Маҳфили расмкашии кӯдакону наврасон ба ифтихори Рӯзи Ғалаба
Нашр шуд 2018-05-08 15:17
Имрўз бо ибтикори шуъбаи кўдакон ва наврсон бахшида ба «Рўзи Ғалаба» маҳфили расмкашӣ гузаронида шуд.
Дар оғоз Фирӯза Аҳророва ба хонандгон доир ба Рӯзи Ғалаба маълумот дод. Вай дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ нақл кард ва гуфт, ки ин ҷангро фашизми Олмон оғоз намуд ва Иттиҳоди Шӯравӣ, ки он замон Тоҷикистони мо шомили ин иттиҳод буд, беш аз 20 миллион нафарро аз даст дод.
Фирӯза Аҳророва ҳамчунин дар бораи қаҳрамонии падарону бобоёни мо дар ин ҷанг нақл кард. Дар бораи Қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон маълумот дод. Гуфт, ки халқи тоҷик барои ҳифзи Ватан қатори миллионҳо нафари дигар дар Ғалаба саҳм дорад. Фирӯза Аҳророва ҳамчунин иброз дошт, ки ин ҷанг 1418 рўз идома кард ва тӯли ин рӯзҳо мардум соати пирӯзиро интизорӣ мекашиданд.
Дар ақибгоҳ барои сарбозон маводи хӯрока ва пӯшок омода мекарданд ва мефиристоданд, захмиёни ҷангро дар бемористонҳои мамлакат табобат мекарданд ва садҳову ҳазорҳо касони хонаҳои худро аз дастдодаро қабулу ҷову макони зиндагӣ медоданд.
Сипас, хонандагон дар мавзӯъи ҷанг ва оқибатҳои ҳалокатбори он ва қаҳрамонии халқи Шӯравӣ шеърҳо хонданд. Саволу ҷавоб нишон дод, ки аксари ҷамъомадагон дар бораи рӯзи Ғалаба зиёд медонанд ва аз нақли калонсолон маълумоти бештар гирифтаанд ва ё дар ин бора хондаанд.
Дар поёни суҳбат хонандагон тасаввуроти худро дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ рӯйи коғз оварданд ва ҳосили он расмҳои зиёде буд, ки онҳо кашиданду ба намоиш гузоштанд.