Функсияи ҳифзи ҳуқуқии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон: Масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ

 Монографияи мазкур ба таҳқиқи илмӣ-амалии функсияи ҳифзи ҳуқуқии давлат, шаклу усулҳои амалисозии он бахшида мешавад. Дар он ҷанбаҳои гуногуни мафҳум, мазмун намудҳои функсияҳои давлат, фаъолияти ҳифзи ҳуқуқӣ, низоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқ гардида, мустақилияти функсияи ҳифзи ҳуқуқӣ дар низоми функсияҳои давлат муайян карда мешавад. Дар раванди таҳқиқи функсияи ҳифзи ҳуқуқӣ заминаҳои илмӣ ва амалии мустақилияти он, таносубаш бо функсияҳои дигари давлат, аз он ҷумла бо фаъолияти ҳифзи ҳуқуқӣ чун шакли махсуси амалисозии функсияҳои давлат муайян ва таҳлил карда мешаванд.

Дар монография таклифҳо оид ба таъмини самароникии амалӣ гардидани функсияи ҳифзи ҳуқуқии давлат, такмили низоми ҳифзи ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш карда мешаванд.

Барои олимони соҳаи ҳуқуқшиносӣ, омўзгорон, аспирантон (адъюнктон), магистрҳо, муҳаққиқони муассисаҳои олии касбии таҳсилотӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ, инчунин доираи васеи хонандагон тавсия мешавад.

Муаллиф Ҳафиззода Шодӣ Хуршед буда, китоб охири соли гузашта дар нашриёти “Эр-Граф” чоп шудааст.

Китобро метавонед аз ҳамаи толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ дастрас намод ва мутолиа кунед.

Файзидин Қурбонов,сармутахассиси  шуъбаи маркетинг

ва менеҷменти фаолияти китобдорӣ