Рӯзи кинои тоҷик муборак бод!

“Кино чун рукни фарҳанги ҷамъият муҳимтарин воситаи таблиғу оммавӣ намудану густариш додани идеологияи давлатӣ ва миллӣ ба ҳисоб меравад, ки ягон  навъи дигари санъат онро иваз карда наметавонад.

                      Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамасола 16 октябр ҳамчун рўзи кинои тоҷик таҷлил мегардад. Кинои тоҷик фаъолияти худро 11 октябри соли 1929 оғоз намудааст ва он дар тўли 91 соли мавҷудияташ симои мардуми тоҷикро дар вазъиятҳои гуногуни таърихӣ ва иҷтимоӣ инъикос карда, ҳамчун намунаи фарҳанги миллӣ дар ташаккулу таҳкими тафаккури миллат бо паймудани марҳилаҳои гуногун саҳми арзанда гузоштаасту имрўз низ ҳамин рисолатро бар дўш дорад.

 Кино беҳтарин, оммавитарин ва муҳимтарин санъатест, ки тавассути он халқу миллатҳо бо таърих, фарҳанг, тараққиёти иқтисодиёту илму техника, манзараҳои зебои сарзамини кишварҳои ҳамдигар ошно мегарданд.

Санъати кино барои мустаҳкам гардидани дўстӣ ва ҳамфикрии халқҳо, барои пойдор шудани принсипҳои олии ахлоқӣ бисёр мададу ёрӣ расонида метавонад. Таърихан 4 намуди асосии кино шакл гирифтааст: бадеӣ, ҳуҷҷатӣ, мултипликасионӣ ва илмӣ – оммавӣ.

Оғози таърихи кинои тоҷик бо фаъолияти Комил Ёрматов сахт алоқаманд аст. Комил Ёрматов нахустин кинорежиссёри миллӣ буда, «Ҳуқуқи фахрӣ» (соли 1932) аввалин филми таҳиякардаи ў дар «Тоҷиккино» мебошад. Филми «Муҳоҷир» (соли 1934) барҷастатарин филми бадеии беовози тоҷик маҳсуб меёбад.

Эҳёи кинои тоҷик аз филми «Дохунда» сар шуд. Ин филмро аз рўи романи асосгузори адабиёти тоҷик Садриддин Айнӣ ба навор гирифтанд. Баъди филми «Дохунда» киностудияи «Тоҷикфилм» аз соли 1957 эътиборан соле 3-4-тогӣ филми бадеӣ истеҳсол мекардагӣ шуд, ки дар байни онҳо филмҳои «Ман бо духтаре вохўрдам», «Қисмати шоир», «Инсон пўсти худро иваз мекунад», «Ҳасани аробакаш», «Нисо», «Марги судхўр», «Бачаҳои Помир», «Рустаму Сўҳроб» ҳар кадомро як муваффақияти кинои тоҷик гуфтан равост. Дар ин давра кинои тоҷик ба арсаи ҷаҳон ҳам роҳ ёфт. Филмҳои «Ман бо духтаре вохўрдам», «Қисмати шоир», «Бачаҳои Помир», «Рустаму Сўҳроб» дар фестивалҳои умумииттифоқӣ ва байналмиллалӣ мукофотҳои олӣ гирифтанд.

Синамо муаррифгари ҳар як миллату давлат буда, тавассути он давраҳои гуногуни сарнавишти халқҳо, зиндагию рўзгори онҳо инъикос мегардад. Дар замони соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати мамлакат ба ин соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа диққати махсус медиҳад. Қабул гардидани Барномаи давлатии рушди кинои тоҷик барои солҳои 2018-2022 далели ин гуфтаҳост. Ғамхорӣ нисбат ба рушди кинои тоҷик яке аз роҳхои муҳими тарғиби фарҳанги миллӣ ва дастовардҳои давлати соҳибихтиёри мо, омили эҳё намудани таъриху маданияти қадимаи халқи тоҷик ва инъикоси масири пешрафти рушди он ба ҳисоб меравад.           

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи ТВ «Синамо» рўзи 1 марти соли 2016 махсус таъкид карда буданд: «Вақти он расидааст, ки филмҳои дарбаргиранда ва ифодагари арзишҳои неку созандаи миллӣ наворбардорӣ шуда, дар онҳо таъриху фарҳанг ва пешрафту дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол инъикос гарданд ва ба ҳамин васила пеши роҳи бозори филмҳои таҳмилии дорои хислат ва мазмуни фаҳшу зўроварӣ ва таблиғи арзишҳои барои мо бегона гирифта шавад».     

 Истиқлолият имконият фароҳам овард, ки кинои тоҷик шуҳрати ҷаҳонӣ касб намояд. Яке аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ – ин филмҳои коргардон Носир Саидов бо номи «Қиёми рўз», «Оинаи беҷило» (соли 2013), «Муаллим» (соли 2016) мебошанд, ки бо касбияти воло ба навор гирифта шудааст. Аз нигоҳи мавзўъ кинои тоҷик хусусияти ахлоқиву тарбиявӣ дошта, бинандагонро ба дарки хубиву бадӣ ва фарқи аслии сиёҳу сафед раҳнамун месозад. Ҷанбаи дигаре, ки хусусияти баланди таъсиррасонӣ дорад, ин санъати зебои филмофарии коргардонҳо мебошад. Воқеан ҳам, кино санъатест, ки тавассути он неруи ақлониву зеҳнии ҷомеаро метавон баланд бардошт. Рўзи кинои тоҷик муборак! Хушбахтона, дар Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ як силсила филмҳои тавлиди “Тоҷикфил” мавҷуданд, ки хонандагон онҳоро метавонанд тамошо кунанд.                                                                                                                                                                                                                                                  Таҳияи Муяссар Қаюмова,

мутахассиси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар: