Чанд иқтибос аз гуфтаҳову навиштаҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи занону модарон.
Чун имрӯзҳо дар ҷомеаи муосир беэҳтиромиву беқадриро нисбат ба зан-модар қариб ҳар рӯз дар радиову оинаи нилгун мебинему мешунавем ва ё дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва шабакаҳои интернетӣ мехонем, воқеан ҷойи таассуф аст, ҳатто боварнокарданист.
Зан - Модар бо як умед ва машақатҳои зиёди даврони бордорӣ, ки ин дарду азобашро танҳо модар худ медонаду эҳсос мекунад, фарзанд мезояд то чароғи пайраҳаи зиндагиаш...
Бо ҳамин номи рамзӣ дуввумин чорабинии Китобхонаи миллӣ бахшида ба Рӯзи модар баъди зуҳри рӯзи шанбе дар толори ошёнаи дуввум баргузор шуд. “Суҳбати гулҳо”, яъне бонувони ҳунарманду суханвар гирди ҳам омаданд, то дар ин фархундарӯзҳои баҳорӣ таманиёти баҳории худро баён доранд. Директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Назарзода бо хайрамақдам аз ҳузури меҳмонони маҳфил дар бораи мақоми зан дар ҷомеа ҳарфҳои шунидание гуфт. Вай иброз дошт, ки гул ин худ рамзи муҳаббату саодат аст ва бонувон низ рамзи ишқу баҳоранд. Директори Китобхонаи миллӣ ҳамчунин гуфт,