“ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ГИРОМИДОШТИ ЗАБОНИ МОДАРӢ”

Ин китоб бо такмилу иловаву ихтисорот ду маротиба нашр шудааст ва муаллиф  муҳимтарин рукни фарҳанги миллӣ – забони тоҷикӣ  ва нақши созандаи он
дар эҳёи давлатдории навини тоҷиконро мавриди пажуҳиш қарор додааст. Зафар Сайидзода талош кардааст, ки дар атрофи суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи забон ва суханҳои ҳикматомези Сардори давлати тоҷикон ибрози назар кунад ва беҳтарину муассиртарин фармудаҳои Эмомалӣ Раҳмонро гирдоварӣ намояд, то барои наслҳо ба кор ояд.
Китоб куҳнагӣ нахоҳад дошт, чун ҳарф дар бораи забони модарӣ худ куҳнанашаванда аст. Чуноне муаллиф менависад: “Забон ҳам, ба монанди миллат, пир намешавад ва ҳар қадар солхўрдатар шавад, боз ҳам ҷавонтар, шодобтар ва нерумандтар мегардад, ба шарте, ки бо вай дар ниҳояти эҳтиёту зарофату назокат рафтор кунанд, онро дар ҳадди
муқаддасот гиромӣ доранд, барои покизагиву асолаташ талош варзанд, барои ҳифзи он аз «бемориҳо» ва хатарҳои доимӣ ва барои тақвият додан ба истиқлолияташ пайваста пайкор намоянд”.
Китоб барои омўзгорону донишҷўён ва доираи васеи дўстдорони каломи бадеӣ пешбинӣ шудааст. Онро метавон аз ин ҷо мутолиа кард.