Табиб А.Ғоибов китоби хотироти худро ҳамин гуна унвон кардааст ва дар сарсухан ҳадафи навиштани онро ин гуна баён доштааст: “Хотирот як навъ руҷўест ба ҳаёт гузаштаву рўзгори кунунии ҳар фард. Банда ҳам дар радифи он ҳамсолони солхўрдае мебошам, ки бори гарони ғаму андўҳи даврони кўдакию наврасӣ, азобу азиятҳои айёми шубоб, илм дар мактаби олии тиббӣ, инчунин ҳангоми хуррамию такопўи зиндагии мустақилонаю фаъолояти корӣ дар муассисаҳои табобатиро бар дўш доштам. Ҳадаф аз иншои ин сатрҳо даъвои нависандагию рўзноманигорӣ набуда, фақат ба хотири бозгў намудани