Ин китоб ба тозагӣ нашр шудааст ва ҳамин ду-се рӯз пеш вориди Китобхонаи миллӣ шуд. Дар муаррифии китоб омадааст, ки дар таърихи адабиёт нависандае нест, ки ба навниҳолони боғи ҳаёт асар наофарида бошад. Анъанаи ба хуртаракон ва наврасон бахшидани асарҳои бадеӣ аз сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ ба мо нависандагон мерос мондааст. Пасон адибони забардастамон Сотим Улуғзода ва Пӯлод Толис бо истеъдоди нодири худ ин жанри адабиро ба пояи баланди маҳорат бардоштаанд.
Дар маҷмўаи пешниҳодшуда ёздаҳ ҳикоя ва қиссаҳои адиб Зариф Ғулом гирд оварда шудааст, ки он ҳодисаю воқеаҳои
Жанри мусоҳиба дар воситаҳои ахбори омма ба сабаби инқилоби охири садаи бистум ва оғози садаи нав ривоҷи тоза пайдо намуд. Қаблан ин жанр танҳо дар расонаҳои хабарии хаттӣ – дар матбуот зуҳур карда буд. Воситаҳои электронии ахбор ба ин жанр имконоти васеъ фароҳам овард ва ба густариши бемайлони мусоҳибаи радиоию телевизионӣ мусоидат намуд. Ногуфта намонад, ки мусоҳибаи хаттӣ умри тўлонитар дорад, гарчи умри газетаро якрўза, агар ҳиммат кунад, чандрўза шуморидаанд, умри
Фотима Ғуломова-яке аз ҳунармандони маъруфи кишвар дар синни 87-солагӣ дар манзилаш шаҳри Душанбе аз олам даргузшт. Фотима Ғуломова ҳамсари шодравон Ҳабубллоҳ Абдураззоқов аст, ки моҳи январи соли равон аз олам гузашта буд. Фотима Ғуломова муддати бештар аз 60 сол дар саҳна буд ва дар даҳҳо намоиши театрҳо ва филмҳо нақшҳои хотирмон бозидааст, дар дубляжи садҳо филм ширкати фаъолона доштааст. Модаре, ки ҳунарманди маъруфе чун Барзуро ба миллат дода.