Activities calendar

06 марти 2016

Олимони худро бишносем: Саидалӣ Муҳиддинов

Китобдори шинохта, дорандаи ордени «Шараф» дараҷаи 2, медал¬ҳои Иттиҳоди Шўравӣ ва Ҷумҳурии Афғонистон, Аълочи маорифи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, узви Шўрои ҳимояи рисолаҳои доктории Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви  вобастаи Академияи мусаввирии Тоҷикистон, узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих Саидалӣ Муҳиддинов 3 марти соли 1956 дар шаҳри Душанбе таваллуд ёфтааст.
 Соли 1977 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсун¬зодаро  ба итмом расонида,  солҳои 1977-1979 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ хизмат кардааст.