Намоиши китоб ба истиқболи Рӯзи кинои тоҷик
Нашр шуд 2017-10-11 16:51
Ба истиқболи рӯзи сенамои тоҷик Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ намоиши китоб ташкил кард. Аксари ин китобҳо пажуҳишӣ буда, дар солҳои мухталиф интишор ёфтаанд.
Хонандагону пажуҳишгарон метавонанд аз Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар оид ба сайри таърихии сенамои тоҷик, беҳтарин ҳунармандони кино, филмҳои солҳои гуногун ва ғайра аз ин намоиш китоб пайдо ва мутолиа намоянд.
Бо талоши кормандони шуъба ҳоло китобҳое чун “Энциклопедия кино Таджикистана”, “Таджикское кино 1964-1974” (муаллиф А.Аҳроров, “Документальное кино в культуре таджиков ХХ века” (Ш.Арабова), “Таджикскому кино – 50 лет: О путях развития, таджикского кино и его традициях” (муаллифон Саидов Ш.С., Қиёмов Л), “Таджикский экран”: О фильмах и людях, совершениях и поисках, примечательных событиях и буднях таджикского экрана, “Экранизация в таджикском кино: О киноискусстве и телевидение” (муаллиф Ҳазрат Маҳмадқулов), Хошим Гадо, «Мой Сухроб»: Книга воспоминание народного артиста СССР, профессора, кавалера «Звезды Президента» Хошима Гадо об исполнении им роли Сухроба в театре и в кино, “Ато Муҳамадҷонов” (муаллиф Н.Нурҷонов), рисола бахшида ба зиндагинома ва фаъолияти эҷодии ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ато Муҳаммадҷонов, “Дурахши кинои тоҷик”: Дар бораи мақолаҳои солҳои гуногун, маводҳо ба таърих ва ҳаёту фаъолияти поягузорони кинои миллӣ ва онҳое, ки бо кинои тоҷик ҳамкорӣ доранд. (Муаллиф Тилло Некқадамов,), “Муҳаммадҷон Қосимов” (муаллиф Низом Нурҷонов), “Розу ниёзи Марям” - ба 55-солагии фаъолияти эҷодии Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Марям Исоева ва 85-солагии Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ, “Нури парда”- Дар бораи синамои тоҷик.(Муаллиф С.Раҳимов), “Носир Ҳасанов” -очерк дар бораи фаъолияти пайваста дар саҳнаи театру саҳнаи зиндагӣ ва ҳунари хосаи Ҳунарманди Халқии Тоҷӣкистон Носир Ҳасанов (муаллиф А.Ховар), “Санъати кино”, "Хизмати кино ба одамон”-дар бораи пайдоиши кино (муаллиф А.С Фёдоров), “Дубляж ва артистони кино”- дар бораи сирру асрори санъати кино (муаллиф Қ.Олимов) ба намоиш гузошта шудаанд.
Мадина Шокирова,
мутахассиси Шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар