Библиографияи монографии академик Ирина Холовна Каримова бо ду забон аз чоп баромад, ки дар он фаъолиятҳои илмии ӯ то 1 июли соли 2016 мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Кўшиш ба харҷ дода шудааст, ки кулли маводи мунташира тибқи меъёрҳои пазируфташуда таҳия гардад.
Дар муаррифии китобнома омадааст: «Дастур барои таҳияи библиографиҳо, сомонаҳои Интернетӣ, рўйхати қитобҳо барои кормандони китобхонаҳо ва муҳаққиқону донишҷўён муфид мебошад».
Муаллифон Ҷӯрабой Раҷабов ва Сафар Сулаймонӣ дар сарсухан навиштаанд, ки “кулли маводи ба забонҳои тоҷикӣ ва русии батабърасида бори нахуст дар ин китобнома ворид гардида, мавриди таҳқиқи муаллифон қарор гирифтааст”
Профессор Сайфиддин Назарзода, Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибрози назар дар бораи раванди ҷаҳонишавӣ гуфт, ки “фарҳангҳои пурқудрат ҳама вақт дар тамоми таърихи инсоният сари фарҳангҳои хурду кўчак бартарӣ доранду оҳиста –оҳиста онҳоро фурў мебаранд. Чаро? Зеро ин ҳодисаи табиии таърихӣ аст. Пайванди фарҳангҳо пеш аз ҳама дар натиҷаи алоқаи байни онҳо пайдо мешавад”.