Ман наям «Девона», номамро Карим бинҳодаанд...
Шоири мардумӣ Карим Девона имсол 140-сола шуд. Расо 100 сол пеш, дар синни чиҳилсолагӣ тарки олам карда буд. Дар бораи ин шоири шӯрида нависандаи маъруф Ҳабибулло Назаров асари шоистае дорад бо номи “Дар ҷустуҷӯи Карим Девона”.
Карим Девона (номи аслиаш Абдукарим Қурбон) шоири халқии тоҷик соли 1878 дар деҳаи Ҷурраки Ҳисор ба дунё омадааст. Ба деҳқонӣ ва бофандагӣ машғул буд. Бо мардуми фозили замонаш Абдуррасули Қубодиёнӣ, Толиби Афсонагуй, Муллобобо, Муллоҳомид ва Муллоҷўраи Ҳисорӣ, бо гурўҳи бофандагони Қаратоғ, аз ҷумла Тағоймуроди Танбўрӣ мутахаллис ба Хиҷил, Мирзонўъмони Мафтун рафту омад дошта, аз сўҳбатҳои адабии онҳо баҳравар гаштааст.
Ба шаҳрҳои Деҳнав, Тирмиз, Шаҳрисабз, Самарқанд, Бухоро, Қуқанд борҳо сафар карда, бо равшанфикрони замонаш тарҳи дўстӣ афкандааст. Аз тарафи ҳокимони давр борҳо таъқиб шуда, соли 1910 барои ашъори зиддизамонавиаш ба ҳабс афтод ва мири Ҳисор ҳукми қатли ўро эълон кард. Аммо зилзилаи Қаратоғ ба иҷрои ҳукм қонеъ шуд: мир онро ғазаби худо пиндошта шоирро аз ҳабс озод кард. Шоир худро ба «девонагӣ» зада, ҳукуматдорони замонашро рўирост танқид карда ва мардумро ба таври стихиявӣ бошад ҳам, ба мубориза даъват менамуд:
Ман наям «Девона», номамро Карим бинҳодаанд,
Лек аз дасти замона мекунам девонагӣ.
Эй фақирон, як шавед бо ҳамдигар билиттифоқ,
Чўбу санг оред бар фарқи сари миру иноқ.
Карим Девона аз адабиёти классикӣ таъсири зиёде бардошта, эҷодиёти вай дар байни фолклор ва адабиёти хаттӣ меистад. Ў бештар шахсони алоҳида, ҳоким, миршаб, қозӣ, амини бозор ва ҳатто деҳқонони камбағалро, ки ба мансабдорон хушомад мезаданд, ба зери тозиёнаи танқид мегирад (шеърҳои «Ба шоҳ», «Надорам», «Магар гуноҳ аст?», «Мезананд девонаро”, «Дар вафоти Абдулмаҷид», «Баҳс бо Муҳаммадалибои Ашқар», «Шўриён бозор шуд», «Тўйи калон дар Ҷуррак» ва ғайраҳо.).
Карим Девона гоҳ аз фалак менолад (шеърҳои «Эй фалак», «Фалаки ситамгар», «Нолаи модар», «Ранги заъфарон») ва гоҳе дарун-дарун сўхта, ғусса хўрда, шикоят пеши кассе намебарад ( шеърҳои «Надорам», «Магар гуноҳ аст?»). Вале дар ашъори давраи охираш ба муқобили шоҳу сохти амирӣ овози хешро баландтар кардааст (шеърҳои «Ба шоҳ», «Инсон ғулом намешавад», «Шўриши Ҳисор» ва ғайра). Бедории фикрии Карим Девона ба туфайли сўҳбатҳо бо равшанфикрон ва маорифпарварони давраш, саёҳатҳои ў ба шаҳрҳои гуногун пайдо шудааст.
Шўришҳои пайдарпайи халқӣ, ки солҳои 1907-1916 бо таъсири инқилоби якуми рус ба амал омада буданд, онро инкишоф доданд:
Гуфт: «Эй ёрон, натарсед ҳеҷ гоҳ,
Қатли ман вожгун намояд тахти шоҳ».
Ин шуниду халқ шуд андар ҳуҷум,
Сангборон шуд ба фарқи аҳли шум.
Карим Девона ба забони ўзбекӣ низ шеърҳо дорад.
Ў соли 1918 дар деҳаи Ҷурраки Ҳисор аз олам гузаштааст.
Бозчоп аз «Энсиклопедияи советии тоҷик». – 1981. – Ҷ.3. – С. 246-247.
Муаллиф: Ҳ. Назаров
Дар Китобхонаи миллӣ аз Карим Девона ва дар бораи ӯ ин матолибро метавон хонд:
Сатрҳои оташин. – Сталинобод, 1958. – 102 с.
Сатрҳои оташин. – Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1961. – 120 с.
Шўриён бозор шуд; Арзанӣ; Хуки майдон: Шеърҳо // Т. Усмон. Ханда ва истеҳзо. – Душанбе, 1962. – С. 47-50.
Сатрҳои оташин. – Нақши аҷам, 1991. – 64 с.
Магар гуноҳ аст?: Шеър // Тоҷикистон. – 1957. – №5. – С. 20.
Муллоҳои фиребгар: Шеър // Тоҷикистон. – 1957. – №5. – С. 21.
Шамолак: Шеър // Тоҷикистон. – 1957. – №5. – С. 21.
Бегона шав: Шеър // Шарқи Сурх. – 1957. – №4. – С. 105.
Заҳри ситам: Шеър // Шарқи Сурх. – 1957. – №4. – С. 105.
Даврони ман аст: Шеър // Шарқи Сурх. – 1957. – №4. – С. 106.
Кўҳи ғозиён: Шеър // Шарқи Сурх. – 1957. – №4. – С. 106.
Тақдири ман: Шеър // Шарқи Сурх. – 1957. – №4. – С. 104.
Эй бехабар, эй бехабар: Шеър // Шарқи Сурх. – 1957. – №4. – С. 104-105.
Эй фалак: Рўбоӣ // Шарқи Сурх. – 1957. – №4. – С. 103.
Баъд аз зилзилаи Қаратоғ: Шеър // Тоҷикистон. – 1957. – №3. – С. 21.
Дар бораи шоир
Назаров, Ҳ. Дар ҷустуҷўи Карим-Девона. – Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1958. – 206 с.
Назаров, Ҳ. Дар ҷустуҷўи Карим-Девона: Нашри дуюм. – Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1961. – 198 с.
Назаров, Ҳ. Дар ҷустуҷўи Карим-Девона. – Сталинобод: Ирфон, 1968. – 218 с.
Назаров, Ҳ. Осори мунтахаб: Иборат аз
ду ҷилд. – Душанбе: Ирфон, 1978. – Ҷ.1. – 456 с.Назаров, Ҳ. Дар ҷустуҷўи Карим-Девона: Қисса. – Душанбе: Ба
лоғат, 2007. – 336 с.Ҳасан Юсуфи Файзбахш. Карим Девона ман ва ҳамдеҳагон…. – Душанбе: Ирфон, 2014. – 96 с.
Назаров, Ҳ. Карим-Девона // Газетаи муаллимон. – 1957. – 17 август.
Назаров, Ҳ. Шеърҳои Карим-Девона // Шарқи Сурх. – 1957. – №4. – С. 102-108.
Одинцов, А. Абдукарим афсона шав: Дар бораи Карим-Девона // Тоҷикистон. – 1957. – №5. – С. 20-21.
Султонов, Ш. Дар ҷустуҷўи Карим-Девона // Ҳақиқати Ленинобод. – 1959. – 1 феврал.
Асадов, Қ., Ҳусейнов, Ҳ. Дар ҷустуҷўи Карим-Девона: Фикру мулоҳизаҳои хонандагон // Комсомоли Тоҷикистон. – 1959. – 10 апрел.
Хисомов, К., Неъматов, Т. Карим-Девона // Маориф ва маданият. – 1962. – 19 июл.
Холов, Р. Меҳрномаи авлодон: Поси хотири шоири халқ Карим Девона дар ноҳияи Илич // Тоҷикистони Советӣ. – 1989. – 3 январ.
Шоймардонов, А. «Номам Карим-Девона шуд»: Ба пешвози 110-умин солгарди шоири халқ Карим-Девона // Тоҷикистони Советӣ. – 1989. – 25 феврал.
Муминов, А. Мешавад фардо, ки даврони ман аст: Ба 110-солагии шоири халқ Карим-Девона // Ҷавонони Тоҷикистон. – 1989. – 7 апрел.
Нозирӣ, Ҳ. Дар ҷустуҷўи Карим-Девона: Бозёфт // Адабиёт ва санъат. – 1991. – 21 март.
Нозирӣ, Ҳ. Ба шоир Карим-Девона // Нури Илич. – 1991. – 23 апрел.
Шарифӣ, М. Карим-Девона баёнгари аҳволи халк: Аз эҷодиёти шоири халқӣ Карим-Девона // Ҳисори Шодмон. – 2017. – 21-31 октябр.
Таҳияи Насиба Даниярова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