Activities calendar

16 октября 2015

Густариши ахлоқи миллӣ-посух ба пайомадҳои манфии ҷаҳонишавӣ

Муаллифи китоби мазкур Зафар Сайидзода бар ин назар аст, ки яке аз рукнҳои саодат дар зиндагии инсоният ахлоқу маънавиёт аст ва агар инсон пероставу ороста бо маънавияёт ва хулқу атвори наку бошад, соҳиби як зиндагонии шоиста дар хонавода ва дорои мавқеъи устувор дар ҷомеа мегардад. Ба андешаи муаллиф масъалаҳои ахлоқиву маънавӣ дар ҳар замон аз аҳамияти фавқулодае бархўрдор ҳастанд, вале дар асру замони мо, ки асри печидагии робитаҳо, густурдагии рўбарушди иртиботот, авҷ  гирифтани фановарӣ ва тавсеаи иртиботот аст, дорои аҳамияти бештар мебошанд.
Ҳамаи ин ва боз чандин масоили дигар фарогири китобест, ки бо номи "Густариши ахлоқи миллӣ-посух ба пайомадҳои манфии ҷаҳонишавӣ" чоп шудааст ва бо он метавон аз ин ҷо ошно шуд.

Суханҳои ҳикматомӯзи Президент дар бораи забон

Китобест, ки суханҳои ҳикматомези Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи забон гулчин кардааст.
Сарвари давлати тоҷикон беш аз ҳар каси дигар дар ғами тозагии забон аст ва дар ҳар суханрониву маърузаҳояш ба ин таъкид мекунад. Эмомалӣ Раҳмон ҳаммиллатонро ба омӯзиши пайвастаи забон даъват мекунад ва ҳамзамон ба бузургиву азамати забони модарӣ таъкид менамояд.
Касоне, ки ин китобро мутолиа мекунанд, мутмаъинан аз суханҳои ибратомӯз баҳра мегиранд ва муҳаббати онҳо ба забони модариашон беш мешавад.
Муаллифи сарсухан ва гирдоварандаи суханҳои ҳикматомези Эмомалӣ Раҳмон дар бораи забон Зафар Сайидзода аст ва ин китоб ба доираи васеъи хонандагон пешкаш шудааст.
Китобро аз ин ҷо метавонед мутолиа кунед.

“Нақши сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рушди босуботи Тоҷикистон"

Китобест, ки соли 2012 нашр шудааст ва аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият нақл мекунад. Муаллифон Зафар Сайидзода ва Абдуқаҳҳор Холов кўшидаанд сиёсати созанда, мутавозин ва дурбинонаи Президент Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар рушду тавсеаи тамоми
соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар таҷассум гаштааст, дар мисолҳои равшан нишон диҳанд.

“ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ГИРОМИДОШТИ ЗАБОНИ МОДАРӢ”

Ин китоб бо такмилу иловаву ихтисорот ду маротиба нашр шудааст ва муаллиф  муҳимтарин рукни фарҳанги миллӣ – забони тоҷикӣ  ва нақши созандаи он
дар эҳёи давлатдории навини тоҷиконро мавриди пажуҳиш қарор додааст. Зафар Сайидзода талош кардааст, ки дар атрофи суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи забон ва суханҳои ҳикматомези Сардори давлати тоҷикон ибрози назар кунад ва беҳтарину муассиртарин фармудаҳои Эмомалӣ Раҳмонро гирдоварӣ намояд, то барои наслҳо ба кор ояд.
Китоб куҳнагӣ нахоҳад дошт, чун ҳарф дар бораи забони модарӣ худ куҳнанашаванда аст. Чуноне муаллиф менависад: “Забон ҳам, ба монанди миллат, пир намешавад ва ҳар қадар солхўрдатар шавад, боз ҳам ҷавонтар, шодобтар ва нерумандтар мегардад, ба шарте, ки бо вай дар ниҳояти эҳтиёту зарофату назокат рафтор кунанд, онро дар ҳадди
муқаддасот гиромӣ доранд, барои покизагиву асолаташ талош варзанд, барои ҳифзи он аз «бемориҳо» ва хатарҳои доимӣ ва барои тақвият додан ба истиқлолияташ пайваста пайкор намоянд”.