Забоншиносӣ

Суханҳои ҳикматомӯзи Президент дар бораи забон

Китобест, ки суханҳои ҳикматомези Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи забон гулчин кардааст.
Сарвари давлати тоҷикон беш аз ҳар каси дигар дар ғами тозагии забон аст ва дар ҳар суханрониву маърузаҳояш ба ин таъкид мекунад. Эмомалӣ Раҳмон ҳаммиллатонро ба омӯзиши пайвастаи забон даъват мекунад ва ҳамзамон ба бузургиву азамати забони модарӣ таъкид менамояд.
Касоне, ки ин китобро мутолиа мекунанд, мутмаъинан аз суханҳои ибратомӯз баҳра мегиранд ва муҳаббати онҳо ба забони модариашон беш мешавад.
Муаллифи сарсухан ва гирдоварандаи суханҳои ҳикматомези Эмомалӣ Раҳмон дар бораи забон Зафар Сайидзода аст ва ин китоб ба доираи васеъи хонандагон пешкаш шудааст.
Китобро аз ин ҷо метавонед мутолиа кунед.

“ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ГИРОМИДОШТИ ЗАБОНИ МОДАРӢ”

Ин китоб бо такмилу иловаву ихтисорот ду маротиба нашр шудааст ва муаллиф  муҳимтарин рукни фарҳанги миллӣ – забони тоҷикӣ  ва нақши созандаи он
дар эҳёи давлатдории навини тоҷиконро мавриди пажуҳиш қарор додааст. Зафар Сайидзода талош кардааст, ки дар атрофи суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи забон ва суханҳои ҳикматомези Сардори давлати тоҷикон ибрози назар кунад ва беҳтарину муассиртарин фармудаҳои Эмомалӣ Раҳмонро гирдоварӣ намояд, то барои наслҳо ба кор ояд.
Китоб куҳнагӣ нахоҳад дошт, чун ҳарф дар бораи забони модарӣ худ куҳнанашаванда аст. Чуноне муаллиф менависад: “Забон ҳам, ба монанди миллат, пир намешавад ва ҳар қадар солхўрдатар шавад, боз ҳам ҷавонтар, шодобтар ва нерумандтар мегардад, ба шарте, ки бо вай дар ниҳояти эҳтиёту зарофату назокат рафтор кунанд, онро дар ҳадди
муқаддасот гиромӣ доранд, барои покизагиву асолаташ талош варзанд, барои ҳифзи он аз «бемориҳо» ва хатарҳои доимӣ ва барои тақвият додан ба истиқлолияташ пайваста пайкор намоянд”.