Наврӯз дар Бадахшон

Наврӯзи Бадахшон, русуми ҷашн гирифтани Наврӯз дар баъзе манотиқи Бадахшон. Дар аксари маҳалҳои кӯҳистони Бадахшон ҷашни Наврӯзро бо ҳамин таъбир ёд карда, дар гузаштаи начандон дур он вобаста ба тақвими маҳаллӣ (ҳисоб аз рӯйи узвҳои одам, ҳаракати сайёраҳо, тулӯъ ва ғуруби офоб) дар се давр ҷашн гирифта мешуд. Ҳар яке аз ин давраҳо, пеш аз ҳама, муносибати мардумро ба замин, ба корҳои деҳқонӣ бозгӯй мекарданд.

Ибтидои ҷашни Наврӯз, ки дар забонҳои гурӯҳи шуғнонию рӯшонӣ бо истилоҳи «Хирпичор» ё «Хорпачор» (аз рӯи тақвими мардумии «Ҳисоб дар мард») ёд мешавад, дар охири моҳи январ, дар охири чиллаи калони фасли сармо баргузор мегардид. Ин рӯзро мардум бо хотири пайки баҳор – берун омадани «тафи замин» қайд мекарданд. Ин ойини суннатӣ ба яке аз ҷашнҳои мубораки мардуми ориёитабор – ҷашни Сада робитаи бевосита дошт. Баъди се ҳафта даври дуввуми тақвимӣ ҷашн гирифта мешуд, ки онро Рӯшону Бартанг бо номи таоми маросимӣ Батайём ва Боҷайём ва дар Шуғнону Роштқалъа бо номи Хирчизӯн (офтоб сари зону) низ ёд мекунанд. Дар қисме аз навоҳии кӯҳистони Бадахшон Батайём ё Хирчизӯн аз ҷашнҳои асосии наврӯзӣ буда, ҷашнгирии он се рӯз идома доштааст. Ин ид ба давре рост меояд, ки дар водиҳо «файзи баҳор» – боридани борон сар мешуд. Аз ин ба баъд мардум ба рӯфтани барфи рӯйи бомҳо сар мекарданд, поку тоза кардани тухмиҳои ғалладона, тармим кардану сохтани юғу сипору позаи он, аз оғилхонаҳо ба сари замини кишт кашонидани пору, барои шудгор омода кардани барзговҳо бо тамоми ҷидият сар мешавад. Ҳатто дар баъзе деҳоти болооби Бартанг ҳанӯз расме барқарор аст, ки тибқи он дар шаби авали Боҷайём, ҳангоми пухтани ин таоми наврӯзӣ юғу сипорчаҳо сохта, дар рӯбарӯйи дари даромади хонаи аҷдодӣ дар қабати поинии чорхона ё дар мобайни тирчӯби дувум меовехтанд. Даври севуми ҷашн ба фаро расидани моҳи  Ҳамал, дар бисёре аз минтақаҳои ин вилоят ба саршавии  кишти зироат рост меояд, ки онро дар Шуғнону Роштқалъа Хидирайём (иди калон ё иди идҳо), меноманд. Дар робита ба ҷашни асосии Навӯз дар баъзе маҳалҳои Шуғнону Рӯшон раждед (айнан: пал кашидан), хиҷзивест (ҷуфтбаророн), дар Вахон тухмнэсвак (тухмбаророн) ва дар навоҳии дигар ҷуфтбаророн ид карда мешавад.

 Бо вуҷуди якрангӣ ва монанди бархе аз расму ойинҳои марбути ҷашнгирии Наврӯз дар маҳаллу навоҳии кӯҳистони Бадахшон аксари русуми таомулҳои он вобаста ба муҳити ҷуғрофиёӣ, шароити таърихии ҳаёти моддӣ – иқтисодӣ, маишӣ – маънавӣ бо баъзе тафовутҳо иҷро мешуданд.

