Бузургтарин нусхаи хаттӣ дар «Осорхонаикитоб»

Калонтарин ва нодиртарин нусхаи хаттии «Сияри шариф»-и Мавлоно Муинуддини Ҳиравӣ (1486-1556) дар «Осорхонаи китоб»-и шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудааст, ки бо ороиш аз нақшу нигораш диққати ҳазорон меҳмонони ватанӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб намудааст.
Ин нусха асари таърихӣ буда, аз шаш қисм иборат мебошад. Қисми аввали он «Дебоча» буда, қисми дуюм «Рукни аввал», қисми сеюм «Рукни сеюм», қисми чорум «Рукни чорум», қисми панҷум «Рукни панҷум» ва қисми шашум «Дар хатми китоб»номида шудааст.
Мундариҷаи «Сияри шариф» аз тараққуфи ҳазрати Одам то Ҳотам ва сифатҳои хосси онҳо, ба дунё омадани ҳазрати Муҳаммад (с) ва хислатҳои ў, даъвати хулафои Муҳаммад (с) барои тарафдорӣ аз дини Ислом, ҳамлаи араб ба  Мовароуннаҳр ва як қисми Осиёи Миёна баҳс менамояд.
Нусхаи мазкур, ки дар «Осорхонаи китоб» ба намоиш гузошта шудааст, соли 1289 ҳ.қ. (1872м.) дар Бухоро бо забони форсӣ – тоҷикӣ аз ҷониби Неъматулло Хоҷа ибни Мулло Миразими Бухороӣ бо хатти настаълиқ навишта шуда,  аз 1096 саҳифа иборат мебошад.
Асари мазкур комил буда, вазнаш 7 кг 440 грамм, дарозиаш 52 см ва бараш 29,5 см мебошад. Қоғазаш мўҳракардашуда, муқоваи болои он чарми сурхи хўрдашуда мебошад.
Қобили зикр аст, ки дар ҳар як варақи ин асар 29 сатр навишта шуда, гирдогирди матн бо зарҳал ҷадвал кашида шудааст. Варақи аввали ҳар як қисми асар бо лавҳаи тиллогини нақшунигордор ороиш дода шудааст.
Китоби мазкур дар дафтари инвенитарӣ таҳти рақами 380 ба қайд гирифта шудааст.

Раҷабалӣ Додихудоев,
Сардори шуъбаи дастхатҳои

Шарқ ва китобҳои нодир