ОИННОМАИ МД «КИТОБХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН»
Бо фармоиши Роҳбари Дастгоҳи
иҷроияи Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон аз 03 феврали соли
2011, № 2 тасдиқ шудааст
ОИННОМАИ
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ
«КИТОБХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН»
1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2011 № 1093 таъсис дода шудааст.
2. Муассиси Китобхона Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Муассис ваколатҳои худро ҷиҳати фароҳам овардани шароитҳои мусоиди фаъолияти меҳнатӣ, ҳуқуқӣ ва моддию техникии Китобхона, маъхазҳои электронӣ, маҷмуъи сарватҳои фарҳангӣ, иттилоотӣ ва коллексияҳои ҷамъовардашудаи ин муассисаи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба амал мебарорад.
3. Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мемонад.
4. Муассис ҳуқуқ дорад:
- фаъолияти Китобхонаро назорат карда, бо асноди коргузорӣ, ҳисоботӣ ва ҳуҷҷатҳои дигар шинос шавад;
- самтҳои асосии фаъолияти Китобхонаро муайян намояд;
- ба Оинномаи Китобхона тағйиру иловаҳо ворид намояд;
- тавозуни муҳосибавӣ ва ҳисоботи солонаи хароҷоти молиявии фаъолияти Китобхонаро тасдиқ намояд;
- қарорро дар бораи аз нав ташкилдиҳӣ ё барҳамдиҳии Китобхона мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намояд;
- дигар ҳуқуқҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, амалӣ намояд.
5. Китобхона ҳамчун объекти дорои арзиши махсуси мероси фарҳангии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, нигоҳдорандаи миллии ҳуҷҷатҳо ва бойгонии матбуоти миллӣ, маркази аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи илмӣ - таҳқиқотӣ, илмӣ - иттилоотӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб рафта, ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро барои дарёфти иттилоот, истифодаи фондҳои китобхона ва дастрасии озодона ба комёбиҳои илмӣ ва фарҳангии ҷаҳонию миллӣ таъмин менамояд.
6. Китобхона аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои молумулки бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ, баланси мустақил ва суратҳисоб дар Сарраёсати хазинадории маркази Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи Китобхона бо забони давлатӣ ва русӣ, варақаи сабти ном, тамғаи хизматрасонӣ ва тамғаҳои дахлдор, бланкҳо, саҳифаи интернетӣ www.nlrt.tj ва почтаи электронии nlrt@library.tj мебошад. Китобхона фаъолияти худро дар заминаи мустақилияти молумулкӣ ба амал бароварда, дар бонкҳо суратҳисоб, аз ҷумла суратҳисоби асъорӣ дошта метавонад.
7. Китобхона метавонад аз номи худ шартномаҳо баста, ҳуқуқҳои молумулкӣ ва ғайри молумулкӣ ҷорӣ намояд, дар суд ҳамчун даъвогар ва ҷавобгар ва ғайриамвол доштаашро амалӣ гардонад, дар судҳо ба ҳайси даъвогар ва ҷавобгар баромад кунад.
8. Китобхона оид ба уҳдадориҳои худ дар ҳаҷми воситаҳои молиявии дар ихтиёрдоштааш мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият дорад.
9. Китобхона ҳуқуқ дорад мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди худ шуроҳои сарпарастӣ, созмонҳо, кафедра, курсҳои бозомузӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи китобдориро ташкил намояд.
10. Фонди Китобхона ҷузъи ҷудонопазири захираи ягонаи китобии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, моликияти давлат ва сарвати фарҳанги миллии халқҳои Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
11. Номи расмии Китобхона:
- бо забони давлатӣ дар шакли пурра – Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»; дар шакли мухтасар - МД КМТ;
- ба забони русӣ – Государственное учреждение «Национальная библииотека Таджикистана» - ГУ НБТ;
- ба забони англисӣ - State Establichment «National Library of the Tajikistan» - SI NLT;
12. Маҳалли ҷойгиршавии Китобхона: Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Исмоили Сомонӣ.
2.МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ КИТОБХОНА
13. Китобхона намудҳои зерини фаъолиятро амалӣ мекунад:
- қонеъ гардонидани талаботи иттилоотии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ;
- фароҳам овардани шароит барои дастраси умум бо арзишҳои иттилоотӣ ва фарҳангие, ки дар китобхонаҳо ҷамъоварӣ ва барои истифодабарӣ пешниҳод мешаванд;
- ташкил кардан, ҳифз, коркарди илмӣ ва таъмини нигоҳдории воқеъии маҷмуъаи нисбатан пурраи ҳуҷҷатҳои ватанӣ ва хориҷии аҳамияти илмӣ дошта;
- ташкил кардани фонди китобҳо ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки ба забони тоҷикӣ дар ҳудуди Тоҷикистон табъу нашр мегарданд ва нашрияҳое, ки новобаста ба ҷои чопашон доир ба Тоҷикистон мебошанд;
- ҳамоҳангсозӣ ва муттаҳидгардонии фаъолияти ҳама навъҳои китобхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-фароҳам овардани маҷмуъаҳои униварсалии фондҳои ҳуҷҷатӣ, созмон додани фазои ягонаи иттилоотӣ дар мамлакат, аз ҷумла бо истифодаи технологияи муосир ва шабакаи Интернет;
- тибқи муқаррароти соҳавии такмили фонд дар асоси нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо, харидории ҳуҷҷатҳо, мубодилаи китобҳо (аз ҷумла, мубодилаи байналмилалӣ) ва дигар воридотӣ таъмин намудани ҳадди аксари фонди ҳуҷҷатҳои ватанӣ ва нигоҳдории ҳамешагии онҳо;
- мутобиқи соҳаи такмилгардонии Китобхона таъмин ва нигоҳдории фонди ҳуҷҷатҳои хориҷӣ, ки аз арзиши бештари фарҳангӣ, илмӣ ва бадеӣ мебошанд, ҳамчунин ҷиҳати пуррагардонии афзалиятнок, нигоҳдорӣ ва баҳисобгирии ҳуҷҷатҳои доир ба Тоҷикистон нашршуда, аз ҷумла бо забонҳои халқҳои сокини ҷумҳурӣ, ки берун аз ҳудуди он интишор ёфтаанд;
- пешниҳоди маҷмуи нисбатан пурраи ҳуҷҷатҳои ватанӣ ва ҳуҷҷатҳои аҳамияти илмидоштаи хориҷӣ ба истифодабарандагон;
- ташкил ва пешбурди бақайдгирии библиографии тоҷикшиносӣ;
-пешбурди фаъолияти китобхонашиносӣ, библиографияшиносӣ ва китобшиносӣ, инчунин ба амал баровардани фаъолият ба сифати маркази методӣ, илмию иттилоотӣ ва фарҳангии аҳамияти ҷумҳурҳуриявидошта;
- иштирок ҷиҳати баҳисобгирии библиографияи давлатии ҳуҷҷатҳои ватанӣ, созмон додани манбаъҳои библиографӣ, рефератӣ, иттилооти таҳлилию тафсирӣ;
- коркарди илмӣ ва дастёбӣ ба фондҳои китобхонаҳо тавассути низоми феҳристҳо (каталогҳо) дар навъҳои гуногуни воситаҳои муосири сабти иттилоот, (маъхазҳои барномаҳои компютерӣ, микрочипҳо, дискҳои оптикӣ, саҳифаи Интернетӣ), ташаккули китобхонаҳои электронӣ, манбаҳои иттилоотӣ ва хазинаҳои маълумотӣ, ташкили дастрасӣ ба онҳо, инчунин ба дигар захираҳои иттилоотии ватанӣ ва хориҷӣ, ширкат дар табодули иттилоотӣ;
- доир намудани машваратҳо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ оид ба ташхис ва баҳогузорӣ кардани ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла нашрияҳои ба номгуи ёдгориҳои таърихии китобӣ воридгардида;
- хизматрасонии китобдорӣ ва иттилоотӣ, аз ҷумла маълумотдиҳӣ - библиографии истифодабарандагон;
- пешниҳоди ройгони кумакрасонии машваратӣ ҷиҳати ҷустуҷу ва интихоби сарчашмаҳои иттилоотӣ;
- пешниҳоди ройгони истифодабарии муваққатии адабиёт ва ҳуҷҷатҳо аз фондҳо дар толорҳои хониши Китобхона;
