Дар библиографияи монографии мазкур оид ба ҳаёт ва фаъолияти рӯзноманигор, мунаққид, адабиётшиноси варзида ва адиби бомаҳорати тоҷик Ҳасани Муҳаммадӣ мавод пешниҳод мегардад ва хонанда дар он нисбати санаҳои асосии ҳаёт ва фаъолият, номгўи асарҳои ў бо тартиби солшуморӣ ва тавсиф, адабиёт дар борааш ва кумакфеҳристҳои ёрирасон (асарҳо ва ашхос) барои дарёфти таъҷилии мавод пайдо карда метавонад.
Муаллифи библиография Ҷӯрабой Раҷабов дар пешгуфтор менависад:
Рўзноманигор, мунаққид, адабиётшиноси варзида ва адиби бомаҳорати тоҷик Ҳасани Муҳаммадӣ 30 октябри соли 1940 дар маҳаллаи Баландпояи шаҳраки Дарбанди ноҳияи Бойсуни Ҷумҳурии Ўзбекистон таваллуд ёфтааст ва дар мактаби зодгоҳаш таҳсил намуда, баъдан факултаи филология тоҷики Донишгохи давлатии Самарқандро (1964) ба итмом расонидааст.
Ҳасани Муҳаммадӣ пас аз ба шаҳри Душанбе ташриф оварданаш дар донишкадаҳои омўзгории пойтахт ва хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шотемур) аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ба толибилмон дарс медиҳад. Ў аз аввали солҳои 80-и қарни бист ба кори рўзноманигорӣ мепардозад ва аввал ба ҳайси ходими калони рузномаи «Маориф ва маданият» (ҳоло «Адабиёт ва санъат») фаъолият менамояду сипас дар Вазорати фарҳанги ҷумхҳрӣ ба ҳайси сармуҳаррир машғул мешавад.
Чанд муддате Ҳасани Муҳаммадӣ дар Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳдқиқотии фарҳанг ва иттилооти Тоҷикистон заҳмат мекашад.
Ҳасани Мухаммадӣ аз нимаи солҳои шастуми садаи бист дар рўзномаҳои кишварамон мақолаю очерк ва тақризҳо масоили адабиёти муосир, классикӣ ва шифоҳии тоҷик интишор мекунад ва худро ҳамчун адабиётшинос ба хонанда муаррифӣ менамояд.
Ў ҳамчун адабиётшинос бештар ба таҳқиқи эҷодиёти осори Мирзо Турсунзода мепардозад ва дар натиҷа мақолаҳои хонданбоби ў «Баъзе масъалаҳои достони лирикӣ» (1972), «Хусусиятҳои жанрию бадеии достони «Ҳасани аробакаш»-и Мирзо Турсунзода» (1976), «Чароғи адабӣ» дар танқиди адабӣ», «Маҳорати Мирзо Турсунзода дар достони «Чароғи абадӣ», «Баъзе қайдҳо оид ба хусусиятҳои жанрии достони «Ҷони ширин», «Шеърияти достон» (1979) ва дигар рўйи чоп меоянду натиҷааш дар рисолаи «Достони фалсафӣ ё фалсафаи достон» дар китоби дастҷамъии «Эъҷози ҳунар» (1992) аз ҷониби нашриёти «Адиб» интишор мешавад.
Ҳасани Муҳаммадӣ аз охири солҳои ҳаштодум ба навиштани достонҳои насрӣ шурўъ мекунад ва дар натиҷа як зумра асарҳои ҷолиб, ба монанди «Афсонаи дил», «Закоти ҳусн», «Дарёи ғазалҳо», «Ростоншоҳ» ва дигар манзури хонанда мегарданд. Баъдан асарҳои насрию назмии ў «Қатраборон» (2000), «Гулбонги ошиқона» (2010), «Садои пойи борон» (2010), «Меҳргоннома» (2012) ва дигар интишор мешаванд.
Ў дар ҷодаи драматургия низ заҳмат мекашад ва дар натиҷа песаҳои «Устои қулфи англисӣ», «Шербачаи зардгун» ва филмномаҳои «Гавҳорабандон»-у «Мазори Шариф»-ро меофарад. Ӯ аз соли 1996 аъзои Иттифоқи нависандагон мебошад.
Меҳриниссо Гадоева, корманди шуъбаи
маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.