6-уми марти соли 2017
Зан-модар шахси муқаддас аст. Вақте ки симои ў пеши назар меояд, аз чашмони ў, аз тамоми ҳастии вай нур меборад. Ин нур роҳи ояндаи ҳаётамонро равшан месозад.
Зан-модар офарандаи ҳаёту мамот буда, аз ҳама қимматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад, ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурҷўшест, ки дашту
Ду рӯз пас Рӯзи модарон аст. Ҳар сол дар остонаи ин рӯз менависем, ки модарону хоҳарони мо набояд рӯзи вежаи эҳтиром дошта бошанд, балки онҳо бояд ҳамарӯза мавриди эҳтирому иззат қарор гиранд. Аммо мавҷудияти як рӯзе дар як сол боз ҳам барои ҷалби таваҷҷуҳи ҳамагон ба модарон-сарчашмагони ҳаёт муҳим аст.
Дар зер табрикоти аҳли эҷоди кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистонро ба модарону хоҳарон дар “Рӯзи модарон” меорем. Умедворем мавриди писанди ҳамагонӣ қарор мегирад.