Ваҳдати миллӣ ва адиб. Адибони кишвар ҳамеша ҳамқадам бо ваҳдати миллӣ буданд ва имрӯз метавон аз сурудаҳои онҳо даҳҳо ҷилд китоби шеъри ваҳдат тартиб дод. Мардуми шеърдӯсту шоирпарвари мо ба ҳарфи адиб беш аз ҳарфи дигарон гӯш медиҳад ва он чӣ адибон мегӯянд барояшон хушоянд аст.
Адибон ҳам аз аввалин рӯзҳои истиқлолият
Пири шоирони муосири тоҷик ҳам даргузашт
Ҳанӯз аз даргузашти Бозор Собир бист рӯз ҳам нагузашта устод Муъмин Қаноат-сартоҷи шоирони муосири кишвар дунёи фониро тарк гуфт. Устоди шоирони муосири тоҷик. Дар достонсароӣ баъди устод Турсунзода касе ба пояи ӯ нарасидааст. Бахусус, достонҳои қаҳрамонии ӯ аз ҳикоёти Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва достонҳои таърихиаш мондагортарин асарҳо дар адабиёти тоҷиканд.
Муъмин Қаноат 20 – уми майи соли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.