Дарахти дӯстӣ биншон...
Нашр шуд 2019-01-09 12:22
Дӯст беҳтарин, наздиктарин ва азизтарин касест, ки инсонро дар зиндагӣ роҳбалад аст. Дӯст касест, ки ҳамчун оина айбатро рӯ ба рӯ гуфта, ҳамеша мекӯшад, маслиҳатчии наздик бошад. Дӯстон бояд дар ҳамаи мавридҳо мададрасон, ёвар ва ислоҳкунандаи ҳама гуна хатогиву нуқсонҳо бошанд,агар хоҳӣ, ки дӯсти воқеӣ бошӣ, ба китоб ба илм ватандӯстиву хештаншиносӣ қабл аз ҳама ба худшиносӣ руй биёвард.
Дӯст он бошад, ки айби дӯсташро,
Ҳамчун оина рӯ ба рӯ гӯяд.
На ин ки чун шона бо ҳазор забон,
Аз ҷафо рафта, мӯ ба мӯ гӯяд.
Дӯст аст, ки инсонҳо дар ҳаёт хотирҷамъ, дилгарм ва хонаободанд. Дӯстонанд, ки беморон дардро, ғамдорон ғамро ва хушбахтон дилхӯширо бо ҳам дида аз дардҳову хушбахтиҳои ҳамдигар огоҳ мегарданд. Наметавон худ камбудиву афзалияти хешро донист.
Чун инсон зиндагӣ мекунад, кору фаъолият мебарад, ба чизе, ба касе, ба тарбияе, ба дилгармие ниёз дорад, хоса ба дӯст. Дӯст афзунии ҳар шодиву дармони ҳар дарду норасоиву нуқсони ҳаёти касро мекушояд, ҳамдард мегардад, зеро дона танҳо хирман намегардад, нони танҳо файзи дастурхон намешавад, шукуфтани муғҷае бе ҷамоли офтобу боди субҳ сурат намегирад. Инсон ҳам бе дӯсти наздик буда наметавонад.
To абад бо дӯстон осудагист,
Марг ҳам бе дӯстон осон нашуд.
Гуфтаанд, ки ҳақ бар ҷониби иншокунандаи ин маънии бузург аст. Дар урфият иборае ҳаст, ки дӯстон се навъанд. Забониву нониву ҷонӣ.
Дӯстон ҳақиқатан дар ҳамин се навъ буда метавонанд. Асоситаринашон дӯстони ҷонӣ онҳое, ки дар ҳамаи мавридҳо дар ғаму шодии кас ҳозиранд.
Ба ибораи шоир:
Дӯст машмор он ки дap неъмат занад,
Лофи ёриву бародархондагӣ.
Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст,
Дар парешонҳоливу дармондагӣ.
Аз касе пурсидаанд, ки дар зиндагӣ бародар хуб аст ё дӯст, ҷавоб дода: «Бародар хуб аст, агар дӯст бошад»
Аз ин суханон бармеояд, ки ҳатто бародарон низ душман буда метавонистаанд. Ин гуна бародароне, ки бо бародарони худ кинаву адоват доранду душманӣ меварзанд, албатта дар муҳити оилаи носолим ба воя расидаанд, зеро дар тарбияи фарзандон муҳити хонаводагӣ сабабгор буда метавонад. Дар оилае, ки дӯстию рафоқат вуҷуд надорад, ягонагиву якдигарфаҳмӣ вуҷуд дошта наметавонад, бинобар ҳамин фарзандон низ чун меваи дарахти пурбору бешафоат ба воя мерасанд. Набояд мо дӯстоне бошему танҳо дар дар ҳолатҳои ширинӣ ҳамроҳ бо дӯст бошем, аммо дар ҳолати дигар аз ӯ даст кашем.
Дӯсти ҳақиқӣ ҳамеша мекӯшад, ки ба шодии дӯсти худ боз шодие зам намояд, хотири болидаашро болидатар гардонад, танҳо ва танҳо манзили дӯсти худро ободу дили ӯро шод гардонад.
То тавонӣ, дӯстонро гум макун,
Дӯстони меҳрубонро гум макун.
(М. Турсунзода)
Хулоса, дӯстӣ рамзи бузургест, ки софдилону бузургонро мепарварад. Дӯстӣ, ки ганҷи бебаҳост, бо озодагон роҳҳои бузурги боиффат гардидан, боифтихор будан, озода зистан ва аз душманон канора буданро мепарварад. Дӯстон ҳамдаму ҳамроз, ҳамқадаму мӯнису ғамхори одамони баландпарвозанд ва шахси бедӯст дарахти бешоху баргеро мемонад, ки зинатеро соҳиб буда наметавонад.
Пас, биёед, азизон, мекӯшем пайи ҷамъоварии дӯстони ҷонӣ, ки лаззатгарои ҳар калому равшанидиҳандаи хонадону илҳомоварандаи имону ҷонамон бошанд. Ончунон ки Ҳофизи бузург фармуда:
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.
Умедҷон Ашуров
Мутахасиси пешбари шуъбаи
адабиёти хориҷӣ