Парандаҳои Тоҷикистон
Нашр шуд 2018-11-15 17:16
Тирамоҳ фаслест, ки табиат рӯ ба сардӣ меорад ва тағйири боду ҳаво боис мешавад, ки дарахтон ва умуман табиат ранг дигар кунад. Сабзиву хуррамии пешина аз миён меравад ва табиат ҳам қабои зарри ба ба бар мекнуад. Ва дар ҳамин мавсим дар олами парандагон низ таҳаввулоте рух медиҳад. Парандаҳои гармидӯст муддате кишвари моро тарк мекунанд ва мераванд то ба Ҳинду Покистону ҳатто қораи Африқо. То баҳорони дигар мо онҳоро намебинем.
Села села парида рафтани парнадаҳоро бештар кўдакон мушоҳида мекунанд. Чашмони мушоҳиди онҳо ба осмон дӯхта мешавад ва мебинанд, ки селае пайи селаи дигар дар парвоз аст. Шояд онҳо пай намебаранд, ки ин кӯчиш ва ё муҳиҷирати баъзе аз намуди парандагон аст. Вале мебинанд, ки онҳо ба ким-кадом сафаре дар парвозанд.
Шеърҳое зиёд дорем дар бораи парандагон, ки яке ин аст:
Мусича хонад,
Дар зери айвон.
Аз хониши он,
Дурдона ҳайрон.
Ку-ку-куку-ку!
Ку-ку-куку-ку!
Дурдона фаҳмид,
Маънии ку-ку.
Гуфто намерам,
Ин ҷо биё ту!
Дар қаламрави Тоҷикистон алҳол 400 намуди парандагон ба қайд гирифта шудаанд. Ахиран дар ин бора дар суҳбате бо Агентии «Ховар» ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биология Абдусаттор Саидов изҳори назар карда буд. Бино ба гуфтаи ӯ дар қаламрави кишвар 18 мавзеи калидии орнитологӣ муайян шудаанд, ки дар онҳо шумораи зиёди парандагон, хусусан дар фасли зимистон ҷамъ меоянд. Тоҷикистон аз рӯи мавқеи ҷойгиршавӣ минтақаи муҳим барои ҷамъ омадани парандагон маҳсуб меёбад. Зеро дар фасли зимистон ҳангоми фаро расидани сармо дар қисмати Сибир ва Қазоқистони Шимолӣ аксар намуди парандагон ба Тоҷикистон мекӯчанд.
Дар байни парандагони Тоҷикистон намудҳое ҳастанд, ки ҳифзи онҳо аҳамияти ҷаҳонӣ дорад. Як хусусияти хоси парандагон аз он иборат аст, ки онҳо сарҳади маъмуриро намепарастанд. Дар байни парандагони Тоҷикистон беш аз 140 намуд парандагоне ба қайд гирифта шудаанд, ки онҳо ба категорияи кӯчанда дохил карда шудаанд. Онҳо аз қаламрави давлатҳо хеле зиёд кӯчиш мекунанд ва хусусияти транзитӣ доранд.
Баъзе парандагоне ҳастанд, ки дар ҳудуди Тоҷикистон давоми чанд рӯз ба қайд гирифта мешаванд. Онҳо ҳангоми кӯчиш кишвари моро аз қисмати ҷанубии Осиё ба қисмати шимолӣ ба сифати истгоҳ истифода мебаранд. Дар ин ҷо онҳо захираи энергетикии худро барқарор мекунанд ва парвози худро идома медиҳанд.
Бисёр парандашиносон бар он ақидаанд, ки дар қитъаи Осиё Тоҷикистон дар чорроҳаи кӯчиши парандагон ҷойгир шудааст. Тавассути Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои кӯчиши парандагон мегузарад. Аз рӯи ин нуқтаи назар дар мавсимҳои гуногуни сол парандагони зиёд аз кишвари мо муҳоҷират мекунанд. Ғайр аз парандагони кӯчанда дар Тоҷикистон парандагоне ҳастанд, ки онҳо муқимӣ мебошанд. Шумораи ин парандагон тақрибан аз 180 намуд зиёдтар аст.
Аз ин хулоса кардан мумкин аст, ки дар Тоҷикистон барои ба роҳ мондани сайёҳии парандашиносӣ имкониятҳо хеле зиёданд.
Дар маҳфили гузаштаи “Дастони моҳир” ҳамин мавзуъ дар миён буд ва баъди дарёфти ин маълумотҳо ширкаткунандагон бо истифода аз абзори мавҷуд расми паранда кашиданд ва ё онро сохтанд.