Сафири Фавқулода ва Мухтори Давлати Қатар Алӣ бин Муборак Алмуӣаннадӣ ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташриф овард. Дар ҷараёни боздид вай аз осорхонаи шуъбаи дастхатҳои шарқ ва китобҳои нодир, толори намоишгоҳи китобҳои тозанашр ва дигар толорҳои Китобхона дидан кард. Дар мулоқот бо роҳбарони Китобхона масоили рушди ҳамкории Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо китобхонаҳои Давлати Қатар баррасӣ шуд. Зимни суҳбат ҳамчунин...
Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бахшида ба «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» нишасти илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Наврӯз таҷассумгари ҳунарҳои миллӣ» баргузор гардид. Дар нишаст зиёда аз 60 нафар олимону муҳаққиқон ва мутахассисону рўзноманигорон иштирок намуданд.
Маҳз таваҷҷуҳи пайгиронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва мардумӣ буд
Барномаи фарҳангӣ-фароғатии телевизионии «Фурўғ» дар толори бахши кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ наворбардорӣ шуд. Дар ин барнома дар бораи асари пурмазмуну тарбиявии «Тобистон» - и нависандаи шинохта Пулод Толис сўҳбати хотирмоне баргузор гашт. Дар оғози барнома порчаи телевизионие аз лаҳзаҳои шиносоии каҳрамонҳои асари мазкур Ҳасан ва Қосимҷон намоиш дода шуд. Сипас, барандаи барномаи «Фурўғ» Умед Ҷумаев аз иштирокчиёни