- доир намудани тадбирҳои фарҳангию маърифатӣ ва таълимӣ дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият;
- пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ, илмию иттилоотӣ ва методӣ дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ, библиографӣ, кори китобшиносӣ ва дигар соҳаҳои бо ҳам алоқаманд;
- тибқи тартиби муқарраргардида амалӣ гардонидани фаъолияти интишорӣ, полиграфӣ ва рекламавӣ;
- тибқи тартиби муқарраргардида ширкат кардан дар ҳамкориҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар татбиқи барномаҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО), дигар созмонҳои байналмилалии соҳаи фарҳанг, маориф, илм, иттилоот, фаъолияти китобдорӣ ва ҳамкорӣ бо китобхонаҳои мамлакатҳои хориҷӣ;
- ворид кардани навгониҳо дар хизматрасонии китобдорӣ ба аҳолӣ, такмили фаъолият ва хизматрасонии китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
14. Ҷиҳати ноил гардидан ба иҷрои мақсадҳои ба зимма доштаи худ Китобхона вазифаҳои зеринро ба анҷом мерасонад:
- барои китобхонаҳои ҷумҳурӣ фонди давлатии мубодилавию захиравиро созмон медиҳад;
- коркарди илмии электронии ҳуҷҷатҳоро амалӣ мегардонад ва дастрасии озодро ба иттилоот оид ба таркиб ва мазмуну мундариҷаи фондҳои ҳуҷҷатии Китобхона таъмин менамояд;
- оид ба ташкил намудани феҳристи ягонаи электронии китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории дастҷамъонаро бо дигар китобхонаҳо ба роҳ мемонад;
- бо мақсади таъмини амният ва истифодабарии дарозмуддати ҳуҷҷатҳо Китобхона фонди эҳтиётии ҳуҷҷатҳоро, ки онҳо дар ҳомили электронӣ (микрофилмҳо, микрофишаҳо, микрочипҳо, дискҳои оптикии гуногунҳаҷм, маъхазҳои компютерӣ, саҳифаи Интернетӣ ва дигар навъҳои воситаҳои электронӣ) сабт карда мешаванд, созмон медиҳад;
- нигоҳдории фонди ҳуҷҷатҳоро тавассути баҳисобгирӣ ва ҷобаҷогузории дуруст, муҳофизати бехатар, назорати пайваста ва раванди истифодаи самараноки онҳо таъмин менамояд;
- чорабиниҳои санитарию гигиенӣ, муқовабандӣ ва барқароркуниро ба анҷом мерасонад;
- низоми маркази илмии ёрирасонии библиогрфиро созмон медиҳад.
15. Бо мақсади ташаккули инкишофи кори китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Китобхона фаъолияти илмӣ - методиро дар чунин самтҳо ба анҷом мерасонад:
- созмондиҳӣ ва баргузории таҳқиқотҳои илмӣ ва сотсиологӣ оид ба масъалаҳои хизматрасонии китобдорию библиографии аҳолӣ, таҳияи меъёрҳои хизматрасонии китобдорӣ, ҳуҷҷатҳои барномавӣ ва маълумотномаи таҳлилӣ оид ба рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҳамоҳангсозии корҳои илмию методӣ ва илмию таҳқиқотии китобхонаҳои ҷумҳурӣ оид ба фаъолияти китобдорию библиографӣ ва мутобиқнамоии нақшаву барномаи фаъолияти онҳо;
- омузиш ва ҷамъбасти натиҷаҳои таҳқиқотҳои илмӣ, таҳияи маводи методӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами китобдорӣ дар фаъолияти китобхонаҳо ҷумҳурӣ;
- ташкили маркази таълимию тренингӣ оид ба азхудкунии технологияи навтарини соҳаи китобдорӣ барои китобдорони ҷумҳурӣ
- банақшагирии тадбирҳои давлатӣ ва байналмиллалӣ дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ.
