Дар библиографияи монографии мазкур оид ба ҳаёт ва фаъолияти рӯзноманигор, мунаққид, адабиётшиноси варзида ва адиби бомаҳорати тоҷик Ҳасани Муҳаммадӣ мавод пешниҳод мегардад ва хонанда дар он нисбати санаҳои асосии ҳаёт ва фаъолият, номгўи асарҳои ў бо тартиби солшуморӣ ва тавсиф, адабиёт дар борааш ва кумакфеҳристҳои ёрирасон (асарҳо ва ашхос) барои дарёфти таъҷилии мавод пайдо карда метавонад.
Муаллифи библиография Ҷӯрабой Раҷабов дар пешгуфтор менависад:
Рўзноманигор, мунаққид, адабиётшиноси варзида ва адиби бомаҳорати тоҷик Ҳасани Муҳаммадӣ 30 октябри соли
Ёқути Ҳамавӣ Шиҳобуддин Абиабдуллоҳ ибни Абдуллоҳ ар-Румӣ, ал-Ҳамавӣ (тақр. 1179, Осиёи Хурд – 1229, Ҳалаб), олим, сайёҳ, муаррих ва ҷуғрофиёдони маъруфи асримиёнагӣ. Дар хонадони юнонӣ таваллуд шуда, дар хурдсолиаш ба дасти мусулмонон асир афтод. Ўро дар бозори ғуломфурўшии Бағдод тоҷире бо номи Аскар ибни Абунаср Иброҳими Ҳамавӣ аз шаҳри Ҳамоҳ харидорӣ намуд. Бо ин сабаб нисаби соҳибаш аз Ҳамавӣ ба Ёқутӣ гузашт.
Азбаски Ёқути Ҳамавӣ падарашро намедонист, аз рўйи анъана ўро «Ибни Абдуллоҳ» мегуфтанд. Чун хоҷаи Ёқути Ҳамавӣ чандон саводи хуб надошт, ўро дар мактаб гузошт, то дар корҳои ҳисобу китоби тиҷораташ ба ў ёрӣ расонад. Ёқути Ҳамавӣ аз давраи ҷавонӣ бо супориши
Ёркасӣ
Ёркасӣ Абубакр Муҳаммад ибни Ҳасан ибни Ҷаъфар (1055 дар рустои Ёркас, Самарқанд – 1126, рустои Чокапдиза, Самарқанд), фақеҳ ва қории Қуръон. Дар Самарқанд назди қозӣ ва имом Муҳаммад ибни Аҳмад ал Хаффоф таълим гирифта, аз имомхатиб Абубакр ибни Ҳамза ал-Мадинӣ ва қозӣ Абуалӣ ал-Ҳасан ибни Муҳаммад ал-Фуқоӣ ахбор шунидааст.
“Эй инсон, ҳар ҷо, ки бошӣ ва ҳар ҷо, ки биёӣ, зеро медонам хоҳӣ омад, ман Курушам, ки барои порсиҳо ин давлати бекаронро бунён ниҳодам, бад-ин мушти хок, ки маро пӯшондааст, рашк мабар!...”
Ва мегӯянд: Искандар вақте ин навиштаро барояш тарҷума карданд, сахт таҳти таъсир қарор гирифт. Зеро ба хотир овард, ки азамати инсон чӣ қадр машкук ва нопойдор аст. (“Эрони бостон”, нақл аз Плутарх, банди 90).
Ин чанд ҷумла аз сарсухани Бостонӣ Поризӣ, донишманди эронӣ ва мутарҷими китоби Мавлно Абдулкаломи Озод
Ин дастури таълимӣ аз фанни таълимии «Таъмини амнияти иттилоотӣ» дар шакли тестӣ пешбинӣ шуда, барои курсантон, шунавандагон, муаллимон ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба пешбурди фаъолияти мазкур судманд хоҳад буд. Муаллиф Сафархон Вализода, ки муаллими калони кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии Академияи ВК ҶТ мебошад, дар сарсухани китоб менависад:
Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақили ҷавон дар раванди ҷаҳонишавӣ бо вуҷуди дастовардҳои зиёди моддӣ ва маънавиаш, аз назари рушди технологияи иттилоотӣ ҳанӯз нақши таъсирпазирро дорад. Муқобилат ва истодагарии кишвар дар раванди қабули арзишҳои башарӣ