Милоди Ҷӯрабек Мурод – Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ
Имрӯз милоди босаодати яке аз шаҳсутунҳои санъати тоҷик аст. Шахсе, ки тӯли солиёни дароз бо сурудаш пайғомрасони тоҷикони олам буду ҳаст. Пулест миёни гузашта ва имрӯз, устодест забардаст. Аз ҳалқаи он таронасароёни маҳбуб Зафар Нозим, Одина Ҳошим, Боймуҳаммад Ниёз, Барно Исҳоқова, Акашариф Ҷӯраев ва даҳҳои дигар, ки имрӯз ҷисман бо мо нестанд. Вале ҳамоно сурудашон, ҳунарашон базмҳои моро нурунӣ мекунанд, садояшон қалбҳои моро мунаввар месозанд.
Соате пештар Шоири халқии Тоҷикистон Озарахш дар саҳифаи худ дар Фейс бук навишт:
Субҳ ба хайр, тоҷикони дунё!
Субҳи милоди нури умед, таваллуди оҳанги муҳаббат, зебоӣ, накӯӣ...
Зодрӯзи абарустод Ҷӯрабеки Мурод.
Ин номи азизро дар ҳар ҷамъе, ки ба забон орем, қалбҳо рӯшан мешаванд, ҷонҳо гарм ва дастҳо каф ба ҳам мезананд.. беихтиёр...бо саодати тасаввурношуданӣ.
Қомати болову чеҳраи хандони Устод саҳнаҳо, толорҳо, базмгоҳҳо ва манзилҳоеро дар рӯзҳои ҷашну сур нуру гармии хуршедона бахшида ва хоҳад бахшид. Садои Довудонаи Устод ҳамеша марҳами ҷонҳои хурду калони мост.
Барои Маҳбуби халқ шудан мисли Устод Муҳиб будан даркор аст.
Кош ҳамаи мо эҳсос мекардем, ки...
Фақат Устод ва чанд Азизи Худованд метавонанд бо вуҷуди мубораки хеш ба мотамкадае пайғоми зиндагӣ бубаранд. Нафаси гарми фардои зебоеро бирасонанд...
Аз Худованди бахшандаву меҳрубон илтиҷо дорем, ки тану ҷони шарифи Устод Ҷурабекро саломат нигоҳ дорад. ба шарофати ҳастии эшон офату балоҳоро аз хонадони аҳли олам бардорад.
Мисли як суруд,
Мисли як оҳанг,
Мисли як дуруду дуъо дар субҳи Милод.
Як лаҳзаи ҳаёти ҳунарманд. Ҳамеша бо Ватан будам, ҳамеша бо Ватан масрур
Бо устоди ҳунар Ҷўрабеки Мурод дар бисёр ҷойҳои зебову дилфиребу хушманзари хориҷи кишвар будем. Тамошои коху табиату чизҳои аҷоиб ба чашмҳо нур, ба дилҳо сурур ва ба тану ҷон ҳузур мебахшиданд. Банда баъзан аз дидани чизи наҷибу хушнамуд ба ваҷд омада, таасуроти хешро ба дигарон ифшо мекардам. Боре устод пас аз шунидани гапҳои ман қаноатмандона изҳори назар карданд:
– Бале, касе, ки зебоиро ҳис мекунаду дида метавонад ва ба қадри он мерасад, инсони комил аст. Зебоӣ, яъне ҳусну малоҳат пирўзӣ бар торикиву ҷаҳолат аст. Чизи базеб ба кас ҳаловату нерў мебахшад . Дар рўйи замин чизи дидании аҷиб бисёр аст, лекин Наққоши Азал диёри худамонро чун шаҳмарди хушрўйи шамшодқади ҷомаи зардўзӣ ба бар ва ба мисли арўси дилрабои нозанини тоҷи тиллоӣ бар сар оро додаст. Ба кадом гўшаву канори олам равам, кишвари биҳиштосои худам пеши назар меояду бо хаёлҳои ширин хумор мешиканам . Ҳамон хонаҳои сангини дар ҷойҳои ноҳамвори кўҳсор сохта шудаанду ба нигоҳи шахси бегона безебу назарногир менамоянд, дар асл хеле зебоянд. Худи дар нишебии қариб амудӣ сохта шудани ин хел хонаҳои истиқоматӣ ва айвону тавилаҳо шоистаи таҳсин аст. Ҳазорон офарин бар муҳандисону бинокорони ин гуна хонаҳо!
Бародари азиз, Саъдулло, туро намедонам, лекин ман аз хоку обу нони Тоҷикистони беҳтар аз ҷон бисёр лаззат мебарам. Ба қуллаҳои пурбарф менигараму гумон мекунам, ки пири хирадманди тавонои дар сар дастори сафед бо ҳашамату виқор нишаста моро нигаҳбонӣ мекунад, барои сабзу хуррам нигоҳ доштани ин сарзамин ҷўйҳои оби чашмасорону дарёҳояшро ҷорӣ месозад. Ризқу рўзӣ, дороӣ ва тавонии мост ин кўҳсорони пурганҷ! Ба қадри ин пирони муқтадири давлатманди саховатпеша бояд расем….