16. Навъҳои асосии фаъолияти Китобхона аз пуррагардонӣ, ҳифзу нигоҳдории фондҳои китобхона, библиографинамоӣ, хизматрасонии китобдорӣ ва иттилоотии истифодабарандагон, фаъолияти фарҳангӣ-маърифатӣ, илмӣ, таҳқиқотӣ, методӣ, табъу нашр ва байналмилалӣ иборат мебошад.
17. Китобхона метавонад фаъолияти дигареро, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад, амалӣ гардонад.
3.СОХТОРИ КИТОБХОНА
18. Оиннома ва сохтори Китобхона аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
19. Фаъолияти Китобхонаро роҳбарият, шуъбаҳои такмил ва коркарди адабиёт, феҳристнигорӣ, нигоҳдорӣ, хизматрасонии китобдорию библиографӣ, автоматикунонии раванди китобдорию иттилоотӣ, маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ, илмию таҳқиқотӣ, интишорӣ, техникӣ, хоҷагӣ ва дигар шуъбаву бахшҳо ва марказҳои зарурӣ таъмин менамоянд.
20. Китобхона дар тавозуни худ метавонад бинои истиқоматӣ, хобгоҳ, истироҳатгоҳ, меҳмонхона, хоҷагии ёрирасони кишоварзӣ ва нақлиёти хизматии сабукрав, мусофирбар ва боркашро дошта бошад.
4.ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ КИТОБХОНА
21. Китобхона бо тартиби муқарраргардида дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:
- банақшагирии фаъолият ва дурнамои рушди Китобхона бо назардошти талаботи истифодабарандагони навъҳои фаъолияти китобхона;
- тибқи тартиби муқарраргардида бастани шартномаҳо ва созишномаҳо бо корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандон ҷиҳати пешбурди фаъолияти кори Китобхона;
- муайян намудани тартиби дастрасии истифодабарандагон ба фондҳои нашрияҳои махсусан боарзиш ва нодир;
- муайян намудани ҳаҷми маблағи кафолат дар ҳолати ба истифода додани нашрияҳои камёфт ва нодир, инчунин дигар ҳолатҳои тибқи қоидаҳои истифодабарии Китобхона муқарраргардида;
- муайян намудани андози ҷуброни зарари аз ҷониби истифодабарандагон ба Китобхона расонидашуда;
- дар асоси озмун ва дигар асосҳо иштирок намудан дар татбиқи барномаҳои давлатӣ ва минтақавии рушди фаъолияти китобдорӣ, дар таҳияи стандартҳо ва меъёрҳои китобдорӣ;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудани номгуй ва нархномаи хизматрасонии муздноки Китобхона;
- дар асоси шартномаи тарафайн ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муайян намудани шартҳои истифодабарии фондҳои Китобхона;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври иҷорадиҳӣ ба истифодаи муваққатӣ додани амволи дар ихтиёрдошта;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ оид ба ташаккул, ҳифзу нигоҳдорӣ ва истифодабарии фондҳои Китобхона;
- бо мақсади нигоҳдории ҳуҷҷатҳои фондҳои Китобхона сабтнамоии онҳо дар ҳомили электронӣ;
- дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудани ҳаққи узвияти ихтиёрӣ дар шакли молу амвол, пардохтҳои хайриявӣ, туҳфаҳо ва дигар маблағҳои молиявӣ тавассути васиятнома аз шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ, шаҳрвандони хориҷӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ.
