Муаллифи ин китоб Эмомалӣ Андалеби Хатлонӣ буда, ҳоло 65 сол дорад. Хатмкардаи Донишкадаи техникии Тоҷикистон ба номи Осимӣ ва мактаби олии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Тошканд мебошад.
Китоб фарогири ривоятест машҳур, аз сарзузашти пурмоҷарои зироати қиматтарин барои инсон-гандум, ки чун зари холисаш низ ном мебаранд ва бешак, маводест пурҳикмату хонданбоб.
Андалеб, аслан шоири достонсарост ва тавре худи ў мегўяд, шояд ин ҷавҳар аз таъсири достонҳои “Ҷони ширин”-и устод Турсунзодаву “Хирадномаи искандарӣ”-и Мавлоно Ҷомӣ, инчунин ашъори баландпарвози Фирдавсию Аттор ва Мавлавию
Таъмини ҳифзи моликияти зеҳнӣ дар замони муосир бо назардошти пешрафти илмӣ-техникӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ ба яке аз проблемаҳои муҳим табдил ёфта, дар раванди рушди илм, адабиёт, санъат, ихтироъкорӣ ва умуман иқтисодиёт нақши калидӣ дорад. Ин ҳолат тамоми мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро уҳдадор менамояд, ки моликияти зеҳниро риоя ва ҳифз намоянд.Зарурияти таъмини ҳифзи моликияти зеҳнӣ дар Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнӣ ба ҷой доштани моликияти соҳавӣ асоснок карда мешавад.
Ростӣ аз шунидани хабари фавти нобаҳангоми Мусо Асозода, дӯст ва бародари донишманду арҷманд дилам хун шуд. Бо Мусо дӯст будем, ҳарчанд хеле дер-дер медидем. Баъди даргузашти устод Худойназар Асозода дар бораи устод ба ӯ ҳамсӯҳбат шудам. Онро дар ҳафтаномаи “Нигоҳ” чоп кардам. Баъдан он бо библиографияи устоди шодравон дар сомонаи Китобхонаи миллӣ ҳам ҷо дода шуд.
Қиматшо Иматшоев агар зинда мбуд, имсол ба синни 90 даромада буд. Моро аз марги нобаҳангоми ин ҳунарманди нотакрор 48 сол ҷудо мекунад. Яъне, ҳуудан ним аср аст, ки бо мо нест. Вале дар м аҳфилҳои ҳунариву театрӣ ҳамеша аз ӯ ба некӣ ёд мекунанд. Ҳунарманде буд, ки бо образҳои мондагораш дар ёду хотири биннад боқӣ мондааст.
Шоир нависанда, ходими намоёни ҷамъиятӣ ва асосгузори назми инқилобии Туркия, Нозим Ҳикмат аз худ зиндагиномаи ибратомўз ва мероси ғаниву пурмўҳтаво боқӣ гузоштааст. Ӯ 20 –январи соли 1902 дар оилаи ашроф тавлид ёфта, ҳанўз аз наврасӣ бо воқеаву ҳодисаҳои пуртўфони ҳаёти он давр ошно шуд ва тадриҷаи яке аз муборизони асили роҳи озодӣ асили роҳи озодӣ гардид. Фаъолияти эҷодӣ ва сиёсии Н. Ҳикмат мусовӣ ҷараён гирифтааст. Аз соли 1917 маҳсули қалами