Номи Шоҳназар Соҳибовро дар радифи касоне мегузоранд, ки аввалин бор “Шашмақом”-ро ба нота даровардаанд. Ва аз донандагони маъруфи ин дурдонаи мусиқии Шарқ буд. Шоҳназар Соҳибов имсол 110-сола шуд. Дар чанд сатр аз ӯ ёд мекунем.
Шоҳназар Соҳибов 15 майи соли 1908 дар Бухоро, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Ҳофиз ва оҳангсози тоҷик буд.
Бурҳон Ғанӣ аз ҷумлаи адибони муваффақ дар жанри ҳаҷв буд. Умре дар маҷаллаи “Хорпуштак” кор кард ва дар навиштани памфлет ва ҳикояҳои ҳаҷвӣ дасти расову қалами сабз дошт. Риштаи умраш 26 сол пеш, аниқтараш охири соли 1992 ба таври фоҷеавӣ канда шуд. 26 сол аст, ки дар маҳофили адабӣ хандаи ӯ ба гӯш намерасад. Агар зинда мебуд, имсол синнаш ба ҳаштод мерасид.
Дар муаррифиномаи Иттифоқи нависандагон мехонем:
БУРҲОН ҒАНӢ 1 майи соли 1938 дар деҳаи Роғифи ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ таваллуд ёфтааст.
16 сол пеш қалби олими пуркори соҳаи кишоварзӣ Акбар Махсумов аз задан бозмонд. Акбар Махсумов донандаи хуби соҳа, олими пуркор буд, ки ҳам кори илмӣ мекард ва ҳам дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ фаъолият дошт. Бо гузашти солҳо ҳамоно дастуру китобҳои ӯ дар пешрафти илми кишоварзии мамлакат хидмат мекунанд. Ва агар умр барояш вафо мекард, имсол ба синни мубораки 90 қадам мегузошт. Аз ӯ ёд мекунем.
Дар конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои ҷумҳурӣ дар ташаккули маънавии ҷомеаи муосир», ки бо ибтикори Китобхонаи патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, як қатор масъалаҳои муҳим мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд.