Феҳристи электронӣ
Китобхонаи миллӣ дорои ду навъи феҳрист аст. Феҳристи анъанавӣ ва феҳристи электронӣ. Барои истифодаи феҳристи электронӣ барномаи «ExLibris Aleph» насб шудааст, ки кори хонандагонро хеле осон ва содда мекунад.
Қисми «ОРАС»-и барномаи «ExLibris Aleph» барои истифодаи хонандагон таъсис шудааст. Феҳристи электрониро бо рақами корти аъзогӣ ва коди вурудӣ, ки дар замони бақайдгирӣ ба хонанда дода мешавад, метавон истифода бурд.
Пас аз ворид шудан ба барнома хонанда рақами корт ва коди вурудии худро ворид намуда, сипас тугмачаи -ро пахш менамояд, китоби мавриди назари худро ҷустуҷӯ ва пайдо намуда, барои мутолеаи он дархост мефиристад.
Китоби мавриди назарро хонанда метавонад аз рўи номи муаллиф, номи асар ва соли интишори он ҷустуҷў намояд.
Пас аз дарёфти китоб ё манобеъи иттилоотии лозима тугмачаи -ро пахш менамояд ва дархости худро ба махзани лозима мефиристад. Илова бар ин хонанда метавонад мушаххасоти библиографии маводи лозимаро дастнавис карда, ба толори хониш фиристад.