Бегоҳии бузурги Бървеҷ. Мардуми кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла сокинони деҳаи Ёгед (Дарвоз) дар тӯли сол ба Наврӯз омодагӣ мебинанд. Аз тамоми ҳосилоти зироат миқдоре «барои иди Наврӯз» гуфта, нигоҳ медоранд ва он анвоъро рӯзи ҷашн рӯйи дасторхон мегузоранд. Ду ҳафта қабл аз ҷашн ба тозаву сафед кардани боғу роғ, ҳавлию биноҳо, оташдону алавгаҳҳо шурӯъ мекунанд. Ҷавонони деҳа барои ҷамъоварии пуш (навъе аз бута) ба кӯҳдоманҳо мераванд, ки аз он дар шаби аввали Наврӯз гулханҳо фурӯзон мекунанд. Дар Ёгед Наврӯз ҳафт рӯз ҷашн гирифта мешавад. Бегоҳии пеш аз рӯзи авали ҷашн, ки онро бегоҳии бузургии Бървеҷ мегӯянд, мардум дар маркази деҳкада ҷамъ омада, якдигарро бо фаро расидани Наврӯз муборакбод ва хушиҳои рӯзгорро таманно мекунанд. Дар ин бегоҳ бо як миқдор орд, ки рамзи баракати неъмати моддӣ ва хушнудӣ аст, ба хонаҳои хешу ақрабояшон мераванд. Духтаракон мӯйҳояшонро ҷавакбофӣ мекунанд, ки он рамзи муҳаббати пок аст.

Дух – духи бор. Шаб аҳолии деҳаи Ёгед расмро, ки гӯё авҷ ё қуллаи ид аст, ба ҷо меоваранд. Хонаҳо тамоми шаб чароғону фурӯзон мебошанд. Сокинони деҳа бедорхобӣ кашида, мунтазири овозандозии ҷавонон мешаванд. Нисби шаб дар се маҳаллаи атрофии деҳа – Буниҷар, Минаду ва Сарду аз ҷониби ҷавонон оташ даргиронда мешавад ва онҳо гурӯҳ – гурӯҳ шуда, дар атрофии деҳа гашта:

Дух - духи боръм назана,
Пашаи буҳорум назана!

Гӯён овоз меандозанд ва мардумро ба гирди гулханҳо даъват мекунанд. Ҳангоме ки мардум дар гирди оташ ҷамъ меоянд, халифа (домулло) ва мӯйсафедони маҳалла низ ҳозир мешаванд ва мардумро ба фарорасии ид муборакбод карда, барояшон аз даргоҳи Худои мутаол дар соли нав тавфиқ ва хушиҳои зиндагиро дархост мекунанд. Баъдан таъкид мекунанд, ки аз рафтору кирдори бад ва зишт барҳазар бошанд, ба накукорию саховат ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ гараванд. Баъди поён ёфтани вазъу пандгӯии ашхоси муътабар одамон бо навбат аз болои алангаи оташ меҷаҳанд ва гӯё оташи муқаддас ҷурму гуноҳҳоеро, ки дар давоми сол содир кардаанд, пок мекунад. Дар ин шаб одамон гуноҳи ҳамдигарро бахшида, ба ҳамдигар туҳфаҳо тақдим менамоянд.

 С у р х г у з о р ӣ  ё  с ур х б а р о р ӣ расми дигари бархе аз мардуми кӯҳистони Бадахшон буд, ки то даҳ солаҳои авали асри 20 дар баъзе аз деҳаҳои Шуғнон ва Ишкошим иҷро мешуд. Марди хона ҳанӯз субҳ надамида, матои сурхранг гирифта боло бом мебаромад ва онро дар лаби равзан мегузошт. Зан дар ин маврид гӯсфандеро аз оғил оварда, дар наздаш гандум ё ҷав мемонд, ба нияти он ки дар он сол ҳайвоноташон ҳамеша серу пурмахсул бошанд ва ҳосили ин зироатҳо фаровон гардад. Дар баъзе деҳаҳо дар ин маврид дар назди гӯсфанд об, алаф ва ягон навъи ғаладона мегузоштанд ва фол медиданд, ки гӯсфанд ба кадоме аз ин се чиз аввал майл кунад, ҳамон сол он чиз фаровон мешавад. Баъди анҷоми ин амал ва тановули субҳона асбобу анҷоми хонаро берун мебароварданд, дар хона модар ва як духтар монда, ба тоза кардани гарду ғубор ё ки дудаи хона сар мекарданд.

