Соли 1948 шуъбаи ғоибонаи омўзишгоҳи  омўзгории  Панҷакентро  ба  охир  расондааст.  Муаллим  буд. Соли  1950  факултаи  филологияи  Донишгоҳи  давлатии  Самарқандро  бо  баҳои  аъло  хатм  кард. Соли  1956  факултаи  таъриху  филологияи  Донишгоҳи  давлатии  Тоҷикистонро  ба  поён  расонд.  

Дар  солҳои  гуногун  муҳаррири  нашриёти  «Ирфон», мудири  шуъбаи  маҷаллаи  «Тоҷикистон», муҳаррири радиои тоҷик,  мудири  шуъбаи  моҳномаи  «Садои Шарқ», муовини  сармуҳаррири Кумитаи  табъу  нашри  ҷумҳурӣ, мудири  шуъбаи  нашриёти  «Ирфон»  ва  ходими  адабии  рўзномаи  «Маориф  ва  маданият» буд.

Аввалин навиштаҳояш солҳои  60 – ум чоп шуданд ва аз вуруди боз як адиби тозанавис дар адабиёт дарак доданд. Соли 1964  дар  моҳномаи  «Садои  Шарқ» повести  нахустинаш  «Авроқи  рангин»  ва  соли  1968  повести «Иншо  дар  мавзўи  озод» ба  табъ  расиданд. Соли 1970  ҳар  ду  повест бо  номи  «Авроқи  рангин»  дар  шакли  китоб  аз  чоп  мебарояд. Соли 1973  маҷмўаи  ҳикояҳояш  «Чанбари  оташ»  нашр шуд.

Аммо романи “Гузашти айём”, ки соли 1978 чоп шуд, маъруфияти ӯро миёни хонандагон ба маротиб боло бурд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дастгоҳи таблиғотии Иттиҳоди Шӯравӣ чопи пурраи асарро боздошт. Роман дар нашриёти он замон шуҳратёри “Ирфон” чоп шуд, вале ба дасти хонанда нарасид. Даҳ сол лозим омад, ки роман умри дубора ёбад. Аммо ин даҳ сол барои адиб мушкилтарин солҳои умраш буданд.

Соли 1989, дар авҷи ошкорбаёниву бозсозии горбачёвӣ нашриёти “Адиб” “Гузашти айём”-ро дубора чоп кард, вале адиби номвар онро надид. Баъд аз маргаш барои “Гузашти айём” ҷоизаи давлатии адабии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро доданд. 

Романи ӯ “искандари мақдунӣ” низ баъди маргаш пора-пора дар ҳафтаномаи “Маориф ва маданият” ва баъдан дар маҷаллаи “Садои Шарқ” (соли 1987, № 7) интишор ёфт. 

Ҷумъа Одина бештар ба кори тарҷумаи бадеӣ машғул шудааст ва бештар аз 20 номгӯй асарҳои шоиста, аз ҷумла В. Сабко «Кафолати  сулҳ», И. Шамякин «Дил  дар кафи  даст», В. Латсис «Писари  моҳигир», Г. Марков «Сибир»-ро аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Аз  соли  1966 узви  Иттифоқи  нависандагон  буд.

14 сентябри  соли  1982  бар асари сактаи қалб аз олам даргузашт.

            Аз адиби номвар Ҷумъа Одина хонандагон дар Китобхонаи миллӣ ин асарҳоро метавонанд бихонанд:                             

Одинаев,Ҷ. Иншо дар мавзўи озод; Авроқи рангин: Повестҳо. – Душанбе: Ирфон, 1970. – 308 с.

Одина, Ҷ. Мактаби касбомўзӣ : Ҳикоя // Тоҷикистон. – 1959. –  № 2. – С.5.

Одинаев, Ҷ. Ҳикояи  Раҳимбобо: Ҳикояи  воқеӣ // Маориф  ва  маданият. – 1960. – 24 сентябр.

Одинаев, Ҷ. Оё  гуфтаи  ў дуруст  аст ? : Ҳикоя // Тоҷикистони  советӣ. – 1963. – 9 июн.

Одинаев, Ҷ. Музди  некӣ: Ҳикоя // Маориф  ва  маданият. – 1963. – 4 июл.

Одинаев, Ҷ. Мерган – партизан : Ҳикояи  воқеӣ // Шарқи сурх. – 1968. – № 10. – С. 41- 46.

Одинаев, Ҷ. Дар  суҳбати  қурбошӣ : Ҳикоя // Шарқи  сурх. – 1964. – №1. – С. 18-23.

Одинаев,Ҷ. Гушт бе устухон  намешавад: Ҳикояи ҳаҷвӣ // Маориф ва  маданият. – 1964. – 10 декабр.

Одинаев.Ҷ. Авроқи рангин: Повест // Садои  шарқ. – 1964. – № 8. – С. 11-66.

Одинаев, Ҷ. Як  даста  оташ: Ҳикоя // Маориф  ва  маданият. – 1965. – 4 феврал.

Одина, Ҷ. Хоҳӣ, ки  дўстат  душман  нашавад…: Лавҳа // Тоҷикистони  советӣ. – 1965. – 27 июн.

Одинаев,Ҷ. Иншо дар мавзўи  озод:  Порча аз повест // Маориф  ва  маданият. – 1969. – 22 март.

Одина, Ҷ. Мерган: Порча  аз повест // Маориф  ва  маданият. – 1971. – 5 октябр.

Одинаев,Ҷ. Дар  бораи  тарҷумаи  як  китоб: Дар  бораи  романи « Пулод  чӣ  тавр  обутоб  ёфтааст» - и Н А Островский // Маориф ва  маданият. – 1974. – 13 июл.

Одинаев, Ҷ. Ду рафиқ: Ҳикоя // Маориф  ва  маданият. – 1974. – 5, 8, 10 октябр.

Одинаев, Ҷ. Лейтенант Барчук ва нусхаи дуюми он: Ҳикоя         // Маориф ва маданият. – 1975. – 21, 24, 26 июн.

Одинаев, Ҷ. Майдони мардӣ : Порча  аз  роман // Маориф  ва  маданият. – 1976. – 19, 21, 24, 26, 28 феврал.

Одинаев, Ҷ. Гузаштаи  айём : Порча аз  роман // Ҳақиқати  Ўзбекистон. – 1976. – 26, 29 июн.

Одинаев. Ҷ. Майдон  аз  далер  аст: Порча  аз  романи  нави  «Гузашти айём» ки аз воқеаҳои  Ҷанги Бузурги Ватанӣ нақл  мекунад // Машъал. – 1976. – № 11. – С. 16-18; № 12. – С. 6-7.

Одинаев, Ҷ. Гузашти  айём: Порча аз дафтари дуюми  роман  // Маориф ва маданият. – 1978. – 18 феврал.

Одина, Ҷ. Дили падар  ба  фарзанд…: Ҳиссае аз  қиссаи  ҳуҷҷатӣ аз ҳаёти  Қаҳрамони  Иттифоқи  Советӣ Ҳайдар Қосимов ва  шарикони  ҷангии ў // Тоҷикистони советӣ. – 1978. – 28 декабр.

Одинаев, Ҷ. Ошиқии  Болтақул: Ҳикоя // Маориф ва  маданият. – 1980. – 6-9 декабр.

Одинаев, Ҷ. Авроқи рангин: Повестҳо, ҳикояҳо, очерк. – Душанбе: Ирфон, 1981. – 288 с.

Одинаев,Ҷ. Парвоз дар сояи  боли  уқобон: Ҳикояте аз зиндагии Шоҳбону Олимпиада ва Шоҳискандар дар асоси  ахбори  муаррихони  Юнони  бостонӣ // Газетаи  муаллимон. – 1982. – 17, 20 июл.

Одина,Ҷ. Искандари Мақдунӣ: Роман // Садои Шарқ. – 1987. – № 7. – С. 3-69.

Одинаев, Ҷ. Шиноси ношинос: Ҳикоя // Адабиёт ва санъат. – 1994. – 19 ноябр.

Дар бораи адиби маъруф:

Табаров, С., Асоев, Х. Ташаккули  фардияти  нависанда: Ҷумъа Одинаев // Маориф ва маданият. – 1978. – 23 май.

Гуфтам, гуфт: Ҳазли наврўзӣ  барои  нависанда  ва  мутарҷим Ҷумъа Одинаев  ба  муносибати  50 – солагии  зодрўзаш // Маориф  ва маданият. – 1980. – 25 март.

Сафарзода, Х. Ҳанўз овоз меояд: Ба ҷоизаи  республикавии  ба  номи  Рўдакӣ пешниҳод  шудани  романи  «Гузашти  айём» -и  Ҷумъа Одина // Тоҷикистони  советӣ. – 1990. – 22 сентябр.

Шоҳзода, С. Ҷоизаи  баъди  марг: Шеър (Ба  ёди Ҷумъа Одина) // Садои  мардум. – 1991. – 13 июл.

Мусо, К. Дар  домани  шаб  ғунуда бас  рўзи  сафед: Ба  пешвози  75 солагии  зодрўзи  шодравон   Ҷумъа Одина // Адабиёт  ва  санъат. – 2005. – 10 март. – С.10-14.

Ёрмуҳаммад, Р. Баракати  умр: Хотираҳо дар  бораи  нависанда  Ҷумъа Одина // Адабиёт ва  санъат. – 2010. – 26 август.

Абдухолиқи,Н. Адибе, ки  қурбони  ростӣ шуд: Маълумот ба муносибати  80 – солагии  нависандаи  ҳақиқатнигор Ҷумъа Одина // Нури зиндагӣ. – 2010. – 2 декабр.

Мусо,К. Номаи Иосиф Брагинский  ба Ҷумъа  Одина // Адабиёт ва санъат. – 2015. – 16 июл.

Таҳияи Дилоро Сайдамирова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