22. Китобхона ҳуқуқ дорад, ки тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои зерини фаъолияти фоидаоварро амалӣ гардонад:
- ташкил кардани тадбирҳои фарҳангӣ- маърифатӣ, эҷодӣ ва таълимӣ оид ба соҳаи китобу китобдорӣ ва китобхонавӣ;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондани фаъолияти таълимӣ, баргузор кардани таҷрибаомузии мутахассисони китобхонаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷӣ, инчунин ташкили мубодилаи мутахассисон ва доир кардани таҷрибаомузии таълимии донишҷуён;
- дар доираи муқаррароти соҳаи фаъолият иҷроиши хизматрасонии иттилоотӣ ва машваратӣ;
- фаъолият ва хизматрасонӣ оид ба ташкил ва гузаронидани конференсияҳо, семинарҳо, намоишҳо ва дигар тадбирҳои иҷтимоию фарҳангӣ;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешиҳод намудани фондҳо ва биноҳои дохилии Китобхона барои аксгирӣ, наворбардории синамоӣ ва видеоӣ ва аз нав интишор кардани ҳуҷҷатҳо;
- ба фуруш баровардани маҳсулоти чопӣ, электронӣ ва армуғонӣ, нусхаҳои такрористеҳсолкунандаи ҳуҷҷатҳои дар ҳамагуна навъҳои таҷҳизоти барандаи электронӣ, аудиовизуалӣ, аудио - видеоӣ таҳияшуда ва ё аз ҳисоби фаъолияти даромаднок харидоришуда;
- хизматрасонӣ оид ба ташкили шабакаи захираҳои электронӣ дар доираи муқаррароти соҳаи фаъолият;
- хизматрасонӣ оид ба коркард, истифодабарӣ ва назорати низоми автоматикунонидашудаи хизматрасонӣ дар доираи муқаррароти соҳаи фаъолият;
- ташкили мағозаи савдои китоб, маводи конселярӣ ва дискҳои аудио - видеоӣ;
23. Китобхона уҳдадор аст:
- доир ба фаъолияти Китобхона ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд;
- қоидаҳои муқарраргардидаи ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарӣ, меъёрҳои санитарию беҳдоштӣ ва талаботҳои бехатарии зиддисухторро риоя намояд;
- ҳисобу китоби муҳосибавии фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ ва дигар навъи фаъолияти Китобхонаро дар ин самт ба амал бароварда, ҳисоботи оморӣ ва муҳосибавӣ пешниҳод намояд;
- қоидаҳо ва низоми нигоҳдорӣ, истифодабарӣ ва муҳофизати биноҳо, таҷҳизотҳо ва дигар амволи дар ихтиёри Китобхона қарордоштаро муайян ва таъмин намояд;
- қоидаҳои дастрасии истифодабарандагон, тартиби муҳофизати амвол ва арзишҳои дар биноҳо ва иморатҳои Китобхона мавҷудбударо муқаррар ва таъмин намояд.
- тибқи реҷаи фаъолияти корӣ дар доираи уҳдадориҳои худ амал намояд;
- тибқи тартиби муқарраршуда оид ба муҳофизати шаҳрвандӣ ва омодагиҳои зудамал тадбирҳои зарурӣ доир намояд;
- пуррагардонӣ, ҳифзу истифодаи хазинаҳои Китобхона, инчунин ҳисобу китоби махсус ва нигоҳдории нашрияҳою маҷмуаҳои ба радифи китобҳои ёдгорӣ воридшударо таъмин намояд.
24. Китобхона дар шакли электронӣ тайёр кардани нусхаҳои ҳуҷҷатҳои зеринро ба амал мебарорад:
- ҳуҷҷатҳои куҳна, фарсудашуда, осебдида ва иллатдошта;
- ҳуҷҷатҳои танҳо аз як нусха иборатбуда ва ё нодир, дастхатҳое, ки ҳангоми истифода боиси аздастдиҳӣ, харобшавӣ ва ё комилан нобудшавии онҳо пеш меояд;
- ҳуҷҷатҳое, ки тавассути дастгоҳҳои чопкунии дастӣ (мошинкаҳои чопкунӣ) нашр ёфта, ҷиҳати истифодабарии онҳо васоити зарурии техникӣ вуҷуд надоранд;
- ҳуҷҷатҳое, ки аҳамияти илмию таълимӣ доранд;
- ҳуҷҷатҳое, ки ба соҳаи пуррагардонии Китобхона мутобиқат менамоянд.
6. ФОНДҲОИ КИТОБХОНА
25. Китобхона махзани умумидавлатии хазинаи миллии китобӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо буда, аз фонди универсалӣ, маводи чопӣ, сарватҳои электронӣ ва маводи диссертатсионӣ доир ба тамоми соҳаҳои дониш иборат мебошад.
26. Фонди дастхатии Китобхона қисми таркибии бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
27. Фонди Китобхона ҳамчун қисми таркибии сарвати фарҳанги миллӣ мусодиранопазир буда, таҳти тартиби махсуси муҳофизат қарор дода мешавад ва истифодаи он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
28. Китобхона низоми пуррагардонӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва истифодабарии фонд ва дигар захираҳои иттилоотӣ, инчунин имкониятҳои дастрасӣ ба онҳоро муқаррар менамояд.
29. Китобхона бо мақсади таъмини муҳофизати махсуси ёдгориҳои таърихии китобӣ ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки дар фондҳои Китобхона маҳфузанд, мувофиқи тартиби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи фондҳои Китобхона маҳдудиятҳои муайян ҷорӣ менамояд. Иттилоот оид ба ҳуҷҷатҳое, ки истифодаи онҳо маҳдуд мебошанд, дастрасии умум мебошад.
6. ИДОРАКУНИИ ФАЪОЛИЯТИ КИТОБХОНА
30. Идоракунии фаъолияти Китобхона тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур ба амалӣ гардонида мешавад.
31. Роҳбарии Китобхонаро Директор ба уҳда дорад, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Директори Китобхона муовинон, аз ҷумла як муовини якум дорад, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва озод карда мешаванд.
32. Ваколатҳои Директори Китобхона:
- ба фаъолияти кории Китобхона роҳбарӣ карда, оид ба манфиатҳои он дар ҳамагуна корхонаҳо, идораҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, мақомоти давлатӣ ва инчунин судҳо намояндагӣ мекунад ва аз номи Китобхона шартномаҳоро ба имзо расонида, ваколатнома медиҳад;
- вазифаҳоро дар байни муовинон тақсим менамояд;
- бо тартиби муқарраргардида кормандони Китобхонаро (ба истиснои муовинон) ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд, вазифаҳои онҳоро муайян карда, бо кормандон шартномаҳои меҳнатӣ мебандад;
- ба кормандони Китобхона тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ ва чораҳои интизомиро мувофиқи тартиби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;
- низомномаҳои воҳидҳои сохтории Китобхонаро тасдиқ карда, фармонҳо ва фармоишҳо содир мебарорад, супоришҳои барои ҳамаи кормандони Китобхона ҳатмӣ бударо медиҳад;
- муқаррароти соҳавии такмили фондҳои Китобхонаро бо мувофиқаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида ба истифодабарандагон ва кормандони Китобхона шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда, ҷиҳати ҳифзу нигоҳдорӣ ва истифодаи босамари захираҳои китобхона ва инчунин маҷмуъи сарват ва коллексияҳои фарҳангӣ, бино, иншооот, таҷҳизот ва дигар амволи Китобхона масъулият дорад;
- ҷиҳати ҳалли вазифаҳои базиммадоштаи Китобхона комиссия ва гуруҳҳои корӣ таъсис дода, низомномаҳои онҳоро тасдиқ менамояд;
33. Директор вобаста ба уҳдадориҳои ба зиммааш гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад, аз ҷумла барои;
- натиҷа ва нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти Китобхона;
-вайрон кардани муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- иҷрои супоришҳои роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- пешниҳоди ҳисобот ба мақомоти давлатии омор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- истифодаи ғайримақсадноки воситаҳои молиявии Китобхона;
- ташкил ва татбиқи тадбирҳои вобаста ба мудофиаи гражданӣ, ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ;
34. Дар сурати ҳозир набудани Директор дар Китобхона иҷрои вазифаҳои у муваққатан ба зиммаи Муовини якуми директор вогузор мегардад.
35. Муовинони директор:
- муовинон ба ғайр аз иҷрои вазифаҳои мустақими худ, инчунин дар мувофиқа бо директори Китобхона дигар ваколатҳои иловагиро низ ба зимма доранд;
- дар таҳияи барномаҳо, консепсияҳо, дурнамо ва рушди стратегияи соҳаи китобдорӣ ва библиографӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои дахлдори инкишофи фаъолияти Китобхона иштирок менамоянд;
- Китобхонаро дар назди мақомоти давлатӣ, ҳамчунин ташкилотҳои байналмиллалӣ ва ҷамъиятӣ намояндагӣ мекунанд;
- дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба такмили фаъолияти китобдорию библиографӣ, илмию методӣ ва ташкилию идории Китобхона иштирок менамоянд;
36. Барои муҳокимаи масъалаҳои истеҳсолӣ, хоҷагӣ, иҷтимоӣ ва илмӣ дар назди директори Китобхона Шурои илмию методӣ дар асоси Низомномаи аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда амал менамояд.
37. Директор дар доираи салоҳияти худ метавонад дигар шаклҳои шуроҳо ва коммисияҳо таъсис диҳад, ки қарорҳои қабулкардаи онҳо хусусияти тавсиявӣ доранд.
7.ҲАМКОРИҲОИ ДОХИЛӢ ВА
БАЙНАЛМИЛАЛИИ КИТОБХОНА
38. Бо мақсади таъмини истифодаи самарабахши захираҳои иттилоотии давлатӣ Китобхона бо мақомоти иттилоотии илмию техникӣ, бойгониҳо, дигар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки маркази иттилооти дараҷаи гуногун доранд, амкорӣ менамояд.
39. Тартиби ҳамкории мутақобила тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин шартномаҳои миёни ин муассисаҳою ташкилотҳо басташуда муайян карда мешавад.
40. Китобхона мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкориҳои байналмилалии соҳаи фаъолияти китобдорӣ, библиографӣ, иттилоотонӣ ширкат варзида, оид ба масъалаҳои марбут ба китобхонаҳо дар ҷаласа ва конференсияҳои байналмилалӣ иштирок менамоянд.
8. АМВОЛ ВА ВОСИТАҲОИ МОЛИЯВИИ КИТОБХОНА
41. Амволи Китобхона (фондҳои ҳуҷҷатӣ, таҷҳизотҳо ва дигар амволе, ки ба ин муассиса аз ҷониби муассис вогузор карда шудааст) моликияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ихтиёрдории он аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳуқуқи истифодаи амалӣ тибқи феҳристи амвол ба танозуни Китобхона аз санаи таъсисёбии он дода мешавад.
42. Амволи Китобхона аз инҳо иборат аст:
- амволе, ки барои пешбурди фаъолияти кори Китобхона пешбинӣ шудааст;
- амволе, ки аз ҳисоби воситаҳои молиявии махсуси Китобхона, аз ҷумла аз ҳисоби даромадҳое, ки аз фаъолияти дар Оинномаи мазкур пешбинигардида ба даст омадааст;
- дигар амвол ва воридоте, ки қонунгзорӣ иҷозат додаст.
43. Ҳуқуқ ба идораи амволи Китобхона дар он ҳолат қатъ карда мешавад, ки тартиби он дар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар карда шудааст.
44. Китобхона уҳдадор аст, ки:
- истифодаи самаранок ва ҳифзу нигоҳдории амволро таъмин намояд;
- ба вайроншавии ҳолати амвол (ба истиснои ҳолатҳои тибқи меъёрҳои муқарраршуда дар ҷараёни истифода фарсудашавӣ) роҳ надиҳад;
- бо тартиби муайян амволи фарсудашударо аз тавозун барорад.
45. Даромадҳои аз фаъолияти фоидаовар бадастоварандаи Китобхона инҳо мебошанд:
- даромадҳо барои хизматрасонӣ тибқи шартномаҳои бо шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ басташуда;
- даромад аз фуруши билетҳои воридшавии абонементҳо ба Китобхона;
- даромадҳо аз баргузор кардани экскурсияҳо, намоишҳо, лексияҳо, ташкили барномаҳои фарҳангӣ ва эҷодӣ;
- даромад аз таҳия намудани барномаҳо ва сенарияҳо;
- даромадҳо аз фуруши маҳсулоти истеҳсоли худӣ, корҳо, хизматрасонӣ, ки дар асоси доштани иҷозатномаҳои дахлдор оид ба навъҳои фаъолият (маҳсулоти чопӣ, маҷаллаҳо, феҳристҳо, буклетҳо, эълонномаҳо, овезаҳо, тақвимҳо, барномаҳои хурд ва дигар навъҳои маҳсулоти интишории дар компакт - дискҳо, аудио ва видеокассетаҳо сабтгардида, ашёҳои ороиши бадеидошта) иҷозат дода мешавад;
- даромадҳо аз муассисаҳои фарҳангию маърифатӣ, ки ҷиҳати доир кардани таҷрибаомузӣ, семинарҳо ва машваратҳо ба даст меоянд;
- даромад аз хизматрасониҳои китобдорӣ, аз ҷумла воридшавии маблағ аз мизоҷони Китобхона барои ҷуброни осеби расонида ва гум кардани китоб;
- абонементи музднок барои пешниҳоди нашрияҳои арзишнок ва нодир, ҳомилҳои электронии иттилоот аз фондҳо;
- хизматрасониҳои иттилоотӣ- библиографӣ;
- хизматрасониҳои муқовабандӣ ва барқароркунии ҳуҷҷатҳо;
- даромадҳо аз хизматрасонии ҷустуҷуию мавзуӣ, рақамӣ ва суроғавӣ;
- даромадҳо аз расонидани почтаи фаврии электронӣ;
- даромадҳо барои хизматрасонӣ оид ба сабти иттилоот дар ҳомилҳои электронӣ;
- даромадҳо аз нусхабардорӣ, сканер, ҳуруфчинӣ ва чопи матнҳо;
- даромадҳо аз гузаронидани санҷишҳо, омода намудани тақризҳо, пешниҳоди маълумотномаҳо ва хулосаҳо;
- даромадҳо аз супоридани коғазпораҳо;
- даромадҳо барои ҷойгир кардани рекламаҳо дар дохили бинои Китобхона ва саҳифаи интернетии Китобхона;
- даромадҳое, ки дар асоси шартномаҳои бозгардандаи хизматрасонӣ (истифодабарӣ, коммуналӣ, маъмурию хоҷагӣ), ки аз талаботи шартномаҳои иҷораи амволӣ ва бо мувофиқаи молики амвол баста мешаванд, ба даст меоянд;
- даромадҳо аз ҷуброни зарарҳо, ҷаримаҳои аҳдшиканӣ (дигар намуди ҷаримаҳо, ҷаримаҳо аз напардохтани саривақтии маблағ), инчунин дигар ҳолатҳои дар қонунугзорӣ пешбинишуда ба даст меоянд.
46. Китобхона ҳамчун гирандаи маблағҳои молиявии буҷетӣ аз ваколатҳои зерин мебошад:
- харҷномаи буҷетиро тартиб дода, онро иҷро менамояд;
- истифодаи мақсадноки маблағгузории пешбинишудаи буҷетиро таъмин менамояд;
- ҷиҳати тақсимкунии маблағҳои буҷетӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо ирсол менамояд;
- ба ҳисобгирии иҷрои буҷетиро ба танзим медарорад;
- азхудкунии маблағҳои молиявии буҷетро ба танзим дароварда, оид ба натиҷаи иҷрои он ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо ирсол менамояд ;
- ваколатҳои дигареро, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, амалӣ мегардонад.
47. Маблағгузории фаъолияти Китобхона аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.
48. Хараҷоти мақсадноки маблағҳои Китобхона ба таври мустақилона ихтиёрдорӣ карда мешавад. Харҷномаи даромадҳо ва хараҷоти Китобхонаро бароли як сол, инчунин ҳисрботи истифодаи воситаҳои онро Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
9. АЗНАВТАЪСИСДИҲӢ ВА БАРҲАМДИҲИИ КИТОБХОНА
49. Азнавтаъсисдиҳӣ ва барҳамдиҳии Китобхона бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
50. Ҳангоми барҳамдиҳии Китобхона ҳуҷҷатҳои ба таври доимӣ муҳофизатшавандаи дорои аҳамияти илмию таърихӣ ҷиҳати ҳифзу нигоҳдорӣ ба хазинаҳои бойгониҳои давлатӣ супорида мешаванд. Ҳуҷҷатҳо оид ба ҳайати шахсии муассиса (фармонҳо, парвандаҳои шахсӣ ва варақаҳои баҳисобгирӣ, суратҳисобҳои шахсӣ ва ғайра) ҷиҳати нигоҳдорӣ ба ихтиёри хазинаи бойгонии маҳаллии Китобхона вогузор карда мешаванд.