«Дар азал партави ҳуснат зи таҷаллӣ дам зад...»
Нашр шуд 2015-05-20 14:00
Ин ғазали Лисонулғайб Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ дар маҳфили навбатии “Ҳофизхонӣ”, ки рӯзи 14-уми май дар Китобхонаи миллӣ баргузор гардид, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Маҳфилро ин бор Директори Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Шарифи Исрофилниё гардонандагӣ кард. Дар атрофи ин ғазал, сохтусоз ва маъниву мундариҷаи он изҳори назар намуд ва ҳозиринро ба баҳс атрофи он кашид.
Дар маҳфил, ки ин бор бо ҳузури бештар аз чиҳил нафар устодон, донишҷӯён, ҳаводорони ашъори ноби Ҳофиз баргузор шуд, ҷонишини Директори Китобхонаи миллӣ Ҳуринриссо Ализода, шоир, муҳаққиқ ва пажуҳишгари маъруф Рустами Ваҳҳоб ширкат ва суханронӣ карданд.
Маврид ба ёдоварист, ки маҳфили “Ҳофизхонӣ” моҳе ду маротиба бо талоши шуъбаи баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир мегардад.