 Дар баъзе деҳаҳои ин навоҳӣ баъди «сурхбарорӣ» барои поку тоза кардан тамоми асбобу анҷоми хонаро берун мебароранд. Мард аз маводди пешакӣ омодашуда чаҳор ҷорӯб – ду ҷорӯб бо чубдаста («савораҷорӯб») ва ду ҷоруби бедаста («пиёдаҷорӯб») баста, онҳоро аз равзан ба даруни хона мандозад. Бо «савораҷорӯб» шифту деворҳо ва бо «пиёдаҷорӯб» фарши хонаро мерӯбанд, яъне хонаро «дуда мезананд». Қариб дар ҳамаи навоҳӣ баробари тоза кардани шифту деворҳои хона рӯйи тирчӯбу сутунҳо бо гарди орд расми офтобу моҳтоб ва ситораҳо, дар деворҳо, бахусус дар девори тарафи аловмони хона сурати молхона бо бузу гӯсфанд ва дар ҷо-ҷойи атрофии он расми нахчир мекашанд. Баъди анҷом додани «дудазанӣ» ва рӯбучини пойгаҳу суффаҳои хона хокрӯба ва хокистарро берун аз ҳавлӣ меандозанд. Ҳангоми аз хона бароварда андохтани хокрӯба кассе набояд аз пеш барояд. Баъд аз ин кадбонуи хона бо ёрии фарзандони болиғ асбобу анҷоми хонаро ба хона дароварда, ҷобаҷо ва таоми субҳонаро омода мекунад. Аз ин пас бо навдаҳои бед (маъмулан, ҳафт адад бояд бошанд ва «махак» (нахӯдак) ном доштанд) аз паси марди хона ва фарзанди хурдиашон дохили хона шуда, «Шогуни (шогун) баҳор муборак» мегӯянд ва кадбонуи хона «Ба рӯйи шумо муборак» гуфта, ба китфи ҳар яки онҳо гарди орд (рамзи сафедӣ) мепошад.

 П и ч и р у м ч  ё  к и ш ӣ. Дар деҳаҳои Шуғнону Роштқалъа ва баъзе деҳаҳои навоҳии дигар баъди аз ҷониби модар яке аз духтаронаш аз сиёҳии дуд ва чангу гард тоза кардани дохили хона тамоми асбобу анҷом покиза ва таконда мешаванд, мард «махак» дар даст, ки пешакӣ онро аз навдаи зарбед гулбурӣ кардааст, «Бисмилоҳи-р-раҳмони-р-раҳим» ва «Шогуни баҳор муборак»-гӯён дохили хона мешаванд ва кадбонуи хона «Ба рӯйи шумо муборак» гуфта, ба китфаш гарди орд мепошад. Мард «махак»-ро байни вассаҳои тирчӯби пешгаҳи дари ҳона гузошта, аз таомҳои наврӯзӣ кам-кам мечашад. Пас аз ин тамоми аҳли хонавода вориди хона шуда, дар атрофи дасторхони идона гирд меоянд. Баъди тановули таом пухтани таоми маросимӣ – боҷ шурӯъ мешавад. Каллаву почаи гӯсфанд барои наврӯзӣ забҳшударо дар бухордег (маъмулан сафолӣ буд) дар хокистари лахчадор то гулӯгоҳаш гӯр мекунанд. Каллаву поча маҳин-маҳин тамоми шаб меҷӯшанд ва наздикиҳои саҳар ба он қадре гандум (дар баъзе ҷойҳо гандуми нимкӯфта) меандозанд. Тамоми шаб, аз лаҳзае, ки пухтани боҷ шурӯъ мешавд то лаҳзаи таҳорат барои намози бомдод, пичирумч эълон мешавад. Яъне  дар ин муддат аз хона баромадан ва ё аз берун ба хона ворид шудан мамнӯъ аст.

 Дар Рӯшону Бартанг аз ғуруби офтоби арафаи Боҷайём ё Батайём, ки аз иди асосии Наврӯз мебошад, то тулӯи офтоби рӯзи авали ид пичирумч (дар ин ҷойҳо тарзи талаффуз чунин аст) барқарор мешавад. Пичирумч баъди пеш аз тулӯи офоб бо дуову таманниёти хайр ба хона омадани марде (яке аз ҳамсояҳо ва ё аз хешони наздики покниҳоду некқадам) хотима меёбад.

 Н и ш о н а и  д а в л а т. Дар деҳоти Вахон (Ишкошим) ва дигар ноҳияҳо пас аз тановули таоми субҳона марди хона бо фарзанди хурдӣ (писарбача) берун баромада, хареро (нишонаи давлат) пайдо карда, болояш палос мепартоянд ва писарбачаро савораш карда, бо дуову таманиёт дохили хона мешавад. Кадбонуи хона ба онҳо гарди орд пошида, пеши хар хамири аз орди махсус тайёркада мегузорад. Баъди «ҷавоб» шудани хар яке аз ҳамсояҳо, ки нияти неку қадами муборак дорад, вориди хона мешавад. Кадбону вайро зиёфат карда, бо туфае гусел мекунад. Аз ин пас ба пухтани таомҳои гуногуни наврӯзӣ сар мекунанд ва ба хонаҳои ҳамдигар рафтуомади хешону наздикон, ки онро «хонагаштак» мегуянд шурӯъ мешавад. Ба хонаи ҳамдигар рафта, қаблан «Лос-лоси (баракати) баҳор муборак» гуфта, дуои «Фатҳӣ кор, футуҳи рӯзгор, мубораки шугуни баҳор, аз як дона ҳазор, аз ҳазор бешумор, ба дами Ҳайдари Қаррор, Аллоҳу акбар»-ро вирди забон мекунанд. Баъди пешини рӯзи аввали ҷашни Наврӯз маросими «Тухмнезд-/ вак» (Тухмшинонӣ – Ҷуфтбарорӣ) барпо мегардад. Дар маҳалҳои навоҳии дигар, ки барф аз рӯйи зами рафтааст, дар ҳамин рӯз ба кишти зироат сар мекунанд.

 Ҳ о й р а в а к у   о р д г и р а к. Дар рӯзи аввали ҷашни Наврӯз дар Ёгед мардум аз хурд то калон либосҳои наву тозаро ба бар мекунанд ва махсусан духтарон ба нишони фасли баҳор ва рамзи сарсабзию хуррамӣ либоси сабз ранг мепушанд. Дар чан ҷои деҳа «ҳой» – арғунчакҳо баста, «ҳойравак» мекунанд. Бегоҳии он рӯз расми «ордгирак»-ро ба ҷо меоваранд. Духтаре, ки «ордгирак» интихоб мешавад, дар хонааш барои ҳамсолон зиёфат ташкил медиҳад. Духтарон дар мавриди ба ҷо овардани «ордгирак» либоси сафед мепӯшанд, ки он рамзи хушбатӣ ва бахти сафедро ифода мекунанд.

 Дар деҳаи Кӯҳи Лаъл (Ишкошим) ва ҳамсоядеҳаҳо ҳамон бегоҳ бо маслиҳати ҳамдеҳагон дар яке аз хонаҳои ашхоси муътабар гирд меоянд. Якҷо зиёфати наврӯзӣ, базму бозӣ, сурудхонӣ ташкил мекунанд. Саҳари барвақт, рӯзи дувуми ид кадбонуи хона аз хоб хеста рӯймоли сурх ба сар андохта, сари чашма меравад. Ӯ дар оби чашма дасту рӯй шуста, аз зери об сангрезаҳо ва аз атрофи он майсаҳо чида ба зарфе меандозад ва дар зарфи дигар оби чашма гирифта, ба хона меояд. Зарфи обро рӯйи долони даҳлез монда, болои бом мебарояд ва сангрезаҳову майсаҳоро аз равзан ба даруни хона меандозад. Сангрезаҳо ва майсаҳоро дар поёни иди Наврӯз аз фарши хона чида, ба ҷойе, маъмулан, ба зери дарахти калони тут ё арча бурда мерезанд. Ҳар яке аз ин ашёи табиат рамзи бақо, нумӯ ва сарсабзии рӯзгорро ифода мекунад.

С а л о м  -  с а л о м  ва  о с т о н б а р о ӣ. Дар аксари навоҳии кӯҳистони Бадахшон  дар рӯзи нахусти ид баъди анҷоми поккорӣ ва тоза кардани хонаҳои аҷдодию асбобу абзори рӯзғор ба пухтани таомҳои наврӯзӣ сар мекунанд ва ин кор дар бархе аз маҳалҳо то субҳи рӯзи дигар идома меёбад. Дар рӯзи дувум мардум расми «Салом- салом»-ро ба ҷо меоваранд. Аҳли хонавода бо таомҳои наврӯзӣ ба хонаҳои ҳамдигар, махсусан, назди бузургсолон ва ашхоси муътабари маҳалла рафта, бо салому пйғоми наврӯзӣ эҳтироми онҳоро ба ҷо меоранд. Дар Рӯшон ва дар баъзе маҳалҳои Шуғнон дар ин рӯз сокинони деҳа аз хурд то калон  дар назди ҷойҳои муқаддас – остон ҷамъ омада, то бегоҳ Наврӯзро бо хушию хурсандӣ, бо базму бозиҳои гуногуни анъанавӣ қайд мекунанд ва ин рӯзро  «Остонбароӣ» («Остоннахтид») мегӯянд. Дар рӯзи севум, агар деҳа калон ва аҳолиаш бисёр бошад, аҳли ҳар маҳалла бо хӯроки наврӯзӣ дар ҳавлии яке аз ашхоси муътабар гирд меоянд, ки ин рӯзро «Боғбароӣ» мегӯянд. Баъди пешини ҳамин рӯз дар аксари маҳалҳои навоҳии кӯҳистони Бадахшон барои соати хайр (мавриди муносиб барои шурӯъ ба кишти зироат) ҷуфти говро ҳозир карда, ба онҳо «забонаки гов» (нони махсус барои говҳо) хӯронда, ба шоху гарданашон равған молида, юғу сипор мебанданд ва марди некниҳоду некқадам (шогунӣ), ки дар бархе аз деҳаҳои Рӯшон онро бункуғай ва дар деҳаи Баҷув (Рӯшон) дурҷи (аввалин сокини ин деҳаҳо) мегӯянд, бо дуои халифаи маҳал ё Бобои Деҳқон (аз ашхоси муътабар) донаҳои навъе аз ғаладонаро ба замин мепошад ва ду-се ҷӯяк заминро шудгор мекунанд. Бо ҳамин ба кишти зироат шурӯъ мекунанд.

Ҳоло қисме аз расму таомулҳои мансуб ба ҷашни Наврӯз дар рӯзгори мардум нигоҳ дошта шуда бошад, қисми дигари онҳо аз байн рафта, бархе аз онҳо дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз дар ҷойҳои махсус, ки барои чунин маросиму идҳои суннатии умумихалқӣ таҳия шудаанд, ба тариқи намоишҳои саҳнавӣ ба ҳозирин пешниҳод мешаванд.

Баргирифта аз китоби «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» (қисми дуюм) ки соли 2017 аз ҷониби Сарредаксияи Энсиклопедияи Миллии Тоҷик чоп шудааст.

Таҳияи Диловар Солиев,
мутахассиси шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар