Китоби нав. Қаҳҳори Расулиён. Осори мунтахаб. Ҷилди 3

Зиндагӣ. Яъне чӣ? Солҳои тўлонист, ки инсонҳо, бахусус ашхоси мутафаккир дар бораи сарфаҳм рафтан ба маъно ва муҳтавои ин вожа ва ин падида фикр мекунанду андеша меронанд. Аммо ҷавобҳо ва хулосабарориҳо гуногунанду қонеънакунанда. Чунки зиндагӣ худ як муамоест сарбаста ва дорои ҳазорҳо паҳлў.

Зиндагӣ он  аст, ки ҳар як инсон дар куҷое, ки хоҳад ва ти тавре, ки хоҳад бипўшад. Албатта, дар чаҳорчўби қонунҳои ҷории кишварию байналмилалӣ. Аммо ин тарзи зиндагӣ, ки бо маънои томаш зиндагии воқеӣ аст, ба теъдоди хеле кам андар  ками инсонҳо муяссар мегардад. Зиндагии ашхоси боқимонда ҷонкании тадриҷист ва қалам ба қалам равон ба сўи марг.

Зиндагӣ маҷмўи ранҷу азоб, меҳнату машаққат, дарду алам, хорию зорӣ, нотавонию бадбахтӣ, нокомӣ, комёбию хушбахтӣ аст. Аммо хушбахтии воқеӣ дар зиндагии аксар одамони рўи дунё хеле кўтоҳ ва зудгузар аст.

Зиндагӣ маҷмўи хурофотпарастиҳост, ки имрўз ҷомеаи мо - тоҷиконро сахт фаро гирифтааст.

Зиндагӣ маҷмӯи мухолифатҳои динию маҳзабист, ки аз қаъри асрҳо то ба рўзгори мо бо шиддат идома дорад. Ин муноқишаҳо ва ҷангу кушторҳои байнимазҳабӣ дар миёни адёни гуногун ва дохили динҳо, аз ҷумла дини ислом имрўз ҳам дида мешаванд.

Зиндагӣ маҷмўи масоили мушкилиҳост миёни илм ва дин.

Зиндагӣ маҷмўи сиёсатбозиҳост, сиёсатбозиҳои бемаънӣ ва аҳмақона.

Зиндагӣ модари бераҳму бешафқатест, ки гоҳе фарзандони дилбанди худро ба коми оташ меандозанд.

Зиндагӣ он қадар фиребанда аст, ки ҳеҷ кас - на шоҳу на надо, на пиру на ҷавон аз он дил канда наметавонад.

Зиндагӣ падидаест, ки то ба имрўз ҳеҷ кас ба бозиҳои он дуруст сарфаҳм  нахоҳад рафт.

Зиндагӣ маҷмўи орзую омоле аст, ки ҳеҷ интиҳо надоранд ва ҳамроҳи мо ба гўр мераванд.

Зиндагӣ соҳаи театре аст, ки ҳар кадоми мо дар он ҳам бозигар ва ҳа тамошобинем.

Зиндагӣ на саҳнаи театри ҷиддӣ, балки саҳнаи театри мазҳакавист ва  ҳар ки ҳунари масхарабозии хешро бештар ҷилва диҳад, ҳамон қадар бештар ба комёбӣ муваффақ мешавад.

Зиндагӣ чун худ дуруғ аст, дуруғгўёнро дўст медорад ва мепарварад.                

Зиндагӣ чун уқёнусест бекарон ва ҳар яке аз мо ғарқшуда дар он

Зиндагӣ маҳаллест дорои ду дарвоза. Аз якеаш ворид мешавему чизеро ба дурустӣ надида ва ба чизе сарфаҳм нарафта, аз дарвозаи дувум хориҷ мегардем...

Ва посухҳои дигар ба суолоти худро шумо аз ҷилди сеюми “Осори мунтахаби” адиб, рӯзноманигор, муҳаққиқи маъруф Қаҳҳори Расулиён, ки аввали ҳамин сол чоп шудааст, меёбед.

Ин китобро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Шарофат Мирзоева.