Ба истиқболи Рӯзи матбуот. Профессор Баҳриддин Камолиддинов: Мусоҳиба чи гуна бошад?

Жанри мусоҳиба дар воситаҳои ахбори омма ба сабаби инқилоби охири садаи бистум ва оғози садаи нав ривоҷи тоза пайдо намуд. Қаблан ин жанр танҳо дар расонаҳои хабарии хаттӣ – дар матбуот зуҳур карда буд. Воситаҳои электронии ахбор ба ин жанр имконоти васеъ фароҳам овард ва ба густариши бемайлони мусоҳибаи радиоию телевизионӣ мусоидат намуд. Ногуфта намонад, ки мусоҳибаи хаттӣ умри тўлонитар дорад, гарчи умри газетаро якрўза, агар ҳиммат кунад, чандрўза шуморидаанд, умри мусоҳибаҳои телевизионию радиоиро фақат  бойгонии эҳтиётии телеизиону радио ва лавҳи хотири бинандагону шунавандагон бақо мебошад.

Агар чунин мусоҳибаҳо, чӣ матбуотию чӣ расонаҳои электронӣ, ба шакли як китоб ё дастури таълимӣ ба табъ расанд, умри дароз мебинанд ва аҳамияти бештари таълимӣ дар муассисаҳои омўзиши касби журналистӣ ва барои худомўзии ҳаводорони ин пеша касб хоҳад кард. Ба тариқи мисол, як барномаи мухбири шабакаи аввали телевизиони ҷумҳурӣ дар хотирам нақш бастааст, ки бо ҳофизи маъруфи мардумӣ Маъруфхўҷа Баҳодуров сурат гирифта буд. Он симои кушод ва он суҳбати гарму лаҳни ширини шоиронаи ҳофиз фаромўшношуданист. Акнун ки ҳофиз дунёи равшанро падруд гуфтааст ва он журналист ҳам тарки пеша кардааст, аз куҷо муяссар гардад, ки бори дигар аз он суҳбати гарм баҳраманд гардем.

Ҳарчанд дар масъалаҳои назарияи журналистика салоҳияти казоӣ надорем, фикр мекунам, ки дар жанри мусоҳиба бояд ду нуқта аз ҳама муҳим бошад. Яке матлабе, ки журналист ҳангоми суҳбат пайгирона онро дунболагирӣ мекунад ва намегузорад, ки мусоҳиб аз ҳадафи асосӣ канор равад. Дуюм, салоҳият ва тайёрии пешакии журналист ба мусоҳибаи дар пеш истода, то ки ҳангоми суҳбат муносибати самимона ва боэҳтиромро нисбат ба мусоҳиб нигоҳ дорад, ба ў тазъиқ оварда, ақидаи худро бо зўрӣ ба дўши вай бор накунад.

Аз ин чанд мусоҳибае, ки дар ин китоб гирд оварда шуда аст, ҳамин хислатҳои хуби журналистиро дар фаъолияти Насрулло Туйчизода мушоҳида кардан мумкин аст. Бар замми ин ҳама Насрулло кўтоҳсухан аст. Матлабашро бо як- ду ҷумла ифода мекунад. Маҷрои суҳбатро нигоњ медорад, ғайричашмдошт зимоми суханро ба суйи дигар намегардонад, ба масъалаҳои ҳаёти шахсии мусоҳиб кам дахолат мекунад. Пурсишҳояш мўҷаз, саҳеҳ ва боэҳтиромона аст. Ба назарам чунин ҷиҳатҳои фаъолияти журналистии Насрулло ба рўзноманигорони мисли худаш навкор ибратомўз аст.

Устоди  марҳум профессор Баҳриддин Камолиддинов, ки соли гузашта дунёи фониро тарк карданд, ин матлабро чун сарсухан ба китоби  Насрулло Тӯйчизода “Дунёи соҳибдилон” навиштаанд. Як сарсухани кўтоҳ, вале басо омӯзанда.

Китоби “Дунёи соҳибдилон” соли гузашта чоп шудаву ҳоло ба хонандагони Китобхонаи миллӣ дастрас аст.

Тащияи  Бунафша Акбарова,

мутахассиси шуъбаи адабиёт

доир ба фарҳанг ва ҳунар.