Вақте ки борҳо дар Амрико будам, бисёр касон ба наздам омада даст мерасонданду вохўрӣ мекарданду ба оғўш мекашиданд. «Аз шумо бўйи Ватан меояд» мегуфтанд тоҷикони он кишвар. Кўҳсорону чашмасоронро мепурсиданд. Чанд нафар бо ҳасрат гуфтанд:
- Агар якборакак ба Тоҷикистон мерафтаму аз оби зулолу ширини чашмаи кўҳсораш кафҳоямро пур-пур карда нўши ҷон мекардам, розиву беармон ин дунёро тарк мегуфтам…
Вақте ки дар толори консертии он давлати абардқудрат суруди «Ватан» садо дод, ягон шахс бе парвою бе ҳаяҷону бе тараф набуд. Пас аз шунидани ин мисраъҳо шўру афғон бархост аз байни мардум, ашки чашмон шашқатор шуданд:
Ватан, дар ҳар куҷо омад ба сар форам ҳавои ту,
Ман аз он сўи уқёнус бишнидам садои ту
Агарчи дар миён тўфону мавҷи баҳрҳо буданд,
Вале омад ба гӯши ман садои рўдҳои ту...
Касе инони гиряи худро ба даст гирифта наметавонист. Дар ин лаҳза сангинтарин қалб ҳам тоб намеовард. Бо тамоми ҳастӣ суруд мехондаму хумор мешикастам. Одамони гирёнро дида дилхиҷил шудам. Пардаи ашк пеши чашмонамро гирифта буд. Дар пеши назарам табиати хушманзараи кишварам бо дурахши аҷоиби худ ҷилва мекард. Ҳамин ҳолат маро минбаъд аз дидани аҳволи риққатбори бинандагон, ки басо дилрешкунанда буд, мераҳонид. Бо садои баланд тараннум мекардам, ба пиндорам пажвоки таронаҳоям аз ҷониби Боми Чаҳон баргашта дар гўши худам такроран садо медоданд. Суруд пайғому мужда аст, суруд сулҳу ваҳдат аст, суруд дўстиву рафоқат аст, суруд дармонбахши дилу рўҳи хаста аст. Суруде, ки мардумро ба ҳаяҷону шўр меорад, ҳаргиз ба итмом намерасад.
Агарчи борҳо афтодам аз ёру диёрам дур
Ба сайёҳӣ маро карданд гарчи дўстон машҳур,
Вале ман дар ҳама ҷо, дар ҳама кунҷу канори даҳр
Ҳамеша бо Ватан будам, ҳамеша бо Ватан масрур.
Пас аз шунидани ин байтҳои охир шунавандагон инону ихтиёрро аз даст дода, маро иҳота карда, пас аз миннатдорӣ илтимосу илтиҷо кардаанд, ки ин сурудро такроран хонам. Бад-ин тариқ, суруди мазкур борҳо садо дод ва нишастагон аз ҷой хеста баробари овозхон замазама карданд.
Суруди «Оҳанрабо» низ бо ҳамовозии тамошобинон ба олам ғулғула андохт:
Он қадар дар дилписандӣ дилписандастӣ Ватан,
Дар сари тасвири ҳуснат кас намеёбад сухан.
Ҳеҷ дар дунё надорад рангу бўятро чаман
Аз ту дар осоишу роҳат бувад ҷон дар бадан,
Чунки инсонро фазои дилкушо гардидаӣ
Халқ чун оҳан, ту чун оҳанрабо гардидаӣ
Вақте ки тоҷикони Амрико маро саволборон карда, аз вазъияти диёри нозанини мо пурсон мешуданд, мегуфтам, Тоҷикистон дар ҷодаи ободиву рушду нумў ба пеш гоми устуворона мегузорад. Халқ дар шароити хуби тинҷиву амонӣ зиндагии хуррамона ба сар мебарад. Агар касе ҳозир ба пойтахт ё шаҳру деҳаҳои дигари Меҳани ман равад, дар ҳайрат мемонад…
Шоҳид шудам, ки тоҷикони кишварҳои дурдаст ҳаёти хешро бе ёди Тоҷикистон тасаввур ҳам намекунанд. Барои зиндагии хубашон ҳама чиз муҳайёст, вале чизи асосӣ барояшон намерасад. Вақте ки ба онҳо зиндагии серу пур ва зебояшонро хотиррасон мекунаму ғамгин нашуданашонро хоҳиш мекунам, онҳо ба садои қалби ман ҳамовоз шуда нидо мекунанд:
Бародари ҷон, аз ҳама зебост Тоҷикистон !!!
Июн ва июли 2012
Бозчоп аз китоби «Воломақом»-и Ҳакималӣ Назаралиев.
Таҳияи Нигина Маҳмудова,
мутахассиси шуъбаи
адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.