Activities calendar

05 октября 2017

Забони модари ман

Иди забонро ҳамчун бузургтарин руйдоди даврони Истиқлолият ва давраи эҳёи забони тоҷикӣ баҳо додан мумкин аст. Воқеан, ҳам забон гаронбаҳотарин ихтирооти инсон аст, ки тавассути он одамон бо ҳам муомила мекунанд, бо зиндагии мардуми дигар ошно мегарданд ва таҷрибаи зиндагии худро  ба наслҳои оянда мерос мегузоранд.

Этикаи касбии китобдорон

Мутахассиси соҳа Ситораи Абдумуминзода бахшида ба  мавзуъи мазкур таваҷҷуҳи бештар  зоҳир намуда  китоби «Этикаи касбии китобдор»-ро нашр намудааст. Китоб  барои  донишҷуён,  омўзгорон  ва  кули  мутахассисони  риштаи  китобдорию  итилоърасонӣ  хеле  муфид  хоҳад  буд.

Ташаккули  одоби  касбии  китобдори   яке  аз мавзуҳои  муҳими  назарияи   китобхонашиносӣ  ба  шумор  меравад.  Пешрафти  кори  китобхона пеш аз  ҳама  аз муносибати  китобдор  бо  хонанда  вобаста  аст. Китобдор дар муҳити  китобхона ниҳоят шахси  масъулятнок  аст ва бояд, ки  ба ин масъала

Паёми телевизионии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, яъне забони шоиронаву шевои тоҷикӣ, ки онро султони суханварони Аҷам устод Рӯдакӣ «тараббахши рӯҳу фараҳафзои ҷон» номидааст, самимона табрик мегӯям.

Иди забону Рӯзи забон хуҷаста бод!

Инак, боз 5-уми октябр фаро расид. Рӯзи забони давлатӣ, рӯзе, ки ба феҳристи ҷашнҳои миллӣ ворид гардидааст. Шояд хонандагони арҷманд медонанд, ки  Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи даҳуми Совети Олии РСС Тоҷикистон 22-юми июли соли 1989 қабул гардида, тайи 20 сол ҳамасола дар саросари кишварамон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешуд. Аммо баъдан ин сана, яъне Рӯзи забон аз 22 июл ба 5 октябр кӯч дода шуд.

Чаро?

Аввалан, 22-юми июл ба давраи таътили тобистонаи ҳамаи зинаҳои муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ва рухсатии аҳли маорифу фарҳанг, зиёиён ва кормандони муассисаву