“Достонҳои дилангез аз «Бўстон»-и Шайх Саъдӣ”
Нашр шуд 2016-03-29 21:52
Ин китоб дар Хуҷанди бостон нашр шудааст ва мураттибонаш мегӯянд чароғи раҳнамоест, ки аз равғани андешаи муаллими бузурги инсоният - Шайх Саъдӣ мунаввар гаштааст. «Достонҳои далангез аз Бўстон»-и Шайх Саъдӣ» барои ҳамагон, чӣ пиру чӣ ҷавон, фоидаҳои фаровон дорад.
Раҳнамои судмандест барои худшиносии инсон ва дарёфту пизириши маърифату ахлоқи нек.
Шайх Саъдӣ аз шоирони маҳбуби ҷаҳон аст ва тарҷумаҳои осораш, аз ҷумла “Гулистон” ва “Бӯстон” ба забонҳои мухталифи аврупоӣ ва осиёӣ арза шуда ва низ ғазалиёт ва қасоиди ӯ ба маҳофили адаби Мағрибу Машриқ роҳ ёфтааст.
Мегӯянд вақте аввалин бор “Гулистон” ва “Бӯстон”-и Саъдӣ ба забони лотин тарҷума шуд, яке аз кашишони масеҳӣ пас аз мутолеаи он чунин тасаввур карда буд, ки ин китоб мутаъаллиқ ба яке аз паёмбарони Бани Исроил аст, ки асараш тоза пайдо шудааст.
Осори Саъдӣ дар Ғарб дар маҷмӯаи китобҳои муқаддас ба табъ расида ва пайваста мавриди ситойиш ва манбаи илҳоми бузургони Мағрибзамин будааст.
Ҳенри Дэвид Суру, шоир ва нависандаи бузурги амрикоӣ низ аз ситойишгарони Саъдӣ буда ва ӯро дар канори Шекспир ва Донте ва Ҳомер ва дар шумори шоироне қарор додааст, ки суханонаш пайваста тоза ва бо тароват аст.
Ин қазоватҳо нишони дурусте аст аз ин ки аҳаммияти Саъдӣ чунон ки баъзе аз муҳаққиқони муосир гумон бурдаанд, танҳо ба забони фасеҳ ва сеҳри каломи ӯ нест, балки чунон ки худи Саъдӣ ишора карда, он забони ҷовидонӣ танҳо ниқобе аст бар чеҳраи шоҳиди зеборӯйе, ки мақсуд ва маҳбуби ӯст.
На суратест музахраф сурудаи Саъдӣ,
Чунон ки бар дари гармоба мекунад наққош.
Ки бурқаъе мурассаъ ба лаълу марворид,
Фурӯ гузошта бар рӯйи шоҳиди ҷаммош.
(Баргирифта аз китоби “365 рӯз бо Саъдӣ” ба қалами Ҳусайни Илоҳии Қумшаӣ)