Activities calendar
20 мая 2015
Саду бист китобе, ки бояд хонд
Нашр шуд 2015-05-20 14:42Чигилак чист?
Нашр шуд 2015-05-20 14:26
Як жанри тозазуҳур дар адабиёти бачагонро “чигилак” ном гузоштаанд. Чист он?
Посухи ин суолро аз сарсухани адиби шинохта Ҷӯра Ҳошимӣ дар китоби ӯ бо номи “Бодомгули олуча” пайдо кардем, ки ин ҷо меорем:
“Чигилак як гунаи шеър аст, ки адибони бисёр халқҳои олам эҷод мекунанд, бисёр хонандагони хурдсол онро дӯст медоранд, бо шавқу ҳавас мехонанд ва азёд мекунанд.
Ин намуди шеър дар адабиёти рус бо номҳои “ералаш”, “небылица”, “перевертыш” машҳур аст. Дар ин гуна шеърҳо воқеъа ғайритабиӣ, пасупеш, чаппаву роста, баръакс ва барҳамдарҳам тасвир мешавад. Ин хусусияти чигилакҳо хонандаро водор мекунад, ки онро бодиққат хонад, зирактару ҳушёртар бошад, хондаашро мулоҳиза кунад ва аниқу дақиқ донад.
Ҳамин хусусиятҳои ин намуди шеърро ба назар гирифта, мо онро...

Маҳфили Ҳамешабаҳор» -и Китобхонаи миллии Тоҷикистон ин бор рўзи 20-уми майи соли равон дар мактаби деҳаи Тўдаи ин ноҳия баргузор мегардад ва он ба поси хотири шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ ва 3000-солагии Ҳисори шодмон бахшида мешавад.
Дурӣ аз китоб фоҷеъаи инсон аст. Бидуни шак инсоне, ки бо китоб иртибот дорад, на танҳо донишманду пурдон, балки аз ҳар фишори зиндагӣ хам намехӯрад, чун пеши назар меорад, ки дар ин гуна мусибатҳо ё ҳолатҳо адибе чӣ гуфта ва ё қаҳрамони фалон румон чи гуна бо мушкилот бархӯрд мекард. Яъне, китобхон ҳамеша бо қаҳрамонҳоест, ки мешиносад.
Оила дар дар ташаккули ҳувияти миллӣ чӣ нақше метавонад бозад? Чаро ин масъала беш аз ҳар вақти дигар имрӯз муҳим шудааст? Оё метавон ифтихороти миллиро бидуни тарбияи солим дар хонавода таъмин кард?
Ин ғазали Лисонулғайб Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ дар маҳфили навбатии “Ҳофизхонӣ”, ки рӯзи 14-уми май дар Китобхонаи миллӣ баргузор гардид, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. 

