Толибилмон мегуфтанд , ки Партов Ҷалилович падари маънавии мо ҷавонони аз қишлоқ омада буд. Ў мураббии собиқадор, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонӣ нишон дода, чандин бор ҷароҳат бардоштааст. Ба омўзишгоҳ бошад, баъди ҷанг омад. Тўли солҳои зиёд дар ин ҷо садҳо ҷавонони болаёқатро ба воя расонида, ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ гуселонид. Сари даҳҳо ятимонро падарвор бо даст сила карда, шебу фарозашонро бо эшон якҷоя дидааст…Ман инро акнун фаҳмидам. Фаҳмидам вақте ки саҳифаҳои чанд рўзномаро варақгардон кардаву ба чанд бойгоние сар халондам. Фаҳмидам вақте, ки бо шогирдони ў ҳамсўҳбат шудам. Фаҳмидам, вақте расми ниҳоят зебои ўро дар
Дар 4-моҳи соли 2020 аз Китобхонаи электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бештар 30 - ҳазор хонанда истифода бурдааст. Мутахассисони шуъба мегӯянд шаҳрвандоне, ки ба шабакаи ҷаҳонии интренет дастрасӣ доранд, баъд аз сабти ном дар сомона имкони дастрасӣ ба беш 321 ҳазор китобро пайдо мекунанд. Кормандони
Чун танинандоз шуд мавҷи садояш дар ҳаво,
Оҷизу хору забун шуд номеҳрубонони Шашмақом.
Дар тўли фаъолияти эҷодии зиёда аз нимасраи хеш бо ҳунари воло, санъати асил ва қобилияти нотакрори хеш ба дилу дидаи мардуми Машриқзамин ҷо гирифтааст. Суруду таронаҳои ҷаззобу форами ў дар замири пиру ҷавон мазмуни амиқу ғояҳои олии ватанхоҳона ва башардўстонаи бузургони фарҳангу адабро парвариш намудааст.