Пойдории Ваҳдати миллӣ ва абадияти Истиқлолият

Дар масири таърих мизони давлатдориҳо ба сатҳи густурдае расиданд ва тақозое воқеан ҳам ҷиддӣ ва дидание дар милоки коргирии бурунмарзӣ кардан ва ҳамзамон нақши ниҳодҳо ва арзишҳои меҳварӣ   дар созмондиҳии тамоми арсаҳои зиндагии ҷомеа ба таври рўзафзун боло рафтанд, ки тавонистанд ба давлатҳо шароити мусоиди амалиро баҳри барқарор намудани муносибатҳои хориҷӣ фароҳам оваранд. Дар ин пайроҳаи таърихӣ ҷумҳурии азизу ҷавони мо Тоҷикистон низ ҳушёриро аз даст надод ва баъди касби истиқлолияти давлатӣ худро ба ин корвони азим бипайваст ва барқарор намудани муносибатҳои дуҷонибаи сатҳи назаррас шурўъ кард, ки муроди пешакарда ва санҷидааш комгор ва пурарзиш ҳосил дод.

Дар интиҳои асри ХХ дар давоми ҳамагӣ чанд сол дар натиҷаи дигаргуниҳои амиқ ва бар асари равандҳои пурталотуми ҷаҳонишавӣ харитаи сиёсии ҷаҳон тағйир ёфта, як қатор кишварҳои соҳибистиқлол, яъне давлатҳои мустақили миллӣ арзи ҳастӣ намуданд, ки Тоҷикистони мо низ аз ҷумлаи онҳо буд.

Пас аз пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро 9 сентябри соли 1991 эълон намуд. Ҳар як кишвар барои худ фароҳам сохтани шароити мусоиди беруна баҳри таъмини манфиатҳои миллии он-сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайраҳо вазифаи асосии худ медонад.

Ба вуҷуд овардани муҳити ҳарчи бештари мусоид барои ҳалли масъалаҳои дохилии кишвар самти асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон буда, ҳимоя ва таъмини манфиатҳои олии давлат ва миллатамон дар арсаи байналхалқӣ дар маркази ин сиёсат буд ва хоҳад монд.

Низоми навини равобити байналмилалӣ имрўз ҷиддан тақозо дорад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳимтарин ҳадафҳои миллии худ, яъне таъмини истиқлолияту озодӣ, ҳифзи амнияту суботи сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишварро дар асоси стратегияи фарогир ва санҷида амалӣ намояд.

Эҳёи робитаҳои анъанавии таърихӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ истифода аз имконоти муштарак ва ҷалби сармояи ин кишварҳо ба нафъи инкишофи Тоҷикистон дар маркази диққати сиёсати хориҷии кишвар қарор дорад ва амалан татбиқ мегардад.

Татбиқи масъулона ва муваффақонаи ин сиёсат боиси боз ҳам тақвият ёфтани мавқеи кишвар дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва пазируфта шудани ташаббусҳои кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Яъне Тоҷикистон мақоми шоистаи худро дар олами зудтағйирёбандаи муосир таҳким бахшида, ҳамагуна ҳамкориҳои судмандро бо кишварҳои хориҷӣ ва ҷаҳон ҷонибдорӣ менамояд.

Равандҳои ҷаҳонишавӣ, бахусус дар соҳаи иқтисод ба андозаи баробар ба манфиатҳои ҳамаи давлатҳо – бузург ва хурд, муқтадир ва камнуфуз, инчунин сарфи назар аз мавқеи ҷуғрофии онҳо таъсир мерасонанд. Дар натиҷаи ин раванд вазъи иҷтимоии шаҳрвандони як мамлакат, аз як тараф аз фаъолияти ҳукумати он кишвар вобаста бошад, аз тарафи дигар аз таъсири рўзафзуни омилҳои беруна дар канор намемонад.

Имрўз сад шукри сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, истиқлолияти комил ва соҳибдавлатӣ, ки Тоҷикистони азизи мо дар марҳилаи сифатан нави рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қарор дорад ва ба кишвари дорои низоми муосири муносибатҳои бозаргонӣ, иқтисоди миллии рушдёбанда ва фазои мусоид барои нақшаҳои бузурги пешрафту созандагӣ табдил ёфтааст.

Тоҷикистон дар ибтидои асри ХХ1 ҳамчун кишвари соҳибихтиёр ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро бо дарназардошти манфиатҳои олии давлат ва миллати тоҷик такмил дода, ба сўи ҳадафҳои дурнамои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ давра ба давра рушд меёбад. Бояд зикр кард, ки дар ин ҷаҳони пур аз тазоду рақобатҳои шадиди глобалӣ мо бояд пеш аз ҳама ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва давлатдории миллиамонро таҳким бахшида, ҳамеша ба хотири сулҳу суботи кишвар ва оромии ҷомеа саъю талош намоем.

Ҷумхурии Точикистон дар солхои истиклолият бидуни душвориҳо ва нохамвориҳои рохи тараккиёт дар сохахои мухталифи хаёти ҷамъиятӣ ба дастовардхои назаррас ноил гардид, ки мо онро дар мисоли хаёти 
ҷавонони кишвар хеле равшан мушохида менамоем. 
Албатта, беҳуда нест, ки ин қишри ҷомеаро чун ояндагони миллат ва сутуни нигаҳдорандаи арзишҳои давлатии миллӣ эътироф намудаанд. 

Дар муддати 19 сол, ки аз Созишномаи умумии истикрори сулх ва ризоияти миллӣ мегузарад, вахдати миллӣ дар кишвари мо решаи мустаҳкам давонд ва боровар гардид. Вале барои хифзи хамешагии он омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва ахлоқии таҳкимбахши онро пайваста дар назар гирифтан, кадрҳои соҳаҳои гуногун, махсусан ҷавононро дар руҳияи ватандўстӣ ва дарки манфиатҳои умумимиллӣ тарбия намудан аз зарарҳои ифротгароӣ, маҳалгароӣ, мансабпарастӣ бохабар кардан вазифаи муқаддаси ватандории тамоми ҷомеа, махсусан роҳбарони сатҳҳои гуногун маҳсуб мешавад.

Имрўз Точикистони азизи мо ба муваффакиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фархангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои Истиқлолияти давлатии мо сол ба сол қавитар мегарданд.

Дар бораи аҳамияти Созишномаи умумии истикрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллати сохибистиклоламон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Рахмон гуфтааст: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиклол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».

Бесабаб нест, ки созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои илмӣ ва сиёсии кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомўзанд ва онро ҳамчун падидаи нодир ва боарзиш дар таърихи сулҳофарини байналмилалӣ донистаанд. Пас месазад, ки ин истиқлолияти софу беғуборо мо миллати фарҳангдўсту фарҳангпарвар, меҳнадўст ва оқили тоҷик ҳамеша ҳифз намоем ва дар пойдории он ҷони худро нисор намоем.

Фатҳулло Бобохонов,
Сардори шуъбаи адабиёти хориҷии

Китобхонаи миллии Тоҷикистон