Иди забону Рӯзи забон хуҷаста бод!

Инак, боз 5-уми октябр фаро расид. Рӯзи забони давлатӣ, рӯзе, ки ба феҳристи ҷашнҳои миллӣ ворид гардидааст. Шояд хонандагони арҷманд медонанд, ки  Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи даҳуми Совети Олии РСС Тоҷикистон 22-юми июли соли 1989 қабул гардида, тайи 20 сол ҳамасола дар саросари кишварамон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешуд. Аммо баъдан ин сана, яъне Рӯзи забон аз 22 июл ба 5 октябр кӯч дода шуд.

Чаро?

Аввалан, 22-юми июл ба давраи таътили тобистонаи ҳамаи зинаҳои муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ва рухсатии аҳли маорифу фарҳанг, зиёиён ва кормандони муассисаву ташкилотҳо рост меомад, ки маҳз иштироки ин қишрҳои ҷомеаро дар ин ҷашни умумимиллӣ ғайриимкон мегардонд. Баъдан, муқаррарот ва меъёрҳои Қонуни забони давлатӣ барои таъмини мукаммали эҳтиёҷу талаботи ҷомеа ба сифати забони давлатӣ дар умури сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, эҷоди қонуну санадҳои меъёрӣ, илму маориф, фарҳанг ва робитаҳои дохиливу байналмилалӣ қонеъкунанда набуд.

Ва ниҳоят, Қонуни айни замон мавриди амал қарордошта меъёрҳои истифодаи дигар забонҳо, аз ҷумла забонҳои ақаллиятҳои миллии сокинони кишвар ба инобат гирифта нашуда буд. Аз ин рӯ зарурате пеш омад, ки  Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қаул шавад. Ин қонун дурнамои рушди забони давлатиро дар асоси меъёрҳои муқарраргардида дар иртибот бо вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ, аз ҷумла меъёрҳои истифодаи дигар забонҳо дар шароити кунунии муносибатҳои дохилӣ ва хориҷии кишвар танзим ва муқаррар менамояд.

Профессор Абдусаттор Абдуқодиров бар ин назар аст, ки  Забон дар ҳамаи давру замонҳо як рукни давлатдорӣ буд. Аз рӯйи диди сарварони давлат ба забон ҳадафҳои сиёсӣ муайян мегардид. Нуқтаи назари сарвар ва ходимони давлатӣ ба мақоми забон дар ҷамъият, тадбирҳои давлатӣ оид ба амали забонҳо ва роҳу усулҳои иҷрои он тадбирҳо сиёсати забонро дар мамлакат фароҳам меорад.

Ин иддаоро таҷрибаи таърихии Тоҷикистони тозаистиқлол собит кард, зиёда аз он бо бурҳону далелҳои воқеӣ ғанитар намуд. Падидаи Тоҷикис-тон дар бобати ҷойгоҳи иҷтимоию сиёсии забон дар давлатдорӣ аз он чӣ дар боло тазаккур ёфт, ғанитар аст. Он дар гузоришоти Сарвари давлати мо бисёр-ҷабҳа, яъне дар робита бо таърихи миллат, дар давлатдорӣ, ташаккули маънавияти ҷомеа, ифтихори миллӣ, масъалаҳои бузургдошт, тозаву беолоиш маҳфуз доштани забони модарӣ маънидод мешавад.

Гузашти солҳо нишон доданд, ки мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ зарурати таърихӣ буд. Чаро? Профессор Абдуқодиров дар идомаи ин суол ба ду суоли дигар посух медиҳад: Дар воқеъ, чаро забони тоҷикӣ ба мақоми давлатӣ бардошта шуд? Он дар қисмати халқи тоҷик чӣ нақши боризе дорад?  Ва посух:

-забон ва таърихи халқ бо ҳам алоқаи ногусастанӣ доранд, бахусус таърихи қадимаи халқи мо аз рӯйи далелҳои забонӣ маънидод шудаанд;

-забони тоҷикӣ василаи маҳфуз доштани мероси гаронбаҳои маънавии беш аз ҳазорсолаи халқи тоҷик аст;

-забони модарӣ дар таърихи тӯлонӣ дар муборизаҳо бо аҷнабиён ҳамеша муттаҳидгари халқи тоҷик буд;

-дар забони модарӣ ҳофизаи халқ, ҷаҳони маънавӣ, меъёр-ҳои ахлоқии халқи тоҷик нигоҳ дошта шудааст;

-забони модарӣ яке аз чаҳор аломати шинохти миллати тоҷик мебошад.

Иди забону Рӯзи забон ба ҳамагон хуҷаста бод!

Шаҳло Раҳимова