Маҷаллаи илмӣ-амалии «Паёмномаи Ассамблеяи китобхонаҳои Авруосиё» (Вестник Библиотечной Ассамблеяи Евразии) яке аз маҷаллаҳои маъруфи соҳаи китобдорӣ дар байни кишварҳои ИДМ буда, муассис ва ношири он Китобхонаи давлатии Русия мебошад.
Маҷалла соли 1993 таъсис ёфта, аввал бо номи «Бюллетени иттилоотии Ассамблеяи китобхонаҳои Авруосиё» (Информационный бюллетень Библиотечной Ассамблей Евразии) нашр мешуд. Соли 2000 ҳамчун маҷаллаи илмӣ-амалӣ бо номи «Паёмномаи АКА» (Вестник БАЕ) чоп шуд.
Аз соли 2002 инҷониб бо номи «Паёмномаи Ассамблеяи китобхонаҳои Авруосиё» (Вестник Библиотечной Ассамблеи Евразии) дар як сол чор шумора